logo

ҳуқуқ

ХУДКУШӢ. ҶАВОНОНРО САБАҚИ ЗИНДАГӢ МЕБОЯД

Даст задан ба худкушӣ, хушунати оилавӣ ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон аз ҷумлаи масоиле мебошанд, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардаанд. Аз ин рӯ, дар шароити кунунӣ, неруҳои солимфикри ҷомеаро зарур аст, ки ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба ҷавонон сабақи зиндагӣ омӯзанд, пеши роҳи ҷудошавии оилаҳоро гиранд, фарзандонро аз навозишҳои гарми падару модар маҳрум насозанд. 
 
Дар ҷаҳони муосир худкушӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба ҳисоб рафта, аз ҷониби олимону коршиносон мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дорад. Ҳанӯз аз замонҳои қадим баъзеҳо худро ба қатл мерасонданд. Давлат, дин ва аҳли ҷомеа ин амали зишти онҳоро сахт маҳкум менамуданд ва кӯшиш мекарданд, ки ҷиҳати пешгирии он корҳои муайянро ба сомон расонанд.  Масалан, дар як ривояти юнонӣ омадааст, ки дар яке аз шаҳрҳо  ҳодисаҳои худкушӣ миёни юнонидухтарҳо зиёд гардидааст. Ҳокими шаҳр аз ин амали онҳо дар ташвиш афтода, ҳукм баровардааст, ки минбаъд агар касе ин амалро анҷом диҳад, ӯро тани урён дар майдони асосӣ ба намоиш гузоранд. Баъди ин ҳукм дар шаҳр худкушӣ аз байн рафтааст.
Дини мубини Ислом амали худкуширо ҳаром ва зишт шумурда, оятҳои Қуръон ва аҳодиси набавӣ бар зишт ва нодуруст будани ин амал далолат мекунад. Дар сураи Нисо омадааст: “Ва хештанро макушед. Ба дурустӣ, ки  Худо ба шумо Меҳрубон аст. Ва ҳар ки ба бедодӣ ва ситам чунин кунад, ӯро ба дӯзах дарорем; ва ин кор бар  Худо осон аст”.
Дар бисёр мавридҳо худкушӣ дар ҳолати ноумедӣ сар мезанад. Паёмбар (с) дар ҳадисе фармудаанд: “Ҳар касе бо ҳар роҳе худро кушт, бо ҳамон шакл ҷазо мегирад. Заҳрхӯрда фақат заҳр мехӯрад, бадоровехта ҳамеша ба дор аст. Ҳеҷ яке аз шумо талаби марг накунед, ҳеҷ гоҳ маргро пеш аз фаро расидан орзу нанамоед, зеро ҳар гоҳ ҷаҳони фаноро маҷбуран падруд гӯед, умед ба таманнои подош низ нобуд мегардад”.
Зиндагӣ баъзан инсонро бо мушкилоте рӯ ба рӯ мекунад, ки дар ҳалли он оҷизӣ мекашад ва ҳиссиёти  ноумедӣ ба ӯ ҳамла мекунад. Аслан ҳамин падидаи ноумедӣ аз бузургтарин гуноҳ маҳсуб меёбад ва набояд аз зиндагӣ ноумеду дилшикаста гашт. Маъмулан он афроде, ки даст ба худкушӣ мезананд, аз ҷумлаи нафарони ноумедгашта аз ҳаётанд. Худованд дар Қуръони карим дар  сураи Зумар, ояти 53 мефармояд: “Бигу, Эй бандагони Ман,  ки бар худ аз ҳад таҷовуз кардед, аз раҳмати Худо ноумед машавед! Ҳароина, Худо ҳамаи гуноҳонро якҷо меомурзад; ба ростӣ ки Ӯ ҳамоно Омурзгори Меҳрубон аст”. 
Имрӯз дар ҷомеаи мо кафолати зиндагии шоиста таъмин буда, бояд ба умеди фардои нек зиндагӣ кард. Дар ягон маврид инсон набояд ноумед шавад. Агар шахсе ба чунин ҳолати васваса гирифтор гардад, ҳатман  бояд ба табибон, равоншиносон ва шахсони рӯзгордидаю  таҷрибадор муроҷиат намояд.  
Аз нигоҳи дини мубини Ислом ҳеҷ кас ҳаққи куштани худ ва дигаронро надорад. Худкушӣ як навъи иҳонату хиёнат ба Худованди мутаъол аст ва онро гуноҳи нобахшиданӣ мешуморанд. Дасти ёрӣ  дароз кардан ба шахсоне, ки бар асари мушкилоти зиндагӣ аз ҷони хеш гузашта, роҳи ҳалли онро фақат дар худкушӣ мебинанд, вазифаи муқаддаси инсонӣ ва динии ҳар як шаҳрванд аст.
Муҳаммадӣ ШАРИФЗОДА,
сармутахассиси шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2016    №: 230    Мутолиа карданд: 1933

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед