logo

сиёсат

РАМЗИ ОЗОДӢ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ

Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. 
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ва гиромидошти мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ идеяи бунёди манораи бузурги онро пешниҳод намуданд, ки ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт. Дар дувумин солгарди Рӯзи Парчами давлатӣ маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол аз ҷониби бинокорони корхонаи «Алюминсохтмон» ва Ширкати байналмилалии «Трайдент Саппот» анҷом ёфт. Дар натиҷа, 30 августи соли 2011, бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр парафшон гардид. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати барафрохтани Парчами давлатӣ эълон карданд, ки аз ҳамин лаҳза ин мавзеи ободу дилкаш майдони Парчами давлатӣ номида шавад. Имрӯзҳо майдони атрофи Парчами давлатӣ бо ҳавзҳо ва гулу гулгаштҳои зебою дилнишини худ ба мавзеи сайругашти оммавӣ, истироҳату фароғати мардум табдил ёфтааст. Дар ҳудуди майдонҳои ҳамшафати гулгашти сарзабзи Парчами миллӣ як қатор иншооти бузурги фарҳангиву сиёсӣ, назири Қасри миллат, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, муҷассамаи Нишони давлатӣ, боғи зебои ба номи Устод Рӯдакӣ қомат афрохта, ин гӯшаи пойтахти мамлакатамонро шукӯҳу шаҳомат ва рангу таровати нав бахшидаанд. Ҳоло ҳар як фарде, ки гузораш ба ин мавзеъ меафтаду аз назди Парчами давлатӣ мегузарад, хуб эҳсос мекунад, ки ин рамз ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду тамаддунофари мо буда, волотарин мақсаду мароми неки тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, ба ин нукта ишора намуда гуфтанд: «Итминон дорам, ки баробари ворид шудан ба ин мавзеъ эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги мардуми шарафманди тоҷик боз ҳам бештар гардида, онҳо минбаъд низ дар зери Парчами миллӣ муттаҳид мешаванд ва бо муҳаббату садоқат ба Ватан барои ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли худ саъю талоши бештар мекунанд». 
Мо, кормандони мақомоти судӣ, ин ва дигар дастуру ҳидоятҳои Сарвари муаззами кишварро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, муваззаф ҳастем то зери Парчами давлатӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои судӣ қабул кунем. Ин амр моро водор месозад, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, давлат ва ташкилоту муассисаҳоро содиқона ва софдилона ҳимоя намоем.
Сайфиддин КАМОЛЗОДА, 
раиси суди шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2016    №: 232    Мутолиа карданд: 2005

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед