logo

иҷтимоиёт

ФОҶИА ДАР ВИЛОЯТИ ТЮМЕН

Ҳодисаи шаби 19 ноябри соли 2016 дар майдони сохтмонии вобаста ба ҶДММ «Абсолют Агро», наздикии деҳаи Юргинскоеи вилояти Тюмен рухдода, боиси андӯҳ ва нигаронии ҷомеаи тоҷик гардид. Бар асари алангаи оташ ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, се нафари дигар дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ гардиданд.
Ин шаҳрвандон ягона таъминкунандагони хонаводаҳояшон буда, бе вайрон кардани қонунҳои Федератсияи Русия, уҳдадориҳои меҳнатии худро софдилона иҷро мекарданд. Дар иртибот ба ин қазия, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли ёддошти дахлдор ба Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия таваҷҷуҳи хосаро ба он равона кард, ки ин ҳодисаи фоҷиавӣ дар натиҷаи набудани одитарин шароити корӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон рух додааст ва барои ин корфармо бояд масъулият дошта бошад.    
 Бо таассуф бояд ёдовар шуд, ки чунин ҳодисаҳо бо паёмадҳои фоҷиавӣ зуд - зуд рух медиҳанд. Бо таваҷҷуҳ ба гуфтаҳои боло, ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Русия боисрор талаб менамояд, ки бо таҳқиқи воқеъбинонаи ҳодиса ва муайян кардани сабабҳои он, гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шуда, ба хотири фароҳам овардани шароити матлуби корӣ аз тарафи корфармоён ва роҳ надодан ба такрори чунин ҳаводис чораҳои маъмурӣ андешида шаванд.
Вазорати корҳои хориҷии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2016    №: 232    Мутолиа карданд: 1410

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед