logo

иқтисод

МУШТЕ АЗ ХИРВОР. ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ КВД "ЛОИҲАКАШ"

Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар сохтори Кумитаи  меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ яке аз муассисаҳои калонтарин ба шумор меравад. 
Фаъолияти асосии корхона аз хизматрасонӣ дар соҳаи  меъморӣ лоиҳакашӣ ва тибқи талаботи Кодекси шаҳрсозии Тоҷикистон ва  омода сохтани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои қонеъ сохтани талаботи  субъектҳои  муносибатҳо дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозию сохтмонӣ  иборат мебошад.  Ҳамчунин, омода намудани таклифу пешниҳодҳо бобати тасҳеҳи Нақшаи генералии воҳидҳои марзиву маъмурӣ, иштирок дар таҳияи  нақшаи ташкили муштамаъ ва ҳудудии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва амсоли инҳо бар зиммаи лоиҳакашҳои он вогузор гардидааст.
Корхона дар тӯли 6 соли фаъолият беш аз 465 лоиҳаи гуногунро таҳия ва коркард намуда, 48 лоиҳаро аз ташхиси давлатӣ гузарондааст. Таҳия кардани Нақшаҳои генералии маркази шаҳракҳои ноҳияҳои Вахшу Данғара, Дӯстию Ёвон ва Ховалинг кори арзишманди лоиҳакашон мебошад. Дар баробари ин, корхона ҳамасола ҳамкории худро бо фармоишгарон мустаҳкам мекунад. Яке аз натиҷаҳои ҳамкорӣ бо пешниҳоди фармоишгар – Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ таҳияи лоиҳаи мактабҳо барои 320 хонанда мебошад. Фармоиши дигар таҳияи лоиҳаи «Сохтмони варзишгоҳ барои 5000 ҷойи нишаст» дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ аст.
Корхона дар самти бо оби ошомиданӣ таъмин намудани сокинони деҳоти ҷумҳурӣ низ саҳмгузор аст. Мутахассисони коргоҳ бо супориши фармоишгар тибқи «Барномаи рушди дастгирии ҷомеа дар минтақаҳои кӯҳӣ» дар минтақаи Рашт 16 лоиҳа таҳия кардаанд.
Имрӯз лоиҳаҳои бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ таҳияшудаи мактаби № 18 – и Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ дар ноҳияи Ховалинг ва варзишгоҳ барои 3000 ҷойи нишаст дар шаҳраки Дӯстии ноҳияи Дӯстӣ дар арафаи анҷомёбист. Лоиҳаҳои Рамзи 20 – солагии «Ваҳдати миллӣ», Парчами миллӣ ва даромадгоҳи варзишгоҳ ва боғи асосӣ дар шаҳри Ваҳдат бо фармоиши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат анҷом дода шуда, бунёди онҳо идома доранд.
Кормандони корхона вақти фориғ аз кор машғули эҷод мешаванд. Онҳо лоиҳаҳои офаридаи худро дар намоишгоҳҳо ва озмунҳо ба маърази  ҳаводорони санъати меъморӣ ва мутахассисони соҳа пешниҳод мекунанд. Лоиҳаҳои бинои Порлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон,  «Меҳри модар» ва Маҷмааи «Истиқлол» дар боғи Дӯстии халқҳо, варзишгоҳи шаҳрӣ барои 28000 нафар дар кӯчаи Балъамии шаҳри Душанбе, маҷмааи варзишии баскетбол барои 8000 нафар дар шаҳри Душанбе, муште аз хирвори ҳунари соҳибҳунарони Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» мебошад.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2016    №: 230    Мутолиа карданд: 1435

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед