logo

фарҳанг

САНЪАТИ РАҚС. НАХУСТИН ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

20 – 21 ноябри соли ҷорӣ дар доираи тадбирҳо вобаста ба Ҷашни 100 – солагии асосгузори санъати хореографияи тоҷик, Артисти халқии СССР, барандаи мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ - Ғаффор Валаматзода, ки тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО таҷлил карда мешавад, дар толори раёсати Академияи илмҳои ҷумҳурӣ конференсияи байналмилалии илмии «Рақс – падидаи муассир дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» доир гардид. Дар он намояндагони илму фарҳанг ва корпусҳои дипломатии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва Озарбойҷон дар Тоҷикистон ширкат варзиданд. 
 
Ҳамоиши мазкур нахустин конференсияи байналмилалии илмӣ доир ба рақс  буда, дар он масъалаи мубрами таърихию назарии санъати хореография чун қисми муҳиму таркибии тамаддуни халқҳои Осиёи Марказӣ дар иртиботу ҳамсонӣ бо кору пайкори устоди ҳунари рақс Ғаффор Валаматзода мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Дар ҳамоиши илмӣ вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, докторони илмҳои таърих - Аскаралӣ Раҷабов, Лариса Додхудоева, Баҳринисо Қобилова, фалсафа - Саъдулло Раҳимов, номзадҳои илмҳои таърих - Абубакр Зубайдӣ, педагогӣ Шариф Комилзода, ҳунаршиносони варзидаи Ӯзбекистон - Қундуз Миркаримова, Тоҷикистон - Назокат Қиличева ва Манзура Ҳасанова, Ҳунарпешаи халқии СССР Ҷӯрабек Муродов доир ба масоили ташаккулу рушди санъати рақси касбии тоҷик дар ҳамоҳангӣ бо санъати хореографии мардуми Осиёи Марказӣ, арзишҳои бадеии он, саҳми Ғ. Валаматзода дар ташаккули рақс сухан ронданд.
Ҳунаршиносон санъати хореографиро аз дидгоҳҳои гуногун мавриди таҳқиқ ба баррасӣ қарор дода, таъкид карданд, ки фаъолияти эҷодию ҳунарии Ғаффор Валаматзода дар фарҳанги садаи ХХ падидаи нодир аст. Аксари ширкатдорони ҳамоиш саҳифаҳои тозаи фаъолияти ҳунармандро дар ҳамсонӣ бо равандҳои умумии фарҳангии қарни гузашта ва бо такя бар асноди нав натиҷагирӣ намуданд. Новобаста аз он, ки баъзе аз маърӯзаҳои илмӣ дар шакли гузориш пешкаш гардиданд, дар онҳо таҳлили масоили марбут ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Валаматзода, мушкилоти рушди санъати хореографӣ дар қарни гузашта ва вазъи кунунии он дар сатҳи баланди илмӣ қарор гирифтанд. Хидматҳои шоистаи Валаматзода дар ташаккул ва пешрафти дастаҳои мусиқӣ, театри касбӣ, санъатҳои хореография, кинематография, ҳунарҳои коргардонӣ ва саҳнаороӣ муассир буда, ин паҳлуҳои рангини фаъолияти эҷодии устоди рақс дар гузоришоти муҳаққиқони саршинос ба пояи тозатарин мавод ва ҳамаҷониба таҳқиқ шуданд. 
Пажӯҳиши олимон дар як таҳқиқоти дастаҷамъонаи академӣ доир ба масоили таърих ва назарияи рақс, ҳунарҳои намоишӣ ва дар ҳамсонӣ бо дигар анвои эҷодиёти бадеӣ, китоб – муаррифнома ва албоми мусаввараҳою феҳристи зиндагиномаи ҳунарманд ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардиданд. 
Бо кӯшиши олимони тоҷик филми «Ғаффор Валаматзода – устоди ҳунар» таҳия ва манзури ихлосмандони ӯ гардид. Қобили зикр аст, ки ба ғайр аз ҳамоиши мазкур дар муассисаҳои илмию фарҳангии ҷумҳурӣ чандин намоишу суҳбатҳо ташкил карда шуданд.      
Дар баробари омӯзиш ва баррасии фаъолияти пурсамари эҷодии Ғ. Валаматзода хуб мешуд омӯзиши мероси бадеии устодони дигари санъати хореографияи тоҷик - Азиза Азимова, Ашӯра Носирова, Лутфӣ Зоҳидова ва дигарон низ ташкил карда шавад. 
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2016    №: 231    Мутолиа карданд: 1713

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед