logo

сиёсат

ПАРЧАМ. РАМЗҲОИ НУҲУФТА

“Парчам ва ойини парчамдорӣ дар миёни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо мақоми шоиста дорад ва ҷузъи муҳими фарҳанги давлатдории миллии мо ба ҳисоб меравад”.
Эмомалӣ РАҲМОН 
Дар парчами миллии мо, бавижа дар рангҳои он рамзу асроре нуҳуфтаанд. Масалан, се ранге, ки дар парчами кишвари мо мавҷуданд, инҳо ифодакунандаи се марҳалаи таърихии фарҳангу дину эътиқоди ниёгони мо мебошанд. Ранги сурх ишораи рамзӣ ба замони ориёиҳо аст, яъне аз қадим ориёиҳо ойини митрозим ё бо номи дигар – меҳрпарастӣ доштанд. Митро ё Меҳр, дар тасаввуроти ориёиҳо, Худои фурӯғу рӯшноӣ ва эзади нурҳои офтоб буд, ки рангаш тиллоиву сурх аст. Агар мо ба устураҳои қадими ориёиҳо ва навиштаҳои Авесто таваҷҷуҳ кунем, ин мазмун дар он ҷо хеле хуб инъикос ёфтааст. Ва ҷашни Меҳргон низ марбути ин ойин буда, ки  дар тирамоҳ асту ҳамаи табиат рангҳои сурху заррин доранд. Дар ҷашни Меҳргон подшоҳон ва дигар аъёну ашроф ҷомаҳои сурх мепӯшиданд. Дар ойини дигари митроӣ Шаби Ялдо ба дастархони маросимӣ анор ва тарбузи сурх мегузоштанд. Ин сурхигузориҳо аз он ҷо маншаъ мегирад, ки вақте офтоб тулӯъ мекунад, аз шафақи он ранги осмон сурхчатоб мегардад. Ҳамин тариқ, ранги сурх ба ойинҳои меҳрпарастӣ марбут мебошад, ки то ба имрӯз унсурҳо ва бозмондаҳои он дар фарҳанги мардуми тоҷик ба назар мерасанд. 
 Ниёгони мо пас аз ойини меҳрпарастӣ  кеши зардуштиро қабул кардаанд. Яке аз хусусиятҳои фарҳангии ойини зардуштӣ интихоби ранги сафед дар аксари расму одат ба шумор мерафт. Либосҳои ибодатии зардуштиён сафед низ аст. Ранги сафедро дар ороиши хона, вақти ҷашни арӯсӣ, дар иҷрои баъзе расмҳо истифода менамуданд. То ба имрӯз бисёр суннатҳое дар фарҳанги мардуми тоҷик дорем, ки аз сафедписандии мардум дарак медиҳанд. Чунончи, дар арафаи ҷашни Наврӯз девори хонаҳоро сафед кардан, рӯи суфраи наврӯзӣ ниҳодани хӯрокҳои сафедранг, аз ҷумла, хӯрокҳое, ки аз шир ва ё биринҷ таҳия мешаванд, гузоштани паниру ҷурғоту саршир ва ғайра. Инчунин, ба дастархони наврӯзӣ сирпиёз мегузоранд, ки рангаш сафед аст, себ мегузоранд, агар себро пора кунем дарунаш ранги сафед дорад, санҷид низ мегузоранд, агар санҷидро пора кунем, дарунаш сафед аст. 
Дар деҳоти Бадахшон одате мондааст, ки дар Наврӯз ба хонаҳои якдигар меҳмон мешаванд ва соҳибхона ба китфи меҳмон орди сафед мепошад. Дар маросими ордбезон бонувон ордро мебезанд ва дар рӯйи якдигар шӯхиомез орд мемоланд, ки ин амал аз рамзу асрори ранги сафед реша мегирад. Арӯс пироҳани сафед дорад, дар маросимҳои азодорӣ бонувон рӯймоли сафед ва куртаҳои сафедчатоби бегул мепӯшанд ва ғайра.
Мо гуфта метавонем, ки ранги сафед дар фарҳанги мардумӣ мақоми хоса дорад ва барои ҳамин ҳам ин ранги сафед дар парчами мо ҷойгоҳи худро ёфтааст. Дар фарҳангу асотири мардумони ориёӣ ранги сафед рамзи бегуноҳӣ, беолоишӣ, рамзи покӣ аст. Покӣ аз ҳамаи гуноҳҳо, андешаву нияти сафед доштан аст. Дар омади сухан бояд ёдрас шуд, ки номи яке аз қаҳрамонони бостонии мо Спитамен аст ва маънои ин ном «шахси дорои андешаи сафеду пок» мебошад. Инчунин, дар ҳангоми якдигарро ба сафар гусел кардан мо тоҷикон «роҳи сафед» мегӯем, яъне роҳи бехатар, роҳи амн мехоҳем. Хулоса, ранги дувуми парчами мо ишора ба ана ҳамин ақоиди фарҳангии мардуми тоҷик, ки аз давраҳои қадим ранги сафедро афзал шумурдаанд. 
Дар зинаи дигар ё қабати сеюми парчами мо ранги сабз ҷойгир шудааст. Ранги сабз ба маънои кулл рамзи сабзиши гиёҳон, нашъунамо, хуррамӣ ва фаровонӣ ба шумор меравад. Дар давраҳои қадим, тибқи асотири Эрони бостон, Сиёвуш эзад ё Худои олами гиёҳон будааст, ки дар тирамоҳ мефавтад ва дар баҳор дубора зинда мешавад. Яъне, баробари он, рустаниҳое, ки барг мекушоянду сабз мешаванд, Сиёвуш дубора, гӯё, ранги сабз гирифта ба дунё бармегардад.  Дар устураҳои ориёӣ, ки дар Авесто инъикос ёфтаанд, нахустин ҷуфти башар – Машийа ва Машйона дар шакли  буттаи ревоҷ ё ревос (чукрӣ) аз замин рӯидаанд, яъне дар қолаби бутта рӯидаанд ва сипас, сурати инсониро гирифтаанд. Ранги сабзро инчунин, дар Авесто ранги Аҳурамаздо медонистанд. Зеро ӯ Худои офаридгор ба ҳисоб мерафт. Инчунин, гиёҳи муқаддаси ҳаум ва испанд низ аз қадим дар фарҳанги мардуми эронитабор ҷойгоҳи мумтоз доштаанд. 
Дар бозёфтҳои археологӣ, намунаҳои тасвирӣ, дар  афсонаву ривоятҳо ва бовару ақидаҳо роҷеъ ба дарахтони муқаддасу ғайриодӣ, масалан, дарахти ҳаёт, тасвирҳои гуногун зикр шудаанд. Чунончи, дар афсонаи «Духтари ҷасур» қаҳрамондухтар барги дарахтро гирифта ба чашми нобинои падараш мемолад, ӯ дарҳол бино мегардад. Ё худ дар бораи дарахти арча ё  бурс, ки ҳамеша сарсабз аст, ривоятҳои гуногун эҷод шудаанд. Чунин тасвири рамзомези гиёҳони сарсабз дар фарҳанги мардуми мо зиёданд. 
Баъдтар мо ранги сабзро дар дини мубини Ислом мебинем, ки  мазмуну тафсири дигар пайдо карданд. Ранги сабз дар  ислом рамзи тарвиҷ ва сабзишу зоиш аст.  Ба андешаи баъзе муҳаққиқон, ранги сабз рамзи таслим ба шумор меояд. Вақте кас ранги сабзро мебинад, масалан, муҳити сабзро мебинад, вуҷудаш сусту ором мешавад. Яъне, дар муқобили табиати сабз таслим мегардад. Дар ривоятҳои марбут ба ҳазрати Хизр, ё пешвоёни дин онҳо бо ҷомаи сабз намудор мешаванд. Гумбазҳои мақбараву мадрасаҳоро низ ранги сабз мекунанд. Ҳамин тариқ, ранги сабз дар фарҳанги мо ҳам хеле мавқеи муҳим дорад, аз як тараф он агар ранги хоси дини Ислом бошад, аз ҷониби дигар он рамзи сарсабзиву хуррамӣ аз давраҳои қадимтарин ҳамқадами ниёгони мардуми тоҷик будааст. Ранги сабз рамзи кишоварзию деҳқонӣ ба шумор рафта, далели он аст, ки ниёгони тоҷикон аз даврони қадим мардумони муқимӣ ва зироаткору боғдор будаанд. Кишвари мо ҳам саросар ҳама ҷо сабз аст. 
Ва, ниҳоят, мо дар маркази Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тоҷро мебинем, ки ба худ ҳикмату маънии фаровон дорад. Тоҷи заррин ишора ба соҳибтамаддун будани  мардуми тоҷик мебошад.  Ин рамз собит месозад, ки аҷдоди тоҷикон шаҳрнишин буданд, шаҳрсоз буданд, ободгар буданд ва то имрӯз  ҳастанд. Бинобар ҳамин андешаҳо,  рамзҳои Парчами мо хеле амиқу пурҳикмат ва таҷассумгари таъриху фарҳанги миллии мо мебошанд. 
Чуноне ки Пешвои миллат фармудаанд:
«Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату ватандорӣ, ҳифзи истиқлолияту дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад». 
Дилшод РАҲИМОВ,
номзади илми филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2016    №: 231    Мутолиа карданд: 2094

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед