logo

иқтисод

ҲАЙВОНОТИ НОДИР. ЧАРО ШИКОРИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ОНҲО ҶИЛАВГИРӢ НАМЕШАВАД?

Тибқи иттилои шуъбаи оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, давоми соли ҷорӣ 12 ҳолати шикори ғайриқонунии ҳайвоноти нодир, ки ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохиланд, ба қайд гирифта шудааст. Нисбат ба шахсони қонуншикан протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, масоили мазкур ҳамоно мавриди таваҷҷуҳи махсуси коршиносони соҳа қарор дорад. 
 
Баргузории мизи гирди байналмилалӣ бо ҷалби 90 мутахассиси тоҷик ва олмонӣ дар меҳмонхонаи «Serena» - и пойтахт низ ба ҳалли ҳифз, нигоҳдорӣ ва истифодаи устувори ҳайвоноти нодир мебошад. Муҳимияти масъала ин аст, ки даромад аз ҳисоби шикори ҳайвонот дар баробари ҳифз ва нигоҳдорӣ бояд ба рушди  иқтисодиву иҷтимоии хоҷагиҳои маҳаллӣ, хусусан хоҷагиҳои минтақаи дурдасти кӯҳистон равона гардад. Масалан, аз рӯйи таҷрибаи ҷаҳонӣ ва тартиботи қонунгузории мамлакат оид ба шикор, 40 дарсади маблағ бояд аз ҳисоби даромади шикор ба суратҳисоби махсуси худидоракунии шаҳрак ва деҳот, 20 дарсад ба фонди махсуси ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда ва 40 дарсади дигар ба суратҳисоби мақоми ваколатдори давлатӣ барои гузарондани мониторинги ҳайвоноти шикорӣ, устувор гардондани заминаи моддию техникӣ, ҳифз, назорат ва таъмини дигар хароҷот ирсол гардад. Барои пешбурди соҳаи шикор сафири Ҷумҳурии Федералии Олмон Фолд Грин, таҷрибаи давлатҳои пешрафта, хусусан давлати Непалро пеш овард, ки маҳз бо даромад аз ҳисоби шикор тавонист фаъолияти хоҷагиҳои маҳаллӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва бахшҳои хусусиро рушд диҳад, соҳаи сайёҳии шикорро пеш барад. Ба гуфтаи ӯ, “Тоҷикистон  низ дорои захираҳои ғании ҳайвоноти нодир буда, барои рушди сайёҳии шикор имкониятҳои васеъ дорад. Сафари чандрӯзаи меҳмонони хориҷӣ ба хоҷагиҳои шикори “Саиди Тагноб” ва “М-Сайёд” низ маҳз ба хотири омӯзиш ва пайдо кардани роҳҳои идоракунии олами ҳайвонот буд, ки таассурот ва натиҷаи хуб дод. Аз ин рӯ, давлати Олмон омода аст, барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти рушди хоҷагиҳои шикор тадбирҳои беш аз пешро роҳандозӣ намояд. Барои ин, зарурати ҳамоҳангсозии қонунгузории маҳаллӣ бо таҷрибаи ҷаҳонӣ муҳим аст”. 
Мутаассифона, дар ҷумҳурӣ аз сабаби пардохт нашудани маблағ ба суратҳисоби баъзе аз хоҷагиҳои шикор, масоили аз ҷиҳати моддию техникӣ таъмин гардидани онҳо ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Набудани инфрасохтори зарурӣ низ ба рушди соҳаи шикор монеа эҷод мекунад. Саидзода Мадиброн Икром, директори Муассисаи давлатии ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда, дар баробари ҳифз ва нигоҳдории ҳайвоноти нодир, ки дар тавозуни муассисаанд, аз пардохт нашудани маблағи даромад аз ҳисоби шикори ҳайвонот чунин ибрози андеша кард: “Агар шикор ҳатто дар дохил ё наздикии ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда анҷом ёбад ҳам, ягон маблағи даромад аз ҳисоби шикор ба фонди махсус ворид нашудааст. Ин ҷо шикори ғайриқонунӣ имкон намедиҳад, ки хоҷагиҳои шикор, бахшҳои хусусӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии шикор дар пешрафти соҳа муваффақ гарданд”. Феълан барои дастгир кардани браконйерон (қочоқчиён) ҷиҳати аз байн бурдани шикори ғайриқонунӣ аз ҷониби мақомотҳои дахлдор мукофот дар ҳаҷми 500 доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст. Масъулон умед доранд, ки иқдоми мазкур каме ҳам бошад, дар пешгирии ин амал мусоидат мекунад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ шумораи бузи морхӯр 1 438 сар мебошад, ки дар чор соли охир 420 сар зиёд шудааст. Натиҷаи мониторинги соли 2007 – ум маълум кард, ки саршумори умумии гӯсфанди кӯҳии Марко Поло 20 ҳазорро ташкил медиҳад. Аммо шумораи гӯсфанди бухороӣ, севертсев ва бабри барфӣ, ки дар баландии то 5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд, дар ҳолати нестӣ қарор доранд. Барои дар табиат нигоҳ доштани ин ҳайвонот, ки ба Китоби сурх шомиланд, зарурати идоракунии олами ҳайвонот бо назардошти рушди хоҷагиҳои шикор дар маҳаллҳо ва ба ин восита мустаҳкам гардондани нақши онҳо дар қабули қарорҳо нисбат ба рушди соҳа, бавуҷудории зоти ҳайвоноти аз табиат баромада, гузарондани  мониторинги доимии ҳайвонот, таъмини онҳо бо ғизо  пеш омадааст. Ҳамчунин, пурзӯр кардани назорат дар сарҳади гумрукӣ, андешидани тадбирҳои биотехникӣ дар шикоргоҳҳое, ки дар онҳо шахсони ҳуқуқӣ барои пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор ҳуқуқ надоранд, барои пешбурди соҳа замина мегузорад. 
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2016    №: 230    Мутолиа карданд: 1541

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед