logo

сиёсат

ҲАДЯИ БУЗУРГИ ТАЪРИХ

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори бисёр муҳимеро қабул кард, ки  тибқи он дар баробари гиромидошти Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи ваҳдати миллӣ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами миллӣ, Рӯзи забон, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва як қатор санаҳои таърихӣ ҳар сол 16  ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашнҳои милливу давлатӣ  ҷанбаи тарбиявӣ дошта, пеш аз ҳама ба худогоҳии мардум нигаронида шудаанд. Ҳамон гуна ки Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷики-стон бо як тантана таваҷҷуҳи ҳамдиёронамонро ба муқаддас донистани истиқлоли-яти кишвар, озод будани мардумонаш аз банди бегонагон ҷалб мекунад, ё ҷашни Наврӯз, ки биниши мардумро ба арҷгузории ойину кешҳои ниёкон, парвариши зебоӣ, нигаҳбонии хуррамиву сарсабзии замини падарон, равона месозад, ҷавҳари ҷашнгирии Рӯзи Президент, ба гумони мо, он аст, ки ҳамдиёрон ба манзалати сарвар доштан дарбираванд. Хурду бузург ин ҳикматро дар андешаи хеш ҷой бидиҳанд, ки миллати солиму саломат бе пешво наметавонад ваҳдатро, ки устувонаи ҳастии мил-лат аст, ба даст оварад. Содаандешон бар он боваранд, ки сарвари давлат будан душворие надорад. Бехабар аз он, ки ҳанӯз Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» -  и безаволаш сарвариву шоҳиро аз бандагӣ ҳам душвортар шуморидааст ва касоне, ки шоҳиро осон мепиндоранд,  онҳоро бедонишу нодон хондааст:
В – агар шоҳӣ осонтар аз бандагист,
Бар ин дониши ту бибояд гирист.
Аммо дар рӯзгороне,  ки ҷаҳон ба истилоҳи классикон, саросар пургазанд аст, миллатеро ҷамъ оварда, ба водии мурод расондан, сарварии шахсиятеро мехоҳад, ки дар сиришти худ ғаризаи таҳлилии ғайриодӣ, иродаи матину устувор, биниши бохирад, гавҳари суханро аз дарёи пурошӯби мантиқ берун бароварда тавонистан, ба дили даҳҳо соҳибдавлатони худбузургбин роҳ пайдо кардан ва садҳо ҳунари ди-гари аз оҳангархонаи  давлатдорӣ берун баровардаро дошта бошад. Сарнавишти пурпечутоб мардуми моро дар асри ошуфтагиҳои сиёсиву иҷтимоӣ ноумед нагар-донд, ки фармони киштии умедро абармарди донову тавоно муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дасти худ гирифт ва дар як замони кӯтоҳ бо доштани арзишҳои ёдшудаи сарварӣ миллати ба бодияи раҳгумӣ кашидашударо ба соҳили наҷот расонд. 
Мавриди ёдоварист, ки ҷашнгирии Рӯзи Президент дар давлатдории ҷаҳон пешинаи таърихӣ дорад. Ҳанӯз соли 1782 бошандагони иёлати Вирҷинияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зодрӯзи Президенти нахустини ИМА Ҷорҷ Вашингтонро ҷашн гирифтанд. Ҳамон сол дар як қатор иёлоти дигари Амрико зодрӯзи Президенти аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳонидаи мардум Авраам Линколнро ҷашн гирифтанд. Аз ибтидои асри XIX ин ҷашн хусусияти умумиллӣ пайдо карда, рӯзи истироҳат эълон карда шуд ва дар ин ҷашн сайру гаштҳои саросарӣ доир мегардид. Соли 1970 Кон-гресси ИМА таъсиси Рӯзи президентро эълом кард ва инак, ҳар сол ин сана бо як тантанаи хос ҷашн гирифта мешавад.
Дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ моҳи декабри соли 2011 парламенти кишвари Қазоқистон хизматҳои шоёни Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро ба назар гирифта, 10 декабрро Рӯзи Президенти Қазоқистон эълон кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардум боз унвони дигар доданд, унвони “Сулҳовар”, зеро танҳо бо сарварии хирадмандонаи он кас ба ҷанги хонумонсӯзи ҳамдигаркушӣ, ки анҷоми чунин ҷангҳо гирудори даҳсолаҳоро талаб мекунад, хотима бахшида шуд. Гурезаҳо ба хонаҳои худ баргаштанд ва вайронаҳои ҷанг обод гар-диданд. 
Не, балки гурезаҳоро ба Ватан баргардонд ва барои обод сохтани харобаҳо шароиту имкониятҳоро фароҳам овард. Ҳанӯз ҳам дар хотирҳо мондааст, ки ба ин мазмун гуфта буд: Ман ба шумо сулҳ меорам. То даме охирин гурезаро ба Ватан бар-нагардонам, худро осуда намеҳисобам.
Албатта, гуфтани ин суханон бо боварии том ва масъулияти баланд дар он рӯзгори даҳшатбор ҳаргиз осон набуд. Иҷрои ин ваъда бошад, аз он мушкилтар маҳсуб мешуд. Гуфт ва кафолати амнияташонро низ дод.
Ин ҳама аз суханони Сарвари давлат дар он рӯзгор аст: Баргардед, ба шумо биҳишт ваъда намекунам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мебинем, ин Ватанро, ин сарзамини аҷдодиро обод месозем.
Дар пеши чашми мо сулҳ барқарор гардиду пойдор.
Дар пеши чашми мо Ватан, сарзамини аҷдодӣ обод шуду рӯ ба тараққию пешрафт овард. Ҳар соҳибватан имрӯз ин ободию шукуфоиро дида меболад ва шукри Сарвари сулҳовару ободгарро менамояд.
Таърих бори дигар собит сохт, ки агар мардум дар атрофи як шахсият мут-таҳид нагарданд, на танҳо пароканда, балки нест мешаванд. Магар метавон аз ёд бурд, ки ин гуна хавф аввали солҳои 90 – уми асри гузашта вуҷуд дошт? Бо ҷанги таҳмилӣ мехостанд, ки миллати тоҷикро аз миён бибаранд ва номи кишвари Тоҷики-стонро аз харитаи ҷаҳон бизудоянд. Хушбахтона, ба ин мақсадашон расида натаво-нистанд. Мусаллам аст, ки мардум медонистанд, ки офтоби бахташон тулӯъ хоҳад кард ва душманони онҳо ва ин кишвару сарзамини аҷдодиашон ҳаргиз ба мақсад нахоҳанд расид. Чаро? Чунки дигар роҳбару сарвари шоиставу хирадманду назар-карда доштанд. Дар он лаҳзаҳои душвори бе роҳбариву сарварӣ, ки музтар монда буданд, бо дуо зорӣ карданд, то Худованд раҳнамои дилсӯзашон ато бинамояд. Дуо-яшон мустаҷоб гардид ва Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. 
“Таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, хизмати бузурги мар-думи солору сарбаланд ва хирадманди тоҷик мебошад”, - таъкид медорад Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Яъне, бо хоксорӣ ва дурандешие, ки дорад, ин дастовардҳоро ба худ нисбат намедиҳад, агарчи ин ҳамаро туфайли донишу хиради азалӣ ва раҳнамоии шоистаи ӯ соҳиб гардидем. Ҳатто роҳбари мухолифини вақти тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар он даврон ё худ пас аз хомӯш гардидани оташи ҷанги шаҳрвандӣ иброз дошта буд, ки “Эмомалӣ Раҳмон чархи таърихро ба дигар тараф тоб дод ва миллатро аз марг наҷот дод”.
Воқеан, қадами ин шахсияти таърихӣ хуҷаста ва иқбол ёраш буду ҳаст.
Дар тасаввури ҳеҷ кас дар он рӯзгор роҳ намеёфт, ки Сарвари тозаинтихоб ва ҷавон зимоми роҳбарии давлатро дуруст ба даст мегирад. Инчунин, аз рӯзҳои авва-ли ба сари қудрат омадан ҷорӣ кардани низоми демократӣ, эъмори давлати ҳуқуқбу-нёд ва дунявиро ҳадафи худ қарор медиҳад.
Ӯ ояндаи дурро, ояндаи дури миллатро аз нахустин рӯзҳои сарвариаш дида ва тадбири дуруст андешида тавонист. Андеша ва зеҳни на ҳар кас он замон ба ҳама ташаббусу дастуру раҳнамоиҳояш мерасид. Аммо ҳама бовар доштанд, ки тамоми тасмими гирифтаи Сарвари давлат ба нафъи мардум, ба хотири пойдории сулҳу осоиштагӣ, рушди фарҳанг, пешрафти давлату кишвар мебошанд. Вақт собит ме-сохт, ки ҳақ бар ҷониби ӯ аст. Фикр мекунам, ки ҳолиё низ ба пуррагӣ ба та-шаббусҳову хизмату заҳматҳои шабонарӯзии ин Роҳбари муаззам баҳои сазовору нек дода нашудааст. Албатта, ҳар кадоми он дар саҳифаҳои заррини таърихи миллат сабт шудаанд ва ба бисёр ҳикматҳои он дар оянда сарфаҳм мераванду ба ҳар кадом аҷри бузург мегузоранд.
Ин ҳақиқат рӯшан мебошад ва ниёз ба исбот расондан надорад, ки нигоҳу пой-дор доштани давлат нисбати ба даст овардани он бисёр душвор аст. Президенти кишвар онро на танҳо беш аз бист сол нигоҳу пойдор дошт, балки ба як кишвари зебову пешрафта табдил дод. Ҳамзамон онро дар тамоми дунё нек муаррифӣ намуд.
Собит гаштааст, имрӯз он миллате бештар ба пешрафт ноил мегардад, ки дар соҳаҳои илму маориф ба дастовардҳои бузург ноил шуда бошад. Аз ин рӯ аст, ки Сарвари давлат ин соҳаҳоро аз оғози фаъолияти роҳбариаш ҳамчун самти афзали-ятноки сиёсати иҷтимоӣ донист ва эълон намуд. Барои рушди онҳо, махсусан илмҳои техникиву табиатшиносӣ бо истифодаи тамоми имкониятҳо аҳамияти авва-линдараҷа дода шуд. Дар иртибот ба ин сатҳу сифати таълим беҳтар гардид.
Бо супориши Пешвои миллат нахустин бор дар пойтахти кишвар – шаҳри Ду-шанбе дар сохтори Академияи илмҳои ҷумҳурӣ мактаби инкишофи зеҳнӣ бунёд гар-дид. Таъсиси чунин мактабҳо дар маркази ҳамаи вилоятҳо низ пешбинӣ шудааст.
Президенти мамлакат пайваста таъкид менамояд, ки “Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд”.
Тавре бармеояд, дар ҳар ҳолат, дар ҳар давру замон ӯ моро дуруст роҳнамоӣ мекунад, то дар пешрафти соҳаҳои гуногун ва рушду тараққиёт, ободонии кишвару сарзамини аҷдодиамон бо дарки масъулияти бузург саҳми арзанда бигирем. Аз ҷум-ла, Сарвари давлат аз мо – олимон умед дорад, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ бинамоем, то саҳми худро дар рушди иқтисоди миллӣ гирифта бошем.
Дар иҷрои ҳар ташаббус ва амали нек Пешвои миллат такя ба неруи созандаи мардум мекунад, мардуми соҳибмаърифати худ ва заҳмати содиқонаву софдилонаи онҳо. Ӯ ҳамчунин изҳор медорад, ки “ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳиб-ватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободи Ва-танамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем”.
Коршиносон ва таҳлилгарони варзидаи мо ва кишварҳои хориҷӣ дар таъли-фоти худ паҳлуҳои гуногуни нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давла-ти мутамаддини ҳозиразамон равшан намудаанд, ки хонандаи закӣ худ огоҳии хуб дорад. Мо ин ҷо мехоҳем диққати хонандаро  ба ду – се нукоти чашмгире равона со-зем, ки боварӣ дорам, биниши шахсии мо аз назари одамони некбину некманиш дур намондаанд. Ин пеш аз ҳама сиёсати хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ме-бошад, ки дар хиради азалии давлатдории тоҷикон сарчашма дорад. Ҳунари забони дипломатӣ доштан ва муносибатҳои ҳасана пайдо кардан бо кишварҳои тавонову пешрафтаву мутамаддин ба ҳар давлатмарди ҷаҳони пуртазоди муосир муяссар нест. Дар пеши чашми мо сарварони  як қатор кишварҳои неруманди ҷаҳон натаво-нистанд пеши роҳи ҳангомахоҳон ва дасисакорони дохиливу хориҷиро бигиранд, кишварҳояшон ба вартаи хунрезиҳову ошуфтагиҳои шадид гирифтор гашта, боиси ранҷу нокомиҳои мардум шуданд. 
Набояд ҳаргиз аз ёд бурд, ки неруҳои сиёҳ дар кишвари мо низ хостанд дасти нопоки худро ба чунин кирдори хунин бибаранд. Аммо ба бахти мардуми Тоҷикистон сари бемағзу пур аз кибру ғурур баланд бардоштаи онҳо зуд саркӯб гардида, кама-рашон шикаста шуд. Ҳизби иртиҷоие, ки мехост бо шиорҳои исломӣ мардумро фи-реб дода, ҳукуматро ғасб кунад, пояаш аз сарзамини тоҷикон канда гашт. Хок хӯрдани тири сиёҳкорони ватанфурӯш бори дигар гувоҳи ба ваҳдати миллӣ расидани мар-думи Тоҷикистон ва ҳамдилии хурду бузурги кишвар бо Пешвои миллии худ мебо-шад.
Ҳодисоти нохуше, ки чанд соли охир бар асари иҷрои мақсадҳои нопоки душ-манони дохилӣ ва берунӣ рух доданд, мардуми шарафманди кишварро дар атрофи Сарвари давлат бештар аз бештар муттаҳид гардонид. Бори дигар ба умқи ҳик-матҳои таъкиду суханони Пешвои миллат расиданд, ки бояд дар ҳеҷ ҳолат зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол ва худи он ҳамеша омода бошанд. “Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне, соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем”. Дар иҷрои ин мақсадҳои бузург Сарвари давлат барои ҳамаи мо беҳтарин намунаи ибрат аст. Аз ин хотир, маҳбубияти ӯ бо гузашти замон дар дили хурду калон меафзояд.
Шоистаи мақоми Пешвои миллат будани Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин нукта низ дида метавон, ки он кас ба хурдтарин рафтору оини саросари мардуми кишвар бетафовут набуда, ба роҳи росту дуруст раҳнамоӣ намудани онҳоро вазифаи муҳими худ медонанд. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат чун мушоҳида карданд, ки баъзеҳо бо роҳи панду насиҳат аз оинҳои барсохтаи зараро-варе чун харҷу хароҷоти зиёди тӯйҳо ва маросимҳои бо ном миллӣ, аз издивоҷ бо хешовандони наздик ва номгузориҳои ғайримиллии одамон даст намекашанд, бо пешниҳоди хирадмандона ба мақомоти қонунгузории мамлакат, садди роҳи густа-риши ин хурофоти асримиёнагӣ шуданд. 
Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус бо таъкиду муроҷиат ба мардуми шарифи Тоҷикистон баён доштааст: “Мову шумо ба хотири боз ҳам беҳтар гардондани шароити рӯзгори мардумамон бояд дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ сарфаю сариштакор бошем, зиёдаравӣ накунем ва фарзандонамо-нро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем”.
Ҳамон гуна ки дар оғози ин мақола гуфта шуд, дар ҳаҷми як мақолаи рӯзнома наметавон ҳама иқдомҳои сарнавиштсози Пешвои миллатро бозгӯ намуд. Дар поён бо як итминони комил изҳор медорам, ки кору пайкори анҷомдодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи давлатсозӣ ва раҳоии кишвар аз вартаи нокомиву ноосу-дагӣ бартарии чашмгир дорад. Бинобар ин, мо шоистаи шарафмандие мебошем, ки як рӯзи солро, яъне, ҳар рӯзи 16 ноябрро, ки дарс ва ҳадяи бузурги таърих мебо-шанд, ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил би-намоем. Бо таҷлили ин санаи фархунда мо ҷонибдории худро ба тамоми ҷаҳониён, ба қавли Сарвари давлат, аз раванди сиёсати ваҳдати миллӣ, пойдории сулҳу субот, марҳилаи пайгиронаи созандагӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддини демократӣ собит менамоем.
Абдулло ҲАБИБУЛЛО, 
ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 
доктори илмҳои физика ва математика, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.11.2016    №: 227-228    Мутолиа карданд: 1549

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед