logo

сиёсат

ПАРЧАМ ВА ҶОВИДОНИИ МИЛЛАТ

Дар таърихи инсоният парчам аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода мешуд. Силсилаи подшоҳони Пешдодӣ, Каёниёну Сосониён ва Сомониён дар лаҳзаҳои корзор аз дирафшу ливоҳои гуногунҳаҷму гуногунранг васеъ истифода мебурдаанд. 
 
Дирафши Ковиёнӣ, ки бо номҳои Дирафши Ковиён, Алами Фаридун, Ахтари Ковиёнӣ низ маъруф буд, аз аҳди қадим то поёни давлатдории Сосониён дирафши таърихии мардуми тоҷику форс ба ҳисоб рафта, ба ишораи муаррихон як миллион сиккаи тилло арзиш дошт.
Яке аз тӯлонитарин замонҳо барои парчам ба давраи Ҳахоманишиён пайванд дорад. Ба эҳтимоли зиёди муаррихон дар парчами даврони Ҳахоманишӣ тасвири уқоби болдор бо парҳои кушода ва қурси хуршед дар пушти сари уқоб тасвир шудааст. Тибқи ривоят, пеш аз он ки Куруши Кабир ба маснади шоҳӣ нишинад, пеши назари ӯ фарри эзадӣ ба намуди уқоб намудор мегардад. Минбаъд ҳамин фарри эзадӣ, ки ӯ ба намуди уқоб дидааст, дар дирафши Ҳахоманишиён ҷойгузин шудааст. Дирафши Ҳахоманишиён аз мавзеи Тахти Ҷамшед (дар наздикии шаҳри Шероз) дарёфт  гардидааст.
Бояд гуфт, ки солҳои 1929 - 1992 Тоҷикистон соҳиби парчамҳои гуногун будааст. Нахустин парчами Тоҷикистон 23 феврали соли 1929, пас аз ҷумҳурии мустақил шудани кишвар пазируфта шудааст. 25 феврали соли 1931 бо қабули Қонуни асосии кишвар парчами он низ дигар шуда, то соли 1935 мавриди истифода қарор мегирад. 4 июли соли 1935 парчам дигар шуд. Номи ҷумҳуриро дар парчам бо хатҳои зарҳалии лотинӣ ва русӣ навиштанд ва дар болои он нишони досу болғаро нигоштанд. Соли 1940 алифбо аз лотинӣ ба кириллӣ мубаддал гардида, парчам низ тағйир ёфт. Номи ҷумҳурӣ бо хати кириллии тоҷикӣ (РСС Тоҷикистон) ва русӣ (Таджикская ССР) навишта  шуд. Дар болои он нишони заррини досу болға қарор дошт.
20 марти соли 1953 ин навиштаҷот аз рӯи парчам бардошта шуда, ба досу болға ситора илова гардид. Акнун он порчаи сурхе буд, ки рахҳои сафеду сабз дошт. Ранги сафед рамзи пахтакорӣ ва ранги сабз нишони маҳсулоти кишоварзиро ифода мекард. Ин парчам то 9 сентябри соли 1991 мавриди истифода қарор дошт. 
Солҳои 1991-1992 Тоҷикистон парчами шӯравиро  бо андаке дигаргунӣ (бидуни ситораи панҷгӯша ва досу болға) истифода менамуд. Ва ниҳоят 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ёфта, дар Конститутсия мақом ва ҷойи ин рамзи муқаддаси миллат ва давлат дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ хеле возеҳ ва равшан муайян карда шудааст.  
Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқбол, умед ба ояндаи нек ва сарбаландии миллат мебошад.  Таърихи навини давлатдории тоҷикон шоҳиди он аст, ки Парчам ва бузургдошти он барои ҳар сокини мамлакат муқаддас буда, ба шарофати партави он мардум бештар муттаҳид ва озими амалҳои нек  гардида, ифтихори беназирро аз ҳастии Парчами давлатӣ, ки нишони соҳибистиқлолии давлати мост, дар замири худ мепарастанд.
Тоҷибой СУЛТОНЗОДА, 
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита 
бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2016    №: 232    Мутолиа карданд: 1984

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед