logo

ҳуқуқ

ҚАРЗҲОИ ИМТИЁЗНОК. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ОНҲО БА РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ МУСОИДАТ МЕНАМОЯД

Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 - 2019 - ум 58 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 98 созишномаи қарзии дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро дар бар мегирад. Азхудкунии маблағҳои умумии қарзҳои амалкунанда аз рӯи барномаи пешниҳодгардида ба ҳолати якуми январи соли  2016 - ум 167  миллион долларро ташкил медиҳад. Дар давраи миёнамуҳлат азхудкунии маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми 916.8  миллион доллар пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, азхудкунии маблағҳо то охири соли ҷорӣ 241 миллион доллар, соли 2017 - ум 206.4 миллион доллар, соли 2018 - ум 203.48 миллион доллар ва дар соли 2019 - ум 265.71 миллион доллар пешбинӣ гардидааст.
Қурбониён Абдусалом, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии барномаи мазкур дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон зикр намуд, ки мақсади асосии он баланд бардоштани самаранокии назорат, ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирӣ аз ҷамъшавии назоратнашавандаи қарзҳои беруна мебошад. Самаранок амалӣ намудани барнома  имкон медиҳад, ки ҳангоми маҳдуд будани имкониятҳои молиявии Буҷети давлатӣ ва захираҳои қарзии дохилӣ барномаҳои иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ гардида, айни замон ба рушди бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, ки вазъи иқтисодиёти воқеиро муайян менамоянд, дастгирии зарурӣ расонда шавад.
Зикр гардид, ки дар доираи барнома бо  Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Хазинаи Саудии рушд, Хазинаи Кувайтии рушд, Хазинаи Абу Даби, Хазинаи  Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки воридотии Ҷумҳурии Халқии Хитой, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Фонди зиддибуҳронӣ, Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ, Бонки осиёии инфрасохтор созишномаҳои қарзӣ баста  шудаанд. Ҳамаи қарзҳо дар барномаи зикргардида имтиёзнок буда, барои давраҳои дарозмуддат аз 20 то 40 сол дода мешаванд. Меъёри фоизҳо аз 0.15 то 2 фоизи солона ва давраҳои имтиёзнокӣ аз рӯи баргардондани қарзҳо аз 5 то 20 солро  дар бар мегиранд. 
Вазири молия таъкид бар он дошт, ки татбиқи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 - 2019 ба вусъат бахшидани рушди устувори соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола  мусоидат хоҳад кард. 
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2016    №: 231    Мутолиа карданд: 2081

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед