logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН. ОҒОЗИ МАРҲАЛАИ НАВИ МУНОСИБОТ БО ЧАҲОРДАҲ КИШВАР

Сафирони нави фавқулода ва мухтори 14 кишвар 22 ноябр, баъд аз супурдани эътимоднома ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти дипломатии худро дар кишвари мо оғоз намуданд.
Сафирони тозатаъйин баъд аз анҷоми маросими эътимодномасупорӣ дар ҳузури хабарнигорон оид ба дурнамои фаъолияти дипломатии худ ибрози назар намуда, итминон доданд, ки ҷиҳати дар сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳояшон бо Тоҷикистон талош хоҳанд кард. Аз ҷумла, Сафири фавқулода ва мухтори Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ аз сатҳи муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ изҳори қаноат карда, ҳавасмандии кишварашро оид ба тавсеаи равобити ҳасанаи ду кишвар баён намуд. 
Хонум Ясмин Гуедар, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки дар зарфи фаъолияти дипломатиаш таҳкими бештари муносиботи сиёсӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро бо роҳи ҷалби сармоягузории ширкатҳои фаронсавӣ дар авлавияти кор қарор хоҳад дод. Ӯ таъкид кард, ки ҳамкориҳо дар бахши гидроэнергетика ва истифода аз захираҳои обиро тақвият дода, барои боз намудани саҳифаҳои нави равобити фарҳангии ду кишвари ба ҳам дӯст нақше аз худ боқӣ мегузорад. 
- Ҷумҳурии Корея ба ҳайси кишвари дӯст ҳамеша ҷонибдори рушди Тоҷикистон буда, минбаъд низ яке аз шарикони боэътимоди кишвари шумо боқӣ хоҳад монд. Мамлакатҳои мо ҳанӯз соли 1992 муносиботи дипломатии худро барқарор намуданд, ки соли оянда 25 - солагии онро ҷашн мегирем. Ман ба ҳайси сафир кӯшиш менамоям, ки ҳамкориҳои иқтисодии мо дар сатҳи сифатан нав қарор гирифта, табодули таҷрибаву дониш байни мардумонамон пайваста сурат гирад, - изҳор дошт Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Квон Ён У. 
Сафири фавқулода ва мухтори Ватикан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фрэнсис Ассизи Чулликатт аз нақши намоёни Тоҷикистон дар ҳалли масоили глобалӣ, аз ҷумла пешбурди масъалаҳои обӣ дар ҷаҳон тавсиф намуд. Зеро, ба андешаи ӯ, ҳалли масоили обӣ асоси рушди бонизом дар соири кишварҳост. Фрэнсис Ассизи Чулликатт ҷонибдории Ватиканро аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муборизаи дастаҷамъӣ алайҳи терроризму ифротгароӣ, ки яке аз масъалаҳои нигаронкунандаи ҷаҳони муосир аст, баён дошт. - Мо сиёсати башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳкими муколамаи байни тамаддунҳо қадр мекунем, зеро он, пеш аз ҳама, ба амнияти ҷомеа ва ҳамгироии бештари мардумони сайёра таъсири нек дорад, - таъкид дошт Сафири фавқулода ва мухтори Ватикан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
Ҳамчунин, сафирони нави ҷумҳуриҳои Италия Андреа Бертоззи, Туркия Алӣ Рифат Коксал, Австрия Герхард Сайллер, Конфедератсияи Швейтсария Урс Шмид, Шоҳигарии Нидерландия Дирк Ян Кооп, Ҷумҳурии Юнон Андреас Фриганас, Ҷумҳурии Чехия Ярослав Сиро, Ҷумҳурии Молдова Думитру Брагиш, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Маҷибул Раҳман Буиян ва Зеландияи Нав Иэн Александр Хилл дар суҳбат бо хабарнигорон ба дурнамои рушди ҳамкориҳои судманди кишварҳояшон бо Тоҷикистон изҳори хушбинӣ намуда, итминон доданд, ки ҷиҳати тавсеаи равобити гуногунҷанба аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода хоҳанд кард.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2016    №: 232    Мутолиа карданд: 1976

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед