logo

сиёсат

«ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОР» АЗ КУРУШИ КАБИР ТО АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Дар идомаи ҷашнҳои бузурги  миллӣ - Рӯзи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Донишкадаи кӯҳии металлургӣ муаррифии асарҳои тозаэҷоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» ва  «Забони миллат – ҳастии миллат» доир гардид. 
 
Ректори  донишкада Мухтор Фозилов ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, оид ба заҳмат ва талошҳои пайвастаи Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушду нумӯи кишвари соҳибистиқлоламон ёдоварӣ намуд. 
Сипас, зимни рӯнамоии китоби тозанашри Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор», дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии иҷтимоӣ Кибриёхон Атоева  иброз дошт,  ки  асар оид ба кору пайкори сарсупурдагони миллат – Куруши Кабир, Спитамен, Маздак, Нусратулло Махсум, пешвоёни дину оини ростин – Паёмбар Муҳаммад (с), Зардушт, Имоми Аъзам, чеҳраҳои баргузидаи адабӣ – Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Турсунзода ва мубаллиғони сулҳу ваҳдат, адолат, дӯстиву рафоқат – Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Сотим Улуғзода ва амсоли инҳо ҳикоят мекунад. 
Бино ба хулосаи Кибриёхон Атоева асари «Чеҳраҳои мондагор» дар радифи «Табақот ус-суфия» - и Абдураҳмони Сулламӣ, «Тазкират ул-авлиё» - и Аттори Нишопурӣ, «Нафаҳот ул-унс»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва «Сафинат-ул-авлиё» - и Шоҳзода Муҳаммад Дорошукӯҳ қарор дошта, ҷовидонӣ боқӣ хоҳад монд.
Мудири кафедраи забонҳо Мавлуда Аминҷонова  ҳангоми муаррифии китоби дигари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» зикр кард, ки китоби  мазкур   дар асоси  сарчашмаҳои  маълуму дастрас ,  асноди   илмии  машҳур ва андешаҳои дар миёни  донишмандон таҳия гардида,  ҷанбаи  маърифатӣ дошта,  ба мақсади огоҳии  бештари  ҳамватанони азиз  аз таърихи забони модарии хеш, бо сабки илмию оммавии қобили  фаҳми табақоти  мухталифи ҷомеа навишта шудааст.
Манзура САЙДУЛЛОЕВА, номзади илмҳои педагогӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2016    №: 231    Мутолиа карданд: 1753

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед