logo

фарҳанг

ЁДЕ АЗ АБРОР ЗОҲИР

Ба хотири гиромидошти нависандаи сермаҳсул ва навовари тоҷик дар Китобхонаи шаҳрии  ба номи Абулқосим Лоҳутӣ маҳфили адабӣ доир гардид. 
Аброр Зоҳир дар жанрҳои бузурги насрӣ - повест ва роман бештар асарҳо навишта, муваффақ  гардидааст. Мавзӯи асосии асарҳои ӯро ифтихори миллӣ ташкил намуда, онҳо моро ҳидоят ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамгароӣ мекунанд. Адиб мавзӯъҳои нав ба навро ба адабиёти тоҷик ворид намуд. Ӯ бисёр қолабҳои дар адабиёти мо роиҷбударо шикаста, алорағми табуҳои мафкуравӣ ва адабӣ усулҳо ва нави тасвири бадеиро ба насри мо ворид сохт. 
Аброри Зоҳирро метавон Балзаки тоҷик номид. Вақте сухан дар бораи ӯ меравад, пеш аз ҳама, адиби сермаҳсул буданаш таъкид мегардад. Адиб муаллифи 25 асар аст. Муҳаққиқон теъдоди танҳо романҳояшро то 50 адад бозшуморӣ намудаанд.  
Дӯстон ёдовар шуданд, ки Аброр Зоҳир адиби зодаи замони истиқлол аст. На ба маънои он ки аксари асарҳои беҳтаринашро дар ин давра офаридаву дар ҳамин замон ба қуллаи баланди эҷодии хеш расидааст, балки ба он маънӣ низ, ки он асарҳояш замони моро бо тамоми ҷузъиёташ ва хеле нозукбинона ба қалам кашидааст.  
Ходими давлатӣ Исмоил Шафиев пешниҳод намуд, ки барои баланд бардоштани рӯҳияи ҷавонон ва наврасон мактаби деҳаеро, ки адиб дар он таҳсил кардааст, ба номаш гузошта шавад. «Бузургоне ҳастанд, ки баъди маргашон низ барои асарҳои офаридаашон ба онҳо ҷоиза медиҳанд. Асарҳои Аброри Зоҳир низ шоистаи қадрдонӣ мебошанд», - зикр намуд И. Шафиев.  
Нуктаи муҳиме, ки дар маҳфил таъкид гардид ин буд, ки осори Аброр Зоҳир то ҳол ба таври пурра таҳқиқ нашудааст. «Тақризҳои алоҳидаи ба асарҳояш навишташуда ва зикри мавзӯю муҳтавои онҳо дар маводи хулосавии адабиётшиносӣ ҳоло маънии дарк ва баҳои дурусти илмӣ гирифтани осори нависандаро надорад, - қайд намуданд музокиракунандагон. 
Дар маҳфил филми мустанаде низ аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодии адиб пешкаши мухлисонаш гардонда шуд.      
М. ТАБАРӢ,«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2016    №: 232    Мутолиа карданд: 1848

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед