logo

порлумон

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ БАРОИ СОЛИ 2017 ҚАБУЛ ГАРДИД

«Имрӯз - 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст таҷлил мегардад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1992 интихоби роҳбари нави давлати  соҳибистиқлоли Тоҷикистон, Президенти кунунии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта буд, ки дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатӣ мо ба дурустии он интихоби таърихӣ борҳо итминон ҳосил кардем. Маҳз дар ҳамин рӯз Сарвари муаззами давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири истиқрори сулҳи сартосарӣ, эҷоди Ваҳдати миллӣ ва таъмини ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон масъулияти бузурги таърихиро ба дӯш  гирифт. 
 
Пайдо шудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвими кишвари мо тасодуфӣ нест. Ин ҷашн зодаи дигаргуниҳои мусбати давронсоз дар таърихи давлату давлатдории тоҷик мебошад, ки бидуни шакку шубҳа ба номи Эмомалӣ Раҳмон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвандии ногусастанӣ дорад. Ин ҷашн шаҳодати равшани сипосу эҳтироми мардум ба хидматҳои фидокоронаи Президенти худ аст, ки мутма-инем ба ӯ дар талошҳои минбаъда барои хушбахтии миллат ва шукуфоии давлат неруи тоза мебахшад». Ин суханҳои самимӣ дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, аз ҷониби Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон садо дод, ки бо чапакзании пурмавҷи давомдори вакилон истиқбол гардид.
Сипас, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018 - 2019  мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қурбониён Абду-салом, вазири молияи кишвар, иброз дошт, ки он дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ко-дексҳои андоз ва гумрук, Фармоиши Ҳукумати мамлакат, аз 19 январи соли 2016 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2019» таҳия гар-дида, пеш аз ҳам афзалиятҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пе-швои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, аз 20 январи соли 2016 бармеоянд, ба инобат гирифта шудааст. Назар ба гуфтаи вазири молия, дар таҳияи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз рӯи афзоиши воқеӣ ба андозаи 7,0 фоиз ба маблағи 58,9 миллиард сомонӣ, индекси дефлятори ММД  2,3 фоиз, меъёри тавар-рум  7,0 фоиз ва қурби миёнаи солонаи пули миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ 9,16 сомонӣ муайян карда шудааст. Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ба маблағи 19568,6 миллион сомонӣ ё 33,2 фо-изи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба буҷети соли 2016 ба андозаи 9,6 фоиз ё 1712,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии ха-роҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 19863,2 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 33,7 фоизро ташкил медиҳад ва нисбат ба буҷети соли 2016 - ум 1718,7 мил-лион сомонӣ зиёд мебошад. 
Мавсуф зикр кард, ки дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ ба маблағ-гузории соҳаҳои иҷтимоӣ афзалият дода шуда, ҳаҷми умумии хароҷоти он ба 9093,3 миллион сомонӣ баробар буда, афзоиш нисбат ба буҷети соли 2016 - ум 961,7 миллион сомонӣ (11,8 фоиз), яъне 45,8 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад. 
Дар соли 2017 касри буҷети ҷорӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ан-дозаи 0,5 фоиз ё 294,5 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Манбаъҳои пӯшондани он аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ, даромад аз фурӯши векселҳои хазинадорӣ, иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва аз ҳисоби фоизи депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, қарзҳо (грантҳо) аз ташкилотҳои бай-налмилалии молиявӣ дар назар аст.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.11.2016    №: 227-228    Мутолиа карданд: 8850

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед