logo

сиёсат

ҚАБУЛИ ЭЪТИМОДНОМА АЗ 14 САФИРИ НАВ

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14 Сафири фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимоднома қабул намуданд.
Дар ин рӯз ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи дуруду шодбошҳои роҳбарони кишварҳои худ Сафири фавқулода ва мухтори Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Муҳаммад ал - Бодӣ, Ҷумҳурии Туркия Алӣ Рифат Коксал, Ҷумҳурии Фаронса хонум Ясмин Гуедар, Ҷумҳурии Италия Андреа Бертоззи, Ҷумҳурии Австрия Герхард Сайллер, Шоҳигарии Нидерландия Дирк Ян Кооп, Ҷумҳурии Юнон Андреас Фриганас, Ҷумҳурии Чехия Ярослав Сиро, Конфедератсияи Швейтсария Урс Шмид, Ватикан Фрэнсис Ассизи Чулликатт, Ҷумҳурии Молдова Думитру Брагиш, Ҷумҳурии Корея Квон Ён У, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Маҷибул Раҳман Буиян ва Зеландияи Нав Иэн Александр Хилл эътимоднома супориданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони навтаъйинро барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, изҳор дошт, ки Тоҷикистон бо доираи васеи мамолики сайёра ҳамкории судманду баробарманфиати сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарии дуҷониба ва бисёрҷонибаро васеъ ба роҳ монда, дар ин замина ба рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи худ бо кишварҳои олами Араб, Аврупо, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Ҷанубӣ, инчунин бо кишварҳои доираи ИДМ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд.
Изҳори итминон карда шуд, ки сафирони тозатаъйин барои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон талоши бештар намуда, дар рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстонаи байнидавлатӣ саҳми муносиб мегузоранд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2016    №: 231    Мутолиа карданд: 1869

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед