logo

иҷтимоиёт

КВОТА. ДОХИЛ ШУДАН ҲАНӮЗ МАҚСАДИ НИҲОӢ НЕСТ!

Ҳоло ба мардуми ноҳияи Тоҷикобод як беморхонаи марказӣ, 3  минта-қавӣ, 6 маркази саломатӣ, 20  бунгоҳи тиббӣ, 7  маркази махсусгардондашуда хизмати тиббӣ мерасонанд. Ба ҷуз ин, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни ҷамоатҳои  деҳоти ноҳия, аз ҷумла муассисаҳои таълимию табобатӣ, пайваста корҳои профилактикиро роҳандозӣ месозад. 
Баҳри пешгирӣ намудани бемориҳои гуногун, баланд бардоштани фарҳанги тиббии мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад. Натиҷаи чунин талошҳо буд, ки сатҳи таваллуд намудани занон дар хона коҳиш ёфт. Дар 9 моҳи соли равон аз 934 нафар модарон 600 нафари он дар беморхона тифл ба дунё оварданд.
Маркази бемориҳои сил аз аввали соли ҷорӣ 27 - нафар беморро ба қайд гирифтааст, ки аз ин шумора 14 нафарашон мард, боқӣ  занон мебошанд. Марказ беморонро бо доруворӣ таъмин намуда, ба онҳо кумаки молиявӣ низ мерасонад. 
Тибқи иттилои сартабиби беморхонаи марказии ноҳия Қадим Тӯйчиев соли равон баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ шуъбаи таваллудхона  пурра  таъмир гардид. Шуъбаи бемориҳои дарунӣ низ аз ҳисоби соҳибкорон  ва буҷети маҳаллӣ таъмир шуд. Бинои беморхонаи маркази саломатии ноҳия бошад, аз ҳисоби маблағҳои фонди Оғохон таъмир шуд. Дар деҳаи Файзбори ноҳия бахшида ба 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои бунгоҳи тиббии замонавӣ сохта, бо таҷҳизоти нави замонавӣ муҷаҳҳаз гардид. 
Таъмини муассисаҳои тиббии ноҳия бо кадрҳои баландихтисос омили асосии пешрафт дар самти хизматрасонии тиббӣ ба шумор меравад. Аммо дар ин самт муассисаҳои тиббии ноҳия мушкил доранд. Албатта, ин мушкилро беморхонаҳо аз ҳисоби донишҷӯёне, ки тибқи квотаи президентӣ донишгоҳу донишкадаҳои тиббиро хатм кардаанд то андозае рафъ сохтанд. Вале нарасидани мутахассисон дар соҳаи тандурустӣ ҳамоно эҳсос мегардад. Ҳоло муассисаҳои тандурустии  ноҳия ба духтурони оилавӣ, рӯҳшинос, нарколог, силшинос, кӯдакона, сироятӣ,  эҳёгар ниёз доранд. Дар  минтақаҳои дурдаст педиатрҳо, ҳамшираҳои шафқат,  момодояҳо намерасанд. 
Яке аз сабабҳои  норасоии кадрҳо баъди хатми донишгоҳу донишкадаҳо ба ноҳия барнагаштани донишҷӯёне мебошад, ки  тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд. 
Ба хотири бартараф намудани ин мушкилӣ, чанде пеш раиси ноҳия  бо донишҷӯёне, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои тиббӣ тибқи квота таҳсил менамоянд, вохӯрӣ намуда, таъкид сохт, ки мақсади тибқи квота таҳсил намудани онҳо рафъ намудани норасоии кадрҳо дар соҳаҳои гуногун аст. Аз ин рӯ, баъди хатми донишгоҳ ба ноҳия баргаштани онҳо ҳатмист.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2016    №: 232    Мутолиа карданд: 1466

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед