logo

иқтисод

БОҒДОРӢ. МУТАХАССИСОН НАБОЯД БЕТАРАФ БОШАНД

Рашт ноҳияи аграрӣ буда, дар бахши кишоварзӣ зиёда аз 75 фоизи аҳолии қобили меҳнат дорад ва барои қисми зиёди аҳолӣ ҳамин соҳа манбаи ягонаи даромад аст. Аз ҷумла, боғдорӣ соҳаи асосӣ барои хоҷагиҳои ноҳия буда, 95 дарсади хоҷагиҳо ба парвариши себу нок шуғл доранд.
Солҳои қаблӣ дар ин ноҳия  беш аз 70 дарсади сарчашмаи даромади аҳолӣ аз ҳисоби фурӯши мева ба даст оварда мешуд. Иқлими ноҳия ба кишоварзон имкон медод, ки майдони боғотро аз ҳисоби ниҳолҳои серҳосил ба тадриҷ зиёд намоянд.
Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ майдони аксари боғҳои ноҳия аз сабаби нагузарондани чорабиниҳои агротехникӣ, бахусус коркарди кимиёвӣ ба муқобили касалиҳо ва ҳашароти зараррасон дар ҳолати хушкшавӣ ва камҳосилӣ қарор гирифтанд.
Солҳои охир бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани майдони боғоти куҳна ва бунёди боғҳои нав аз ҷониби мақомоти дахлдори ноҳия ва хоҷагиҳои деҳқонии боғпарвар тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд, вале ҳанӯз дар самти ҳосилнокии боғҳои мевадиҳанда якчанд мушкилоте мавҷуд аст, ки ба рушди бемайлони соҳа монеа эҷод мекунанд.
Собиқадори соҳаи боғдорӣ Ҳодӣ Сайхӯҷаев ҳосили ками меваро ба чанд омил рабт медиҳад.
- Вақтҳои охир касалиҳои хавфноки хушккунандаи дарахтон ва ҳашароти зараррасон зиёд гардидаанд. Чанд омил аст, ки ба рушди соҳа монеа эҷод мекунад,- афзуд Ҳ. Сайхӯҷаев. - Агар дар ин хусус тадбирҳои саривақтӣ аз ҷониби масъулон андешида нашавад, рӯёндани ҳосили дилхоҳ дар гумон аст. Якум боғдорони ноҳия касалиҳои себу нокро муайян карда наметавонанд. Нуриҳои органикию минералӣ ва заҳрхимикатҳоро надониста бо нархи гарон харидорӣ мекунанд, вале суд намебахшад, зеро  дар минтақа  озмоишгоҳи муайян кардани касалиҳои дарахтон вуҷуд надорад. Дуюм дар ноҳияҳои водӣ то ҳол ҳатто ягон хоҷагии деҳқонии парвариши донаи ниҳолҳои мевадиҳанда ташкил карда нашудааст. Аз ин рӯ, боғдорони ноҳия аз минтақаҳои дигар ниҳол харидорӣ мекунанд, ки ба иқлими ноҳия тобовар нест. Ҳамчунин,  бештари онҳо дар решаҳои биҳию хирсамурут пайванд гардидаанд, ки дар байни се - чор сол хушк мешаванд. Аксари дарахтони себу ноки аз дигар минтақаҳо харидоришуда бо сабаби кам реша гирифтанашон  ҳосили бисёрро бардошта наметавонанд. Решаи дарахтони себу нок  дар ин минтақа бояд то 3 метр дарозӣ дошта бошанд, то ки ба боду борон тоб оварда тавонанд. Сеюм беназоратӣ аз болои фурӯшгоҳҳои нурӣ ва заҳрхимикатҳо мебошад. Дар назди Вазорати кишоварзӣ муассисаи давлатии муҳофизати рустаниҳо ва химиякунонии кишоварзӣ фаъолият дорад, вале аксари заҳрхимикатҳо ба тариқи қочоқ ворид мешаванд. Фурӯшандаҳои ноҳияи мо аз ҳамин ҷойҳо заҳрхимикат мехаранд ва онҳоро дар ҷойҳои ба талабот ҷавобгӯ нигоҳдорӣ намекунанд.  Муҳлати истифодабарии онҳоро низ касе назорат намебарад. Чорум дониши касбии боғдорони имрӯза дар сатҳи паст қарор дорад. Аксари онҳо хушкшавӣ ва камҳосилии дарахтонро аз рӯи кадом беморӣ ё ҳашарот фарқ карда наметавонанд. Кай истифода бурдани заҳрхимикат ва нуриро намедонанд. Аз ин рӯ,  дар ноҳия зарурати ташкили гурӯҳи махсуси пешгирӣ оид ба паҳншавии ҳашаротҳо ва ҳимояи маҳсулоти кишоварзӣ бо истифодаи усулҳои агротехникӣ, механикӣ, биологӣ ва кимиёвӣ ба миён меояд, - гуфт ӯ.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2016    №: 230    Мутолиа карданд: 1432

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед