logo

сиёсат

ДИРАФШ. АЗ ГУЗАШТАИ ШОЁН ТО ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Давлатҳои муосири ҷаҳон дорои нишон, парчам ва суруди миллианд. Ин анъана замони ташаккули аввалин давлатҳои шарқи бостон пайдо ва давоми асрҳо густариш ёфта, то ба даврони мо омада расид. Парчам рамзи озодӣ, шукуфоӣ, ояндаи дурахшон ва пояи ифтихори ҳар халқи соҳибдавлат аст.
Мардуми орёиасл яке аз поягузорони тамаддуни башаранд ва давоми ҳазорсолаҳо даҳҳо давлатҳои бузургу тавоноро барпо кардаанд. Онҳо дорои пойтахтҳои бошукӯҳу зебо, парчам, тахт, тоҷ, муҳр, сиккаҳои заррину симин ва сипоҳи тавоно буданд.
Орёиҳо ба парчами худ эҳтироми хоса доштанд ва онро бо дурру гавҳар меоростанд. Таърихи аввалин парчами ин мардум бо номи куҳани "дурафш" ё "дирафш"  дар силсилагуфторҳои бостонии онон акс ёфтааст. Ва баъдан Фирдавсии бузургвор онҳоро ба риштаи назм кашид.
Дар "Шоҳнома" Коваи оҳангар - рамзи оташ, равшанӣ, хайру некӣ ва далериву меҳанпарастии орён бо чарми (пешдомани) дар нӯги найза баста, бар зидди Заҳҳоки морон бар дӯш, ки рамзи Аҳриман - бадӣ, хунхорӣ, зулму ситам ва торикист, баромад.
Ҳама бархурӯшиду фарёд хонд,
Ҷаҳонро саросар сӯи дод хонд.
Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой,
Бипӯшанд ҳангоми захми дарой.
Ҳамон Кова он бар сари найза кард,
Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард.
 
Кова бо мардуми шӯрида ин неруи сияҳдили шайтониро аз тахти заррини давлати худ сарнагун сохт ва мулки орёиро озоду аз нав хуррам намуд. Шоҳ Фаридун, ки аз авлоди Ҳушангу Таҳмурас буд, чун ба тахти Орёнзамин нишаст ва тоҷи зарринро бар сар гузошт, парчами шӯришчиёнро муқаддас шумурд ва бо зару ҷавоҳирот оросту "Дурафши коваёнӣ", яъне парчами Кова хонд.
Чун он пӯст бар найза бардид Кай,
Ба некӣ яке азтар афканд пай.
Биёрост онро ба дебои Рум,
Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.
Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш "Коваёни дурафш.
Аммо аввалин тасвири парчами сипоҳи Орён - порсҳо, суғдиён, бохтариён дар деворнигораи шаҳри Помпеи Рум, асрҳои II-I то милод кашида шудааст. Дар он саҳнаи муҳорибаи сипоҳи давлати Ҳахоманишҳо, зери сарварии Дорои охирин, бо лашкари Искандар дар соли 333-и милодӣ акс ёфтааст.
Помпей соли 79 милодӣ бар асари хурӯҷи вулқони Везувий зери хокистари сӯзон монд. Хокистар кӯчаву биноҳоро пӯшонда, онро аз харобшавӣ нигоҳ дошт, вале давоми ду ҳазор сол деворнигора,  аз ҷумла қисми асосии тасвири парчам, зарар дид. Аммо қисмати боқимонда шаҳодат медиҳад, ки он аз чарм ё матои қиматбаҳои сурхранги чаҳоргӯша иборат буда, ба нӯги найзаи дароз овехта шудааст.
Тасвири парчами суғдиён дар деворнигораи Панҷаканд кашида шуда, ба асри VII нисбат дорад. Дар он Рустам пас аз мағлуб кардани аждаҳои одамсари дорои ду даст  бо ёронаш ҷонибе савора равон аст ва дар сари найзаи ду нафари онҳо парчамҳои сегӯшамонанди рангашон зард мавҷуд аст.
Дар саҳнаи дигари ин деворнигора  муҳорибаи ду сипоҳ тасвир ёфта, ки дар сарнайзаҳои онон ҳам айнан чунин парчамҳо акс гардидаанд.
Дар расмҳои (миниотурҳои) асри миёна тасвири парчам хеле зиёд аст. Чунончи, дар "Шоҳнома" - ҳои давоми  солҳои 1333 ва 1341 нусхабардоришуда саҳнаи муҳорибаҳо ва парчамҳои сегӯша мавҷуданд. Дар яке аз расмҳои "Шоҳнома"-и  соли 1556 китобатшуда саҳнаи ҷанги сипоҳи Кайқубод бо Афросиёб тасвир ёфта, ки дар болои тоскулоҳи ҳамаи аскарон парчамҳои хурдаки сегӯшаи сурх ва зард тасвир ёфтаанд. Шояд онҳо барои фарқи аскарони худӣ аз душман буд.
Дар расмҳои ба достонҳои Низомии Ганҷавӣ бахшида низ даҳҳо тасвири парчамҳо мавҷуданд, ки асосан шакли сегӯша доранд ва рангашон бунафш, зард, сафед, сурх ва қаҳваранг аст. Дар байни онҳо парчамҳои дорои ранги сурх бартарӣ доранд. Ранги парчамҳои асрҳои XVI - XVII низ асосан сурханд. Ва ин анъана аз даврони Ҳахоманишҳо инҷониб вуҷуд дошт. Фирдавсӣ аз гуногунрангии парчамҳо хабар додааст.
Охирин парчами тоинқилобии давлати тоҷикон - парчами Аморати Бухоро буд. Дар он моҳу ситора, панҷаҳои дасти чап ва ғайра акс ёфтаанд. Ва парчами даврони шӯравии Тоҷикистон ба ҳамагон шинос аст.
Бояд гуфт, ки номи куҳани парчам "дурафш" ё "дирафш" буд, ки дар "Шоҳнома" ва бархе аз луғатҳо омадааст. Вале, баъдан, ба сабаби густариши забони арабӣ вожаҳои "алам", "ливо" ва бо паҳн шудани қабилаҳои турку муғул, дар асрҳои XIII - XVI "байрақ" ба забони тоҷикӣ ворид   шуданд. Аммо  "парчам"  маънои "дирафш"-и тоҷикии  дорои  торҳои абрешимӣ ё риштаҳои заррин мебошад. Чӣ  тавре   ки   Низомии Ганҷавӣ  гуфта:
Сабо гесуи парчамҳо кушода.
Усмони ЭШОНЗОД, муаррих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2016    №: 232    Мутолиа карданд: 2026

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед