logo

ҳуқуқ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. САФИ ИХТИЁРИЁН МЕАФЗОЯД, ВАЛЕ...

Нақшаи  даъвати  тирамоҳии ҷавонон  ба  сафҳои  Қувваҳои  Мусаллаҳи Тоҷикистон  дар    Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  пеш  аз  муҳлат иҷро  гардид. 
Беҳрӯз Саидиброҳимов, муовини комиссари ҳарбии вилоят, аз он изҳори  қаноатмандӣ  намуд, ки сафи ихтиёриён ба  хизмати  ҳарбӣ  дар  вилоят  рӯ  ба  афзоиш  дорад. Шумораи  ҷавонони  маълумоти  олидор  дар  байни  сафарбаршудагон  ба  сафи  Артиши миллӣ  низ  сол  ба сол  меафзояд. Ин буд, ки имсол ҳангоми даъвати  тирамоҳӣ  32 дарсади  шаҳрвандони  ба хизмати ҳарбӣ сафарбаргардидаро  ҷавонони  маълумоти  олидор  ташкил доданд. 
Беҳрӯз Саидиброҳимов фаъолияти  хуби комиссияҳои даъвати ноҳияи Дарвоз, ки нақшаи  даъватро  дар  рӯзи аввал  ба  иҷро расонд, ноҳияҳои Ишкошим ва  Рӯшонро, ки аз иҷрои  нақша дар  даҳаи  аввали мавсим мужда доданд, шоистаи таҳсин хонда,  иброз дошт,  ки комиссияҳои  даъватии на  ҳамаи  ноҳияҳо вазифаи худро мувофиқи матлаб ба ҷо меоранд. Мутобиқи  моддаи 24 - и Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Дар  бораи  уҳдадории  умумии ҳарбӣ  ва хизмати  ҳарбӣ” ҳамаи аъзои  комиссияи даъват бояд  ба таври  доимӣ  дар кори комиссия иштирок намоянд. Вале  мушоҳидаҳо нишон  медиҳанд, ки  раисони  комиссияҳои  даъват  ва  бисёре аз аъзоёни он на ҳама вақт вазифаҳои худро мунсифона иҷро менамоянд. Ҳамин  аст, ки дар  баъзе ноҳияҳо   иҷрои  нақшаи  даъват  бо  мушкилӣ  таъмин  мегардад.            
Зикр гардид, ки фаъолияти  комиссияҳои тиббиро низ дар маъракаи  даъват қонеъкунанда арзёбӣ наметавон  кард.  
- Сифати муоинаи  тиббии шаҳрвандон  ҳангоми  гузарондани  диспансеризатсияи  наврасон, бақайдгирии  ибтидоӣ ва даъват ба  хизмати  ҳарбӣ беҳбудии  ҷиддӣ металабад, - афзуд Беҳрӯз Саидиброҳимов. Аксари  чунин чорабиниҳо дар  ҷамоатҳои деҳот, бунгоҳҳои тиббӣ  ва  мактабҳо  гузаронда  мешаванд, ки  ин  натиҷаи  дилхоҳ  намедиҳад. Зеро онҳо ба таҷҳизоти  тиббӣ барои ташхиси хун, пешоб, шуш (флюрография), дил (ЭКГ), гурда, ҷигар, талха (ултрасадо) таъмин нестанд. Дар  ноҳияҳои  Ишкошим, Мурғоб ва  Роштқалъа  бошад, аз  рӯи  баъзе  ихтисосҳо  табибон  намерасанд.  
Ба  гуфтаи  ҳамсуҳбати мо, агар дар  шаҳру  ноҳияҳои вилоят ба  ҳалли  ин  масъалаҳо  бештар таваҷҷуҳ  намоянд, имконият  аст, ки   вилоят  нақшаи  даъватро  дар  рӯзҳои  аввали  маърака   ба  иҷро  расонад. Ва  ҳавасмандии  рӯзафзуни  ҷавонон ба  хизмати   ҳарбӣ  далели ин гуфтаҳо мебошад.
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2016    №: 232    Мутолиа карданд: 2042

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед