logo

иҷтимоиёт

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. ҲАНӮЗ КАМБУДИҲО ҲАСТАНД

Омодагӣ ба мавсими сарди сол – тирамоҳу зимистон дар муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон ба таври қаноатбахш ба роҳ монда шудааст. 
Азбаски соҳаи маориф аз ҷиҳати фарогирии шумори зиёди ноболиғон яке аз соҳаҳои нозуктарин аст, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо дар партави ҳидоятҳои роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илм баҳри таъминоти ҳамаҷонибаи онҳо аз ҳама имкониятҳои дастрас истифода мебаранд. 
Ба қавли Ҷумъахон Идиев, мутахассиси пешбари шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, азбаски тирамоҳу зимистони соли гузашта нисбатан гарм омада буд, муассисаҳои таълимии вилоят тавонистанд зиёда аз 2693 тонна ангиштро барои имсол нигоҳ доранд. “Бояд тазаккур дод, ки дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016 - 2017 барои захира намудани сӯзишворӣ ба муассисаҳои соҳаи маорифи вилоят 7 миллиону 322 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд, ки он барои муассисаҳо пурра ҷудо гардидааст. Нақшаи захираи маводи зарурӣ 9 ҳазору 802 тонна ангишт, 30 ҳазору 471 метри кубӣ ҳезум ва 88 тоннаю 847 литр сӯзишвории нафтӣ мебошад”, - афзуд Ҷ. Идиев.
То кунун аз он миқдор ангишти пешбинишуда 9141 тонна ё худ 93,2 дарсадаш харидорӣ гардидааст. Инҳо асосан навоҳии Балҷувону Ховалинг мебошанд, ки бинобар фаровонии ҳезум дар ҷангалзорҳояшон ба ангишт ниёз надоранд. 
Дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон 216 буғхонаи гармидиҳӣ мавҷуд аст, ки аз ин шумор аллакай 158 - тояш корношоям гардидаанд. Барои барқарор кардани онҳо камобеш 40 миллион сомонӣ зарур аст. Дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Ховалинг ва Балҷувон буғхонаҳои гармидиҳӣ умуман мавҷуд нест. 
Ҷ. Идиев таъкид кард, ки баҳри назорати иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми майи соли 2016, рақами 130 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016 - 2017” то имрӯз як қатор санҷишҳо гузаронда шудааст. “Дар кадом муассисае, ки ягон навъи аловӣ набошад, ҳатман навъи дигараш ба таври кифоя таъмин гардидааст. Лекин бо вуҷуди ин, мо аз мутасаддиён иҷроиши пурраи нақшаҳояшонро талаб мекунем”, - изофа кард Идиев.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2016    №: 230    Мутолиа карданд: 1468

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед