logo

сиёсат

ПАРЧАМ РАМЗИ ИФТИХОРУ САРФАРОЗИСТ

Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои давлат ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардуми шарафманди Тоҷикистон мебошад. Ин аст, ки сокинони кишвар дар раванди дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Парчами давлатиро ҳар сол бошукӯҳ таҷлил менамоянд. 
Сарвари давлат 3 ноябри соли 2009 лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд. Мувофиқи лоиҳа Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани 24 ноябр ва ҳамчун рӯзи ид ҷашн гирифтани он дар назар дошта шуда буд. Маҷлиси намояндагон қонуни мазкурро қабул намуд ва 19 ноябр онро узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд. 
Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат маҳсуб меёбанд. Онҳо нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб мераванд. Дар ҳар давлати озоду соҳибихтиёр Парчам чун муқаддасоти миллӣ рамзи соҳибистиқлолӣ, шукӯҳу шаҳомати давлатдорӣ азизу мӯътабар ҳисоб ёфта, арзиши бебаҳоеро соҳиб аст. 
Инак, Парчами давлатии мо дар фазои Тоҷикистон партавафшонӣ намуда, аз истиқлолияти комили давлатдории тоҷикон, нуфузи баланди хориҷии он, дастоварду пешрафти халқамон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ башорат медиҳад. Халқи тоҷик зери партавфишонии  Парчами давлатӣ дар як муддати кӯтоҳ тавонист, ки на танҳо иқтисодиёти таназзулёфтаро барқарор сохта, ба зиндагии худ маънии тоза диҳад, балки дар ҳалли бисёр масъалаҳои ҳалталаби сиёсии ҷаҳонӣ ташаббускорӣ зоҳир намояд. Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар гӯшаҳои гуногуни сайёра, чи дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, чи дар анҷуманҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои бонуфузи варзишӣ баланд гашта, аз гулгулшукуфӣ ва пешрафти давлати тоҷикон, баланд гаштани мақому манзалати он дар арсаи байналмилалӣ башорат медиҳад. 
Эълон шудани Рӯзи Парчами давлатӣ воқеаест фараҳбахш ва баргузории он дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро садчанд зиёд менамояд. Ба қавле, агар Суруди миллӣ қалби миллатро ифода кунад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Зеро ҳар ҷо Парчам барафрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯи он менигаранд ва дар вуҷудашон эҳсоси ватандориву меҳанпарастӣ меафзояд. Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, гузаштаи дур ва имрӯзи фирӯзу фардои дурахшони халқ аст.
Ба наздикӣ бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати мамлакат  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон  тағйирот ворид гарид, ки бар асоси он  ба шаҳрвандони кишвар ҳуқуқи истифодаи Парчам дода мешавад. Бо қабули меъёри мазкур шаҳрвандон ҳуқуқ пайдо карданд, ки  аз ин рамзи муқаддаси давлатӣ истифодаи  ватандӯстона  намоянд.  Ин ифтихорест, ки ба шарофати истиқлолият ба мо насиб гаштааст. 
Суҳроб  РӮШАНЗОДА,
муовини  якуми  раиси  
суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2016    №: 230    Мутолиа карданд: 1766

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед