logo

сиёсат

ИҶЛОСИЯИ XVI. ЗЕРБИНОИ КОХИ БЕГАЗАНДИ СУЛҲ

Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олӣ аз лиҳози  моҳияти  худ ба Эъломияи  истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш аст. Агар Эъломия  давлатеро ба номи  Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас  Иҷлосияи XVI ҳамин давлатро аз фаношавӣ   нигоҳ дошт  ва миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ  берун кашид. Ба  таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои мил-лат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Иҷлосияи  XVI  Шӯрои Олӣ  бо тақозои таърих на танҳо тифли  дар гаҳвора будаи  истиқлолиятро наҷот дод, балки  тақдири ояндаи  ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро  ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд».     
Дар иҷлосия 23 масъалаи ҳаётан муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифт. Масъалаи асосӣ ба эътидол овардани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ буд, ки он мебоист аз интихоби роҳбарият ва ҳукумати нави ҷумҳурӣ оғоз меёфт. Баъди муҳокимаи гузо-риши раиси ҳамонвақтаи Шӯрои Олӣ Акбаршо Искандаров оид ба вазъи сиёсии ки-швар, дар рӯзномаи ҷаласа масъалаи  интихоби Раиси нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд. Ба ин мақом Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ гардид. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ ӯ Раиси Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гашт. Ба ҷонибдории Сарвари тозаинтихоби давлат аз 197 вакили мардумӣ 186 нафар овоз дод. Эмомалӣ  Раҳмон парчами  кишварро бӯсида, савганд ёд  кард ва ба иштирокдорони иҷлосия рӯ оварда гуфт: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар  хона ва оила барқарор шудани сулҳ равона менамоям. Барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам боварӣ дорам».
 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустини ба мақоми олӣ интихоб шуданаш, ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, назири хомӯш сохтани ҷанги бародар-куш, эҷод намудани фазои боэътимоду ҳамзистӣ дар ҷомеа, баргардондани гурезаҳо, азнавсозии низоми давлатдорӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, да-рёфти ҷойгаҳи муносиб дар арсаи байналмилалиро мақсад ва мароми ҳукумати нав эълон намуд.  Раиси тозаинтихоби кишвар мақсад ва ҳадафи асосии  худро чунин баён карда буд: «Ба хотири  истиқрори  сулҳи пойдор ва бозгашти  ҳамаи  фирориён ба Ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам».  Баъдтар ӯ  ин андешаи худро тақвият бахшида таъкид намуд: «Азму иродаи мо дар роҳи барпо кардани  давлати демократии ҳуқуқбунёд комилан қатъист. Ҳарчанд ки натиҷаҳои   дилхоҳи он на ба таври  оҷил, балки бо гузашти вақт падид меоянд, дар баробари ин сулҳу субот ба-роямон муҳимтарин арзиш ҳисоб меёбад».
Раиси  Шӯрои Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо мақсади ҳар чи зудтар ба эъти-дол овардани  вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар Муроҷиатнома қабул кард. Дар он, аз ҷумла зикр шуда буд: «Бо мақсади таъмин намудани  ягонагӣ ва муттаҳидии ҷумҳурӣ шуморо даъват менамоем, ки 25 ноябри  соли 1992 дар соати 14 дар Иҷло-сияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок намоед. Ҳукумати Тоҷикистон ба бехатарии шумо кафолат медиҳад». Ҳамзамон, бо ташаббуси Раиси  Шӯрои Олӣ фирориёнро  барои баргаштан ба Ватан, деҳа ва маҳаллаи худ даъват намудан  мазмун ва мундариҷаи Изҳороти Шӯрои Олиро ташкил  медод.
Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони тарафҳои муқобилро  ба иштирокчиёни  иҷлосия муаррифӣ намуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки «Ин  иҷлосия тақдирсоз аст, бояд донем, ки  тақдири ояндаи  миллат, кишвар, Ватан, давлат дар дасти мост. Аз ин лиҳоз, бояд худшинос шавем, хиради волои хешро  баҳри якпорча-гии ҷумҳурии азизамон истифода барем. Баъди  ба ҷойҳои худ рафтан  яроқро ба замин гузорем, оромии мардумро таъмин намоем».
Ҳамин тариқ, дар Иҷлосияи  XVI Шӯрои Олӣ бо ташаббуси бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон зербинои кохи бегазанди сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон гузо-шта шуд. Сарвари давлат ба таъкид мегуфтанд, ки дастоварди бузургтарини мо, ки на танҳо наслҳои имрӯзаи кишвар, балки наслҳои оянда низ бо ифтихор ба забон хоҳанд овард, таъмини сулҳу оштии миллат ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон аст. Омили асосии расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон аз ниҳод ва замири халқи тоҷик бар-хеста, ба тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир, фитрати баланду дӯстнаво-зии ин мардум вобаста аст. 
Ниҳоят, бо талошҳои пайвастаи Сарвари муаззами кишвар 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Он боиси сарҷамъии миллат, ба Ватан баргардондани қариб як миллион фи-рорӣ, рушди бонизоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ   ва саодати рӯзгори мардум гардид. 
Ҳабибулло ТОАТОВ, 
номзади илмҳои таърих, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.11.2016    №: 227-228    Мутолиа карданд: 1561

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед