logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

УБАЙДИ ЗОКОНӢ 
Нардбонфурӯшӣ
Хуросонӣ бо нардбоне дар боғи дигаре мерафт, то мева бидуздад. Ногоҳ худованди боғ пурсид: - Ту дар боғи ман чӣ кор дорӣ?
Гуфт: - Нардбон мефурӯшам.
Гуфт: - Нардбон дар боғи ман мефурӯшӣ?
Гуфт: - Нардбон аз они ман аст, ҳар куҷо хоҳам, мефурӯшам.
 
Табар
Қазвинӣ табаре дошт, ҳар шаб дар махзан ниҳодӣ ва дар маҳкам бубастӣ. Занаш гуфт: - Чаро табар дар махзан мениҳӣ?
Гуфт: - То гурба набарад.
Гуфт: - Гурба табар чӣ мекунад?
Гуфт: - Аблаҳ зане будаӣ. Шушпорае, ки ба ҷаве намеарзад, мебарад. Табаре, ки ба даҳ динор харидаам, набарад?
Сипар
Қазвинӣ бо сипаре бузург ба ҷанг мерафт. Аз қалъа санге бар сараш заданду бишкастанд. Биранҷиду гуфт: - Эй мардак, сипаре бад – ин бузургӣ намебинӣ, санге бар сари ман мезанӣ?!
 
Иштиҳо
Туфайлиро гуфтанд: - Иштиҳо дорӣ?
Гуфт: - Мани бечора худ дар ҷаҳон ҳамин дорам.
Баргардони А. Раҳим
 
БУЗУРГТАРИН МУҶАССАМАИ КИТОБИ ПЕШВО ДАР ҲИСОР 
Дар назди шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор муҷассамаи китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» гузошта шуд. Ин иқдом бахшида ба рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами давлатӣ сурат гирифт. Баландии китоб 4 метр,  бараш 6 метр буда, вазнаш қариб 1 тоннаро ташкил медиҳад. 
Муҷассамаи китоб ба хотири арҷ гузоштан ба хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ буда, баҳри худшиносӣ ва худогоҳии миллат аз таърихи пурғановати тоҷикон омода гардидааст. Чунон ки мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор Назрӣ Асадзода иброз дошт, ҳарчанд муҷассамаи китоб дар шакли бузург сохта шуд, вале мазмун ва арзиши маънавии он бузургтар аз он аст, ки дар қолаби ифодаи моддӣ ғунҷоиш ёбад. 
Ҳотам РАБИЕВ, рӯзноманигор
 
ЧӢ ТАВР МЕТАВОН САД СОЛ УМР ДИД?
Олимони соҳаи тиб чунин меҳисобанд, ки дарозумрӣ ҳамагӣ аз 50 дарсади генҳо (ирсият) вобастагӣ дорад. Боқӣ ба тарзи ҳаёти солим, ғизохӯрӣ ва ҳолати равонӣ вобаста аст. Алҳол давомнокии миёнаи умри аврупоиҳо то 80 сол ва дар Тоҷикистон 71 солро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи олимон дарозумрӣ якчанд омил дорад.
Хоби бароҳат
Олимони донишгоҳи  Калифорния муайян кардаанд, ки ашхоси дар як шабонарӯз 7 – 8 соат бароҳат мехобида, имкони дурудароз ҷавон монданро доранд. Камхобӣ, алалхусус дурудароз паридани хоб, зарарнок буда, боиси стресс, хастагӣ ва афсурдаҳолӣ мегардад. Серхобӣ, яъне зиёда аз 8 соат хобидан, низ зарар дошта, боиси дарди сар, сустӣ мегардад.
Эҷодкорӣ
Ба амали шавқоваре, мисли расмкашӣ, кулолӣ, кандакорӣ, дӯзандагӣ машғул шавед. Эҷодкорӣ асабро ором намуда, сатҳи стрессро паст мекунад. Илова бар ин, фаъолнокии зеҳниро тақвият мебахшад, зеро шумо ҳар дафъа назди худ вазифаи муайян мегузоред. Ин ба майна баҳри фаъол будан кумак мерасонад.
(давом дорад)
Таҳияи Сарвиноз ШОДМОНОВА
 
УМРИ ЗАМИН
Муҳаққиқон  тавонистанд, ки бо ёрии усулҳои ниҳоят мураккаб синни заминро муайян намоянд. Барои анҷоми ин кор онҳо  ҳайвоноту набототи қадимиро, ки ба санг табдил ёфтаанд, ҳамчунин қабатҳои худи замин, ки сатҳи онро ташкил медиҳанд, мавриди омӯзиш қарор доданд. 
Ҳоло бисёр олимон тахмин мекунанд, ки синни замин қариб 4 600 миллиард сол аст.
Таҳияи Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ
 
ЧАРО БО АНДЕШАИ ХУД КОР НАКУНЕМ?
Тақрибан 70 дарсади одамон зери таъсири ақидаи аксарият қарор доранд. Танҳо 30 дарсадашон бо андешаи худ кор мекунанд. Сабаб ин аст: бештари одамон бовар доранд, ки дар ҳаёт бидуни пайравӣ кардан ба каси дигар муваффақ наметавон шуд. Ва дар ҳаёт роҳи осон такя кардан ба аксарият аст.  Албатта, тафаккури омма, ки ақидаи шахсро новобаста аз нуқтаи назари доштааш, шакл мебахшад, оқибат ғолиб меояд. Вале, олимон дар натиҷаи тадқиқот ба хулоса омаданд, ки шахси дорои неруи баланди зеҳнӣ (сатҳи баланди IQ) метавонад дар бисёр ҳолатҳо бе пайравӣ кардан ба аксарият низ муваффақ гардад. Аммо дар лаҳзаҳои шубҳа кардан ба нуқтаи назари худ низ чунин  ашхос нисбат ба шахсоне, ки сатҳи пасти IQ доранд, пайравӣ мекунанд, агар онро мантиқан дуруст ва лозим шуморад. Барои ба як хулосаи мушаххас омадан, тадқиқотчиёни рус бо истифода аз усули аналитикӣ хостанд муайян кунанд, ки чӣ гуна ақидаи ақаллият метавонад аксариятро фаро гирад. Маълум шуд, ки агар шахси дорои сатҳи IQ – и баланд бо ақидааш тавонад 10 дарсади оммаро қонеъ гардонад, пас ин 10 дарсад ба осонӣ метавонанд ақидаи аксариятро тағйир диҳанд.
Таҳияи О. ВАФОБЕК
 
АСРОРИ «САНГИ ТИЛЛОӢ»
Дар музофоти Мони давлати Мянма санги муаллақе бо номи «Санги тиллоӣ» мавҷуд аст, ки калонтарин санги тиллоӣ дар олам буда, таърихи чандинҳазорсола дорад. Ин санги бузург асрҳо боз офатҳои табииро паси сар намуда, бо виқору ҳашамати хоса побарҷост. Ин муъҷизаи табиат на танҳо ҷои тамошои сайёҳон, балки зиёратгоҳи асосии  бутпарастони олам маҳсуб меёбад. Санг дар кӯҳи Чайттийо ҷой гирифта, расидан то ба он мушкилии зиёде дорад. Зиёраткунандагон 16 километр роҳи пурпечутобро тай намуда, ба пеши санги тиллоӣ мерасанд. Атрофи сангро иншооти дигар иҳота намудаанд, ки аҷибтарини он - Погода мебошад. Он дар болотари санг ҷой гирифта, овезон шуда меистад. Мувофиқи ривоятҳо дар Погода чанд тори муйи Буддо нигоҳ дошта мешавад ва маҳз бо шарофати ин мӯйҳо санг устувор мондааст. Худи Погода ҳамагӣ 5,5 метр буда, дар шакли каллаи одам сохта шудааст.
Бояд қайд кард, ки зиёрат кардани ин санг барои занон маън шудааст. Зеро рӯҳониён бар он акидаанд, ки агар занон ба ин санг даст расонанд он канда шуда меафтад. Аз ин ҷост, ки занон ба «Санги тиллоӣ» наздик нашуда, онро аз дур тамошо мекунанд. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
КӮДАКИ ВАЗНИНТАРИНИ ҶАҲОН
Ария Пермана 192 килограмм вазн дошта, кӯдаки фарбеҳтарини ҷаҳон дониста шудааст. Ария аз музофоти Яваи Ғарбии Индонезия аст ва бо сабаби фарбеҳӣ дигар роҳ гаштану ба мактаб рафта наметавонад. Ба гуфтаи модараш писарак дар як рӯз панҷ маротиба хӯрок мехӯрад ва дар як бор хӯроки ду одами калонро тановул менамояд. Биринҷ, моҳӣ, гӯшти гов, шӯрбо ва нӯшокӣ аз соя аз ҷумлаи хӯрданиҳое ҳастанд, ки Ария бе онҳо ҳаёташро ҳатто тасаввур карда наметавонад. Писарак аз вазни зиёд нафасгир шавад ҳам, кораш фақат хӯрдану хобидан аст.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
ИНТЕРНЕТ КАЙ ПАЙДО ШУД?
Сервери аввалини ARPANET дар Донишгоҳи Калифорнияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 1 сентябри соли 1961 насб гардид. Аллакай, ибтидои солҳои 70-уми асри XX дар шабака нахустин барномаи ирсоли номаҳои электронӣ пайваст гашт, ки дар муддати кӯтоҳ миёни муштариён ҳаводорони зиёд пайдо кард. Соли 1973 тавассути кабели телефонии трансатлантикӣ ба шабака ширкатҳои Британияи Кабир ва Норвегия пайваст шуданд ва аз ҳамин давра он ба шабакаи байналмилалӣ табдил ёфт. Вале, бо ин ҳама, боз даҳ соли дигар ин шабака фақат аз ҷониби олимон ва баъзе гурӯҳҳои завқманд ҳамчун василаи номанависӣ истифода мегашт. Танҳо соли 1983, ҳангоме ки ARPANET аз стандарти навъи NSP ба TSP/ IP мегузарад, мафҳуми «интернет» пайдо мешавад.   
Марзияи ИҚБОЛШО, донишҷӯ
 
КОЛЛЕКСИОНЕР 
Шаҳрванди Маҷористон Йожеф Тари коллексионери китобҳои хурдтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Китобхонаи ӯ аз 4500 нусха китоб иборат аст.  Калонтарин китобаш на зиёда аз ҳафт сантиметр баландӣ дорад. Ин машғулиятро Йожеф аз соли 1972 оғоз намуда, то ҳол коллексияаш афзоиш меёбад. Ӯ дар назди худ мақсад гузоштааст, ки китобҳои коллексияаш на бояд аз ҳафт сантиметр калон бошанд. Дар коллексияаш ӯ китоби хурдтарини ҷаҳонро бо андозаи 2,9 см х 3,2 см ҷой додааст.
Таҳияи Зебо НАЗАРОВА
 
ЛЕОНИД РОГОЗОВ. ШАХСЕ, КИ ХУДРО ҶАРРОҲӢ КАРД
Ин воқеа соли 1961 дар Антарктида рух дод. Духтури 27 -  сола Леонид Рогозов ҳангоми иштирок дар экспедитсияи антарктикӣ бемор мешавад. Ӯ ҳамчун ҷарроҳи ботаҷриба фаҳмид, ки гирифтори апендитсит шудааст. Аз сабаби номусоидии вазъи ҳаво ӯро ба беморхона бурдан ғайриимкон буд. Азбаски  Леонид ягона духтур ба ҳисоб мерафт, амалиёти ҷарроҳиро худаш анҷом дод. Леонид бо ворид намудани маводи беҳискунанда ба баданаш ҷарроҳиро оғоз кард. Ронанда оинаи мошинро рӯ ба рӯи ҷарроҳ дошта истода бо чароғи рӯйимизӣ равшанӣ мекард. Ҷарроҳӣ ду соат тӯл кашид. Ниҳоят Леонид аз ҳуш рафт. “Ман дар ин ҳолат ғайр аз иҷро кардани вазифаам ба чизи дигар фикр накардам. Аммо шахсоне, ки ба ман кумак карданд, воқеан тарсиданд. Ман ҳам тарсидам, вале худро ба даст гирифта, хостам аз уҳдаи кор бароям”, – мегӯяд Леонид. 
Баъди 5 рӯзи ҷарроҳӣ ҳарорати баданаш муътадил гардид. Се рӯз баъд риштаҳои захмаш канда шуд. Бо ин амалаш, ки ҷасорат ва касбияти зиёдро талаб мекард, Леонид дар ҷаҳон машҳур шуд.  
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА

ДЖО ФРОСТ – МУРАББИИ КАЛОНСОЛОН
(Идома аз "Шоми шанбе" - и гузашта)
2. Пайдарҳамӣ 
Кӯдак ҳама вақт бояд донад, ки ибораи «ин корро кардан лозим нест» барои ӯ қонун аст ва набояд дар ин бора баҳс кунад. Бинобар ин, маҳдудияти муайянеро, ки барои кӯдак муқаррар мекунед, бояд тамоми аъзои оила ва ҳамаи онҳое, ки бо ӯ робита доранд, ҳатман риоя кунанд. Фарз кардем, агар ба кӯдаки шумо нӯшидани оби газнок, тамошои телевизор пеш аз хоб ё истифодаи ҷиҳози волидайн манъ бошад, дар ин бора ҳамаи онҳоеро, ки бо кӯдак дар муоширатанд, хабардор намоед ва, ҳамзамон, таъкид, кунед, ки қоидаҳои мазкурро ҳатман риоя кунанд. 
 
3. Тақвими рӯз
Эътимоди кӯдак ба худаш бештар мегардад, агар рӯйдодҳои муайяни вобаста ба ҳаёти шахсиаш дар як вақту соат гузаранд. Барои ҳамин ҳам, калонсолон бояд барои кӯдак тартиби муайяни рӯзгузаронӣ таҳия намуда, пеш аз ҳама худашон онро ҷонибдорӣ ва риоя кунанд. Тақвими рӯз имкон медиҳад, ки кӯдак аз рӯи он мустақилона барои машғулиятҳои ҳаррӯзааш омодагӣ гирад, ки ин барои камолоти минбаъдаи ӯ хеле таъсирбахш хоҳад буд. Маҳз тақвими рӯз мусоидат мекунад, ки яке аз мушкилоти асосии кӯдакон сари вақт хобидану хестан худ ба худ роҳи ҳаллашро ёбад. 
Таҳияи Лола РИЗОЕВА
 
ҚАТАР- ГАРМТАРИНИ КИШВАРИ ДУНЁ
Қатар аз ҳама кишвари гармтарини дунё ба шумор рафта, дар қисмати ҷанубу ғарбии Осиё ҷойгир аст. Ба қавли бостоншиносон, дар ин мавзеъ ҳанӯз се ҳазор сол пеш аз милод одамон ба сар мебурданд. Тибқи барӯйхатгирии аҳолии соли 2004 дар кишвар 80 дарсади сокинонро мусулмонон ва 9 фисадро масеҳиён ташкил медиҳанд. Пойтахташ Доҳа буда, маҳз дар ин ҷо 90 фоизи аҳолӣ зиндагӣ мекунад.  
Қатар аз ҷиҳати захираҳои гази табиӣ дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол карда, бузургтарин содиркунандаи маҳсулоти нафтӣ дар олам дониста шудааст. Умри миёнаи мардум дар ин кишвари гармтарин беш аз 70 сол нишон дода мешавад.
Ҳарорати ҳаво ҳатто дар фасли сармо то 25-28 дараҷа боло меравад. Дар тобистон бошад, гармии ҳаво беш аз 40 дараҷаро ташкил медиҳад.
Соли 2022 Қатар мизбони мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол интихоб гардидааст. Аз сабаби гармии зиёд бо таҷҳизоти сардкунӣ маҷҷаҳаз гардондани майдонҳои футболро ба нақша гирифтаанд. Ҳамчунин, эҳтимоли дар фасли зимистон гузарондани мусобиқаи мазкур дар назар аст.
Таҳияи Лашкар ШАРИФ

МАФКУРАИ МИЛЛИОНЕР
Бисёриҳо орзуи миллионершавиро доранд, вале кам нафарон омодаанд, ки кӯшиш намуда, мафкураи худро тағйир диҳанд, то  ба мустақилияти молиявӣ бирасанд.
Барои ин мафкураи муайян, менеҷменти дуруст бароҳмондашуда ва малакаи таваккал кардан лозим аст.
Албатта, ҳеҷ кас наметавонад дар ҷой нишаста миллионер шавад. Дар оғоз бояд ботинан омода  шуд, баъдан ҳамарӯза барои ба ҳадаф расидан кор кард.
Қабл аз ҳама ба худ бовар кунед. 
Шумо бояд бовар дошта бошед, ки сазовори миллионершавиед. Мутаассифона, бисёриҳо ба ин воқеият бовар надоранд.
Ба куҷо сарф кардани сармояи худро фикр кунед.
Дар сурати надонистани он роҳи ба қуллаи мақсад расидан мушкилтар мешавад.
Фикри фосиқ будани пулро аз сар дур созед.
Агар ба ин муътақид набошед, фикрҳои гуногун шуморо аз ҳадафи дар пеш гузошта ба тарафи дигар мебаранд.
Озодии молиявиро, ки ба миллионерҳо хос аст, бояд аз исрофкорӣ фарқ кард.
Исрофкорӣ ин муқобили миллионерӣ аст. Тибқи қоида миллионерҳо аз рӯйи ҳисобу китоб амал менамоянд.
Миллионер набояд вилла (хона дар деҳот), мошинҳои зиёди олиҷаноб, як кило бриллиант дошта бошад. Ин ҳама намуди зоҳирӣ мебошанд, ки диққатро аз корҳои муҳим дур мебаранд.
Миллионер ҷуръати баланд, ҳадафҳои дақиқ ва хоҳиши суботкорона меҳнат карданро дорад. Шукӯҳу ҳашамати зоҳирӣ танҳо омили ҳамроҳикунанда ба ҳисоб меравад.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
РАДИОТЕЛЕСКОПИ КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН
Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ дар музофоти Гуайҷоу, воқеъ дар қисмати ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин, сохтмони бузургтарин радиотелескоп дар ҷаҳон ба итмом расид.
Бино ба иттилои телевизиони марказии Чин, ин телескопи бузург барои омӯзиши ҷирмҳои кайҳонӣ, ҳаракати ситораҳо, роҳи каҳкашон ва ғайра истифода бурда мешавад.
«Телескопи азими Чин» дар мавзеи дур аз минтақаи аҳолинишин ҷойгир аст ва наздиктарин деҳа аз он дар масофаи 5 километр қарор дорад. Телескоп бо назардошти баландтарин нуқта аз сатҳи мавҷҳои радиоӣ насб шудааст.
Қутр ё доираи телескопи азими Чин бо номи FAST (Five hundred meters Aperture Spherical Telescope) ним километр (500 метр) - ро ташкил медиҳад. Он аз 4 ҳазору 540 панели секунҷа, ки дар масофаи 11-метрӣ аз ҳамидигар дур қарор мегиранд, иборат аст.
Сохтмони ин радиотелескоп, ки дар ҷаҳон ба мислаш нест, аз соли 2011 оғоз ёфта, дар ҳамкорӣ бо Австралия ва Амрико ба маблағи  180 миллион доллари ИМА сохта шудааст.
Мутахассисон мегӯянд, ки истифодабарандагони  ин радиотелескоп бояд телефонҳои мобилии худро хомӯш кунанд, зеро дучор ба дахолати шуои панҷкилометрии мавҷҳои он мешаванд.
Таҳияи Р. ҲАМИДОВ
 
ОЁ ФИКР КАРДАӢ, КИ…
1) Беҳуда гузарондани 15 дақиқа дар як рӯз, талаф додани 11 рӯз дар як сол аст?
2) Як соат мутолиа дар рӯз, ҳар ҳафта як китоб ва ҳар сол ҳудуди 50 китоб мешавад?
3) Даҳ дақиқаи асабоният 600 сонияи хушбахтиро аз шумо мегирад?
4) Сеяки умр дар хоб мегузарад, пас меарзад, ки боқимондаи онро дар хоби ғафлат гузаронем?
5) Корҳои мо аз вақти мо бароямон ҷудошуда бештар аст?
Фароҳамсоз МУАТТАР, шаҳри Қӯрғонтеппа
 
ИММУНИТЕТ. ЧӢ ТАВР ОНРО ҚАВӢ ГАРДОНЕМ?
Барои қависозии иммунитет доруҳои навбаромаду гароннархеро, ки тавассути телевизион ва дигар воситаи ахбори омма пайваста реклама мекунанд, истеъмол намудан ҳоҷат нест. Аввалан, барои он ки аз анвои моддаҳои кимиёӣ таркиб ёфтаанд, ки безарар намебошанд. Баъдан, дар диёри худамон меваҳое зиёданд, ки барои иммунитет беҳтарин воситаҳои нерубахшанд.
Ҳоло бароятон тарзи тайёрсозии як намуд “давои халқӣ”-ро пешниҳод месозем, ки тибби муосир низ онро барои иммунитет воқеан муфид меҳисобад.
 Як истакон чормағз, ним истаконӣ бодом, мавиз, баргаг (зардолуқоқи бедонак) ва пӯсти ду лимӯро аз гӯштқимакунак гузаронда, оби ду лимӯро дар он афшурда, омехта кунед.
Баъд онро 1 - 2 рӯз дар ҷои торик нигоҳ дошта, чун тайёр шуд, дар яхдон гузоред. Меъёри истеъмол барои калонсолон дар як рӯз 1 - 2 қошуқ 3 бор, барои кӯдакони аз сесола боло 1 қошуқча ду маротиба мебошад. 
Истеъмоли ин омехта ҳамчунин асабу дилро мустаҳкам, кори гурдаю меъдаро беҳтар карда, шахсро неруманд ва табъашро хуш месозад.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.11.2016    №: 229    Мутолиа карданд: 2033

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед