logo

ҳуқуқ

ТЕРРОРИЗМ. ВА АНГЕЗАҲОИ БЕДОРКУНАНДАИ АҚИДАҲОИ ИФРОТӢ

Экстремизми динӣ яке аз падидаҳои манфии иҷтимоиест, ки ба шууру рӯҳияи ҷомеа, ахлоқ, идеология, муносибатҳои байни қавму табақаҳои гуногун, иттиҳодияҳои иҷтимоӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳатто равобити байни давлатҳо таъсири бад мерасонад. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ экстремизм ин ҷонибдорӣ аз ақида, мавқеъ ва тадбирҳои ифротӣ дар фаъолияти ҷамъиятӣ мебошад. Барои муборизаи муваффақона алайҳи  эктремизми динӣ ва терроризм, пешгирии саривақтии онҳо, моҳияти ҷиноятии ин зуҳуротро дуруст дарк бояд кард.
Ангезаҳои бедоркунандаи ақидаҳои ифротию террористӣ гуногун буда, дар миёни онҳо, пеш аз ҳама, ангезаҳои моддӣ, идеологӣ, майли ҳукмронӣ, рағбат ба амалҳои фаъолу хатарнок нақши бештарро мебозанд. Қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон як идда кирдорҳоро ба фаъолияти экстремистӣ нисбат медиҳад. Аз ҷумла, зӯран тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ ва халалдор намудани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон; сафедкунии оммавии терроризм ва дигар фаъолияти террористӣ; ангехтани хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ ё динӣ; поймол кардани ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд вобаста ба мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ё забонӣ; таблиғу намоиши нишону рамзҳои  миллатгароӣ; даъвати оммавӣ ба иҷрои амалҳои зикршуда ё интишори оммавии маводи баръало экстремистӣ. 
Муборизаи беамон бо экстремизми динӣ ва терроризм, оштинопазирӣ бо ҳама гуна шакли зоҳиршавии он, хусусан дар шароити кунунӣ, ки ин навъи фаъолият тобиши сиёсӣ гирифтааст, ҳаётан муҳим ба назар мерасад. Имрӯз неруву ҳаракатҳои гуногун маҳз тавассути аъмоли экстремистӣ ниятҳои сиёсии худро пиёда кардан мехоҳанд ва инро пинҳон ҳам намекунанд. Таассуфовар ин аст, ки пешвоёну гумоштагони зархариди чунин ҳаракатҳо, пеш аз ҳама, ҷавононро гирифтори доми ақоиди ифротии худ мекунанд. Истифода аз роҳу равиши экстремистӣ баҳри расидан ба аҳдофи сиёсӣ дар кирдорҳои бади ҷинояткорона, аз қабили ташкилу иҷрокунии амалҳои террористӣ, исёну бетартибиҳои оммавӣ барои зӯран тағйир додани сохти конститутсионии кишвар ва як қатор аъмоли дигари ғайриқонунӣ зоҳир шуда метавонад. 
Барои боз ҳам самараноктар ба роҳ мондани муқовимат алайҳи экстремизми динӣ, аҳли ҷомеа, хусусан ҷавононро дар рӯҳияи хайрхоҳию таҳаммулпазирӣ, ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаву осмони беғубори кишвари маҳбубамон тарбия бояд кард. Пайравӣ аз ақидаҳои бегона ва ифротгароёна, амалҳои ғаразноки ҳамроҳи он оқибатҳои хунбор дорад ва инро мо дар мисоли ҳодисаҳои даҳсолаи охир, ки дар кишварҳои Шарқи Наздик то имрӯз давом доранд, ба хубӣ мушоҳида карда истодаем. Ин рӯйдодҳо нишон медиҳанд, ки чӣ тавр мардуми осоиштаи ин минтақа ба ваъдаҳои ифротгароёну террористон дар хусуси сохтани давлати динии адолатпарвар, таъмини рӯзгори муносиб барои аҳолӣ, ғалабаи ҳақ бар ботил, сохтани биҳишт дар рӯи замин ва дигар суханони дурӯғинашон бовар карда, ба ошӯб хестанд ва акнун марзу бумашон вайрону валангор шудаасту аз осоиштагию сатҳи баланди зист, ки пешвоёни зархарид ваъда карда буданд, дараке нест. Ин як дарси ибрат ва ҳам муштест ба даҳони онҳое, ки ақидаҳои ифротии хешро бо шиору аҳкоми муқаддаси динӣ рӯйпӯш намуда, ҳаёти осудаи моро халалдор кардан мехоҳанд. 
Сулҳу осоиштагӣ дар Тоҷикистони муосир, ки худ нооромиҳои сиёсиро аз сар гузарондааст, қадру манзалати махсус дорад. Ин неъмати бебаҳо ба туфайли заҳмати чандинсолаи давлату Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва гиромӣ доштани он аз вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад.
Маҳмадзода ҲАЙДАР, 
Фаридун ДАВЛАТОВ, 
устодони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2016    №: 230    Мутолиа карданд: 1970

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед