logo

сиёсат

ИФТИХОР. ҶАШНИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ 7 - СОЛА ШУД

Парчами давлатӣ баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аст.
Эмомалӣ РАҲМОН
Иттиҳоди муташаккили одамонро, ки майл ва ормони бунёди давлати миллӣ доранд, лозим аст, нахуст ҳудуди муайян дошта бошанд, ҳокимияти оммавиро таъсис диҳанд ва ниҳоят соҳибихтиёр гарданд. Таҷриба нишон медиҳад, ки соҳиби рамзҳои миллӣ будан дар таҳкими истиқлолият ва пешбурди робитаҳои сиёсӣ, ҳамчунин ҳамоҳангии иқтисодию фарҳангӣ миёни мамлакатҳо нақши муассир дорад. Ҳоло тамоми давлатҳои муосир соҳиби рамзҳои миллии худ мебошанд ва парчами миллӣ яке аз рукнҳои асосии он ба ҳисоб меравад. Дар масири таърих соҳибпарчам будан шояд яке аз аломатҳои асосии соҳибдавлатиро ифода мекард. Зеро тасхир ва ё сарнагун шудани ҳукумате танҳо замоне эълон мегашт, ки парчами он вожгун мегардид. 
Масоили марбут ба танзими ҳуқуқии рамзҳои давлатӣ, мувофиқан Парчами давлатӣ дар давлатҳои муосир ба таври гуногун сурат гирифтааст. Бархе ин масъаларо хеле мубрам шумурда, дар сатҳи Конститутсияи худ номгӯ ва хосиятҳои онро матраҳ сохтаанд. Қисмати дигар зарурати танзими ин масъаларо дар сатҳи конститутсионӣ лозим нашумурда, дар сатҳи қонунҳои ҷорӣ ва ё дастуру низомномаҳо иктифо кардаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва аҳамияти рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатиро ба инобат гирифта, мақоми онро дар Конститутсия муайян намудааст, ки ин ҳам аз анъанаи солҳои гузашта дарак медиҳад. Зеро конститутсияҳои солҳои 1937 (фасли 9 - «Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пойтахти ҶШС Тоҷикистон»), 1978 (боби 11 - «Нишон, Парчам ва пойтахт») дар фасл ва боби алоҳида мавқеи Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пойтахти Тоҷикистонро муайян намуда буданд. 
Ҳамин тавр, Конститутсияи соли 1994 дар моддаи 3-юми худ дар низоми рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатиро низ муқаррар намуд. Аз мазмуни моддаи 57 - уми Конститутсия чунин бар меояд, ки ваколати тасдиқи рамзҳои давлатӣ, мувофиқан Парчами давлатӣ ба зиммаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидааст. Таҳкими минбаъдаи мақоми Парчами давлатӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 12 майи соли 2007,  сурат гирифт. Дар дебочаи қонун омадааст, ки эҳтироми волои Парчам ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Қонуни мазкур тарзи барафрохтан ва ҷойгиркунии тасвири Парчами миллиро низ муқаррар кардааст.
Азбаски Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми сокинони мамлакат мебошад, моҳи ноябри соли соли 2009 Сарвари давлат бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории хеш,  доир ба муқаррар намудани Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни дахлдорро ба порлумони мамлакат пешниҳод намуданд. Тавассути ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», аз 19 ноябри соли 2009, таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ имконпазир гардид. 
Моҳи октябри соли равон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова ворид намуданд. Мувофиқи он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо карданд, ки бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдорӣ аз ин рамзи асосии давлат дар манзилҳои худ истифода баранд. Ин омил ва, дар маҷмӯъ, таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ дар бедории сиёсии шаҳрвандон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва худшиносиву ватанпарастӣ таъсири мусбат хоҳад дошт. 
Раҳмон Дилшод САФАР, 
декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2016    №: 232    Мутолиа карданд: 1964

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед