logo

фарҳанг

АСРОРУ РОҲИ ХУШБАХТИРО ШИНОХТАЕМ?!

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро хавфи ҷаҳонишавӣ фаро гирифтааст. Мо низ гоҳҳо садо баланд мекунем, ки пайомади он ногувор мебошад. Ба навъе саъю кӯшиш ба харҷ медиҳем, то аз асли худ дур нашавем ва арзишҳои миллию фарҳангию ахлоқиро нигоҳ бидорем. Дар ин замина ба бунёди оилаҳои ҷавон то ҷое таваҷҷуҳ зоҳир мекунем, барои пойдории онҳо тадбирҳои заруриро ҳам меандешем, вале дастовардҳо ҳанӯз ҳам на ба он андозае ҳастанд, ки мехоҳем. Баръакс, фурӯпошии оилаҳо дар ин чанд соли охир афзудаст ва дар ин хусус бонги изтироб низ заданд. Натиҷаҳои мусбат на дар он ҳадданд, ки фараҳбахшу умедворкунанда бошанд.
 
Ин ба он масал монанд аст, ки дар анбор гандум ҷамъ меоварем, аммо онро гум мекунем. Намеандешем, ки:
Муш дар анбори мо ҳуфра задаст,
В – аз фаннаш анбори мо вайрон шудаст.
Пас чӣ бояд кард? Посух маълуму рӯшан мебошад:
Аввал, эй ҷон, дафъи шарри муш кун,
В – он гаҳон дар ҷамъи гандум ҷӯш кун.
 
Мусаллам аст, ки туфайли васоити ахбори оммаву шабакаҳо ва адабиёти гуногун аз хориҷи кишвар таълимоте ворид мегардад, ки ба ахлоқу минталитети мардуми мо на танҳо мувофиқат намекунанд, балки зидданд. Мубориза ба муқобили он бояд шадид сурат бигирад, вале мо алҳол ба ин пурра омода нестем ва кам бар зиёд дар ин ҳол ҳаргиз дастболо намешавад. Ба қавли шоири шаҳир Абулқосим Лоҳутӣ «гург ин мартаба дар ҷомаи меш омадааст» ва шинохтани он басо мушкил гардидааст. Бар замми ин барои он ки моро аз асли худ дур бинамоянд, маблағҳои калон низ сарф мекунанд. Аз фарҳангу ахлоқу дину оин, ки ҷудо бишавем, ба тадриҷ аз арзишҳои миллӣ ва асолатамон маҳрум мегардем. Ин ҳақиқат ҳеҷ исботеро хостор нест, чун бо чашми хеш дидем он чиро, ки бояд намедидем. Ба ҳар ҳол меарзад, ки барои баррасӣ ва иттилои бештар ба «бахтномаҳо» ва «роҳҳои расидан ба хушбахтӣ», ки дар хориҷи кишвар таълиф гардидаанду ба кишвари мо роҳ ёфтаанд, як бор рӯ биёрем. Оре, ақаллан як бор. Хоҳиш мекунам, бисёр хоҳиш мекунам, фурсат биёбед, масъаларо ҷиддӣ биҳисобед, ҷанобон мутахассисон, масъулон, омӯзгорону падару модарон. Пайдо кардани чунин китобҳо, гӯш кардани ин гуна барномаҳои радиоӣ ва дидани намоишҳои телевизионӣ ҳеҷ мушкилие надорад. Ёфтани ҳафтномаҳо бошад, аз он ба чандин маротиб осонтар аст. Яке аз чунин китобҳоро ман бар даст гирифтаам. Он хонандаро бо ҳафт сирри хушбахтӣ ошно месозад. Гӯиё он роҳи оптимист мебошад. Муаллиф маслиҳат медиҳад, ки бояд бихандем, чун мардум хандаро дӯст медорад. 
Агар мо ин хандаро чун хандаи хушҳолӣ мепазирем, пас маслиҳатро низ хуш қабул мекунем. Аммо хандаҳо набояд, ки сохта, балки табиӣ, чун хандаҳои офтоб бошанд.
Маслиҳати дуюм пайдо намудану доштани дӯст аст. Чӣ гуна дӯст? Ба ин пурсиш пас аз он, ки маслиҳатро мепазирем, аз адабиёти ниёгони худ, хоса асарҳои ахлоқии он бояд посух биҷӯем. Оре, агар мехоҳем аз асли худ дур нагардем.
Дастури сеюми муаллиф шунидани мусиқӣ аст. Албатта, ин дастур барои ҳамаи онҳоест, ки хушбахт шудан мехоҳанд. Хушбахтона, барои шунидан мусиқиҳои Малер, Мотсарт ва гурӯҳи ҳунарии «Мэднесс» - ро пешниҳод менамояд. Дар ин маврид бояд зикр кард, ки аксар ҷавонони мо нисбат ба дастури додаи муаллиф пештарак гом заданд. Яъне онҳо оҳангу суруд мешунаванд, аммо на аз эҷоди ин бузургони мусиқии касбии ҷаҳонӣ. Барояшон мусиқии гуногуну омезишёфтаи сабук муҳимтаранд. Ба матни баланди суруд дилбастагӣ надоранд. Бояд эҳсосашон барангехта шаванд ва бештар хушҳолӣ бинамоянд. Дигар ба эътибор намегиранд, чун намедонанд, ки вазифаи мусиқии ниёгони мо тарбияи насли солим ва парвариши завқҳову андешаҳои баланд буданду мемонанд.
Пас аз он тавсия медиҳад, ки рақс бикунем. Ба танҳоӣ рақс кардан гӯё танҳо як нафарро хушбахт месозад. Аз ин рӯ, ба рақси дастаҷамъона бояд дилбастагӣ дошта бошем. Омезиши ҷинсиятҳо низ муҳим арзёбӣ мешавад. Ва ҳам бояд бикӯшем, то дар сатҳи ситораҳои ин соҳа рақс бикунему бо онҳо...
Пас оё метавонанд чунин тавсияҳои таҳлилӣ барои мо меъёр бошанд, наход мо – ворисони ниёгони бузургу шуҳраи ҷаҳон сирру роҳи хушбахтиро аз хориҷиён ҷӯё бишавем? Не, пурсиш дигар хел бояд сурат мегирифт. Охир ҷӯё ҳам нестем ва наҷустаем. Ин ҳама таҳмилӣ аст. Сирру роҳи хушбахтиро барои мо ҳазорсолаҳо пеш ниёгони бошарафамон нишон доданд, аз ин рӯ, зарурат ба ҷустану тақлид кардан нест. Он дастуру раҳнамоӣ ба ҳазорсолаи дигар ҳам ҳеҷ куҳна ва беэътибор намешаванд. Ин қадар ҳаст, ки мо бояд бо маърифат бошем, то хубро аз бад бишносем ва барои пойдории миллат, арзишҳои он ба хотири маҳв нагардидан масъулият эҳсос бинамоем.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2016    №: 230    Мутолиа карданд: 1451

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед