logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ТАҒОЙМУРОД РОЗИҚОВ: «ҲАМИН РАИС НАМЕШУД, МАРО КӢ МЕШИНОХТ?!.»
- Ассалому алайкум, акаи Раис!
- Э, хоше! Ту ҳам ба ҳамон ҷо…
Суҳбати мо бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессори кафед-раи маҳорати актёрии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода - Тағоймурод Розиқов ана ҳамин гуна оғоз ёфт. Барои рафъи ҳолати баамаломада аз устод узр пурсидам.
- Ҳеҷ гап не, ман аллакай одат кардаам. Ба ҳама мансаби раисӣ ра-сад, ба  ман нафрати мардум ба раисҳои беинсоф, - шӯхиомез иб-роз дошт устод Розиқов.
Филми «Дарди ишқ» - ро, ки ба ӯ иҷрои нақши Мансури ланг дар он ҳам шуҳрат овардаасту ҳам «нафрат»  бо табассуми малеҳ  ба ёд меорад.  
- Маро ҳама ҳамчун раис мешиносанд… Солҳои навадум барои пеш бурдани зиндагӣ бо ташфиқи як дӯстам дар бозори «Саховат» ба тиҷорат машғул шудам. Ҳар касе, ки аз пешам мегузашт, бо ан-гушташ ба тарафи ман ишора карда, «Ана ҳамон раиси лаънатӣ!» мегуфт. Ҳамин «раисиамон» сабаб шуд, ки аз ин кори хеле фоидао-вар даст кашем.
Ва пас чун ҳунарманди ба образ даромада идома медиҳад:
- Ин гуна ҳолатҳо дар вақти банаворгирии филм низ зиёд рух дода буданд. Чуноне ки медонед, дар филм нақши оҳангарро Ҳунарпе-шаи халқии Тоҷикистон Исо Абдурашидов бозӣ кардааст. Дар яке аз лаҳзаҳо ӯ бояд маро аз болои асп ба замин  мепартофт. Вақти наворгирӣ оҳангар ду маротиба маро бо қаҳр аз болои асп афтонд. Дафъаи дувум аз зарби лат қафаси синаам ба сӯзиш даромад. Ба Исо гуфтам, ки «Ба умеди филм маро куштаниӣ?»
- Ман кори худамро карда истодаам, -  сард ҷавоб дод ӯ. 
Аз ин посухи ҳамкорам қаҳрам бештар шуда, ба коргардони филм шикоят бурдам: 
- Анвар – ако, ба Исо фаҳмонед охир. Ин чӣ корест, ки ӯ карда исто-дааст?
Анвар Тӯраев Исо Абдурашидовро ба наздаш хонда, ӯро сарзаниш намуд:
- Исо, ту виҷдон дорӣ ё не, мардакро накушӣ? Исо ҳам исту бист накарда «Ин мардак худаш инсоф дорад ё не?» - гуфта фиристод. Ҳама бозавқ хандидем. 
Пас, Анвар  Тӯраев Исоро дуртар бурда ба гӯшаш гуфт: «Исо, ин тавр бошад, сахттар партоша!» 
Ба наздикӣ дар назди бозори «Султони Кабир» як ҷавон аз ман пур-сид: «Устод, филми «Дарди ишқ» - ро кай ба навор гирифтед?»
- Ҳамин, солҳои 1941 - 42 буд – да, - шӯхиомез посух  додам ман.  
- Бисёр зӯр омадааст!  Лекин, як чизро гӯям ака, то ҳозира дигар нашудаед – а?!.» 
Бечора аз куҷо донад, ки  ман дар он солҳо ҳоло ба дунё ҳам наома-да будам… 
Ҳар ду механдем. Мебинам, ки хеле самимона ва бе сохтакории хоси артистон механдад. 
- Ин ҳам дарди бахайр. Як рӯз дар истгоҳ мунтазири нақлиёт будам. Мошин омад, дарашро  кушодам, ки маро дида ронанда гуфт:
- Дарро пӯш, ман ту, раиси лаънатиро, ба ҳеҷ куҷо  намебарам! Аз сарам як сатил оби хунук рехтагӣ барин шуда дарро бо шаст пӯши-дам. Намедонистам аз ғояти алам ва ҳисси ифтихори касбии дар вуҷудам ба ҳам омехта чӣ кунам. «Хайрият ҳамин образро офарида будаам, - андешидам худ ба худ. – Вагарна маро кӣ мешинохт?..»  
Раҳматулло КАРИМОВ
 
3. САУЛ ААРОН КРИПКЕ
Мактабхон – вурдеркинде, ки дар донишгоҳи Гарвард дарс медод Саул Аарон Крипке соли 1946 дар шаҳри Ню-Йорк, дар оилаи каши-ши яҳудиён (раввин) ба дунё омадааст.
Саул ҳанӯз солҳои аввали мактабхонӣ дар мактаби ибтидоӣ курси пурраи алгебра, геометрия ва фалсафаро аз бар намуда буд. Он овон дар ҳаёти ӯ пайи ҳам падидаҳои нодир зуҳур карданд.
Дар синфи чорумӣ ӯ курси пурраи алгебраро гузашта, дар охири мактаби ибтидоӣ омӯзиши геометрия ва фалсафаро хатм намуд. Ҳини наврасӣ як қатор корҳои илмиро ба анҷом расонд, ки ҷараёни дарсдиҳии мантиқи модалиро тағйир дод. Пас аз ин навраси бо-истеъдодро барои кор ба донишгоҳи Гарвард даъват намуданд.
Чун писарбачаи фармонбардор (итоаткор)-и яҳудӣ, Саул дар посух чунин навишт: «Модарам мегӯянд, ки ман бояд аввал мактаб ва кол-леҷро хатм намоям…».
Ба ҳар сурат ӯ баъди хатми мактаб барои идомаи таҳсил ба Гарвард рӯ овард.
Саул Крипке барандаи Ҷоизаи Schock Prise (ҳамтои ҷоизаи нобелӣ дар бахши соҳаи фалсафа) мебошад.
Алъон Саул Крипке яке аз файласуфони барҷастаи муосири дунё ба шумор меравад.
Умари ШЕРХОН
 
АНДАРЗҲО
Адолат, ки аз дунё биравад, инсонро дигар қадру қимат  намемонад.
И. Кант
***
Бузургии миллат дар зиёд будани аҳолияш нест, балки дар соҳиб будани одамони боақлу фазилатнокаш аст.
В. Гюго
***
Боақл шудан он қадар муҳим нест, ақлро дар ҷояш истифода бур-дан муҳим аст.
Декарт
***
Аз шахсе, ки бадӣ намекунад, набояд тарсид.
М. Гандӣ
***
Мо ҳам сершавии гургро мехоҳему  ҳам зинда  мондани гӯсфандро.
Л. Толстой
Ҳозиркунандаи чоп 
А. РАҲИМ
 
ҲАФТ ГАНҶИНАИ ТОҶИКИСТОН
Қалъаи Ҳисор
Тақрибан 4 - 5 километр дуртар аз шаҳри Душанбе шаҳри Ҳисор воқеъ аст, ки бо қалъаи номдору таърихиаш машҳури дунё гашта-аст. Ин мавзеъ таърихи қадима дорад ва бостоншиносони ҷаҳон онро эътироф кардаанд. Аз паҳлуи он дарёҳои Кофарниҳон, Қаратоғ ва Ширкент ҷорӣ мешаванд. Ҳаёт дар ин ҷойҳо аз асри санг оғоз ёф-тааст. Дар асрҳои миёна Ҳисор ҳамчун пойгоҳи ҳунармандону мар-кази тиҷорат машҳур буд. Дар асрҳои XVIII-XIX он ба бекигарии Ҳисор табдил ёфт, ки яке аз 28 макони мутааллиқ ба Аморати Бухо-ро маҳсуб мегардид. 
Ягона чизи ҷолибе, ки аз қалъаи мазкур боқӣ мондааст - дарвозаҳои пуршукӯҳи пештоқдори аз хишт сохташуда бо ду манораи устувор аст, ки  бунёдашон чун аксари дарвозаҳои Бухоро ба асрҳои  XVII-XIX рост меояд. Маҳз ҳамин қисмати боқимондаи қаср хеле пур-шукӯҳу назаррабо метобад.
Чизи дигари ҷолиб корвонсаройи хиштин мебошад. То асри XX аз корвонсарой боқимондаҳои пойдевор ва деворҳо, ки аз хишти пухта сохта шудааст, монда буду халос. Намуди аввалаи корвонсарой дар асоси расме, ки соли 1913 аккосӣ шудааст, барқарор гардидааст. 
Ёдгории шоёни диққати мамнуъгоҳи Ҳисор ин Масҷиди гунбаздори «Сангин» мутааллиқи асрҳои XII-XVI ба ҳисоб меравад. Масҷид ба-рои он сангин ном гирифтааст, ки деворҳои он то ба нисф аз санг сохта шудааст. Гунбази масҷидро боз чор кӯзаи сафолини бетаг зиннат медиҳад, ки хеле диданист. 
Сафаргул АЛИМОВА

ДЖО ФРОСТ – МУРАББИИ КАЛОНСОЛОН
(Идома аз «Шоми шанбе» - и гузашта)
4. Маҳдудият
Бисёре аз волидайн дар ин андешаанд, ки кӯдак бояд худаш донад ва дарк намояд, ки барои ӯ чи чиз мумкин ва кадом кор манъ аст. Дар асл чунин муносибат  нисбати кӯдак нодуруст аст, зеро узви ҳанӯз хурдакаки оилаи шумо таҷриба ва дониши казоӣ надорад, то мустақилона кори бадро аз нек фарқ кунад. Бинобар ин, калонсолон вазифадоранд, ки дар ин масъалаи дар назари аввал одӣ, вале ба-рои ташаккули минбаъдаи кӯдак хеле муҳим ба ӯ кумак намоянд. Ба-рои мисол ба кӯдак фаҳмонанд, ки бо атрофиён набояд дастбагире-бон шуд, сухани қабеҳ гуфт ва, умуман, ба касе зарар расондан рафтори нодуруст буда, аз рӯи одоб нест. 
 
5. Интизом
Хеле кам даст медиҳад, ки кӯдак маҳдудияти барояш муқаррар-шударо бе сарзаниш ё «ҷазои интизомӣ»  риоя кунад. Бинобар ин агар кӯдак тартиби муайяннамудаи шуморо вайрон кард, бояд до-над, ки оқибати чунин рафтор бе ҷазо намемонад. Вобаста ба да-раҷаи гуноҳ «ҷазо» метавонад ҳар хел бошад. Барои мисол аз садо баланд кардан то манъи ба берун баромадани  кӯдак, ё муваққат бозичаи дӯстдоштаашро аз дасташ гирифтан. Вале волидайн дар ин ҳолат бояд донанд, ки «ҷазо» ин як амал аст, на таҳдид. Танҳо бо назардошти ҳамин агар кӯдак гуноҳ кард, бояд муносиб ба ин ама-лаш сарзаниш шавад. Ин боис мегардад, ки кӯдак минбаъд пеш аз гуноҳ кардан андеша намояд. 
Таҳияи Лола РИЗОЕВА
 
ХОТИРА. ЧӢ ТАВР ОНРО ТАМРИН ДИҲЕМ?
(Идома аз "Шоми шанбе" - и гузашта)
Чаро дар айёми пиронсолӣ хотираи мо заиф мешавад?  Ба гуфтаи мутахассисон дар натиҷаи беморӣ ва ё стресси сахт раванди таъмини мағзи сар бо хун бад шуда, робитаҳои нейронӣ вайрон ме-шаванд. Бинобар ин, дар хотир нигоҳ доштани иттилоот мушкил ме-гардад. Хотира ду навъ мешавад:
1. Актуалӣ (фаврӣ), ки дар он маълумот то 40 дақиқа маҳфуз мемо-над.
2. Дарозмуддат, ки хотира онро дурудароз  ҳифз мекунад.
Вақте кас крассворд ҳал мекунад, майнаи сар ба фаъол шудан во-дор мегардад. Он аз «хазина» - и худ  маълумоти заруриро ҷустуҷӯ намуда, робитаҳои нейрониро  фаъол месозад. Агар хотираро ба як китобхона  шабоҳат диҳем, ҳалли крассворд онро ба тартиб меда-рорад, чангҳояшро тоза мекунад, варақ мезанад, ҷо ба ҷо мекунад. Дар китобхонае, ки зуд – зуд нигоҳубин мешавад, китобҳо дурудароз  ва босифаттар меистанд. Хотираи мо низ чунин аст.
Касоне, ки дар нақлиёт ё диван дароз кашида сканворд ҳал меку-нанд, ба гумон аст, ки инро махсус барои мустаҳкамсозии хотира анҷом диҳанд. Ҳамту сканвордро дӯст медоранду халос. Ҳол он ки бо кадом мақсад ба ин амал даст задан нақши муҳим мебозад. Хо-тираи мо хеле ҳассос аст. Агар мо ба майли хотир ва азёд кардани шеъру ҳал кардани сканворд даст занем, иттилоот дар дар майна-амон беҳтар сабт мешавад. 
Яке аз роҳҳои осону исботшудаи азёд кардан чунин аст: аввал бо матни зарурӣ тавассути хондан ё шунидан ошно мешавед. Баъди 40 дақиқа «муҳлати ҳифз» - и иттилоот ба поён мерасад. Аз ин рӯ, бори дигар онро такрор бояд кард. Бо гузашти 12 соат боз онро такрор намудан лозим. Ин гуна амал намудан ҷараёни ҳифз карданро осон месозад.
Таҳияи Сарвиноз ШОДМОНОВА
 
ФАРОСАТ. ДАР БОРАИ ОДОБИ ЯК ЗАН
Оилае ба хонаи нав кӯчид. Субҳ кадбонуи хона чун сар  аз тиреза баровард, ҳамсоязанро дид, ки дар тор либосҳои шустаашро меовехт. 
-  Мардак, ин ҷо даву бин, чӣ хел либосҳои вай ифлосанд, — гуфт зан ба шавҳараш.
Аммо мард, ки рӯзнома мехонд, ба гапҳои ҳамсараш аҳамият надод.
- Эҳтимол, собунаш бекора бошад, ё тамоман шуста наметавонад, ба вай ёд додан даркор, - гуфта зан ҳеҷ ором шудан намехост.
Ҳамин тавр, ҳар боре ҳамсоя ба тор либос меовехт, зан аз ифлосии он гиребони ҳайрат мегирифт.
Як субҳи офтобӣ кадбонуи хона аз рӯи одат сар аз тиреза баровар-ду бо ҳайрат нидо  кард:
- Ӯҳӯ! Имрӯз либосаш аҷоиб тоза ку! Ин ҳамсоя либосшӯиро оқибат ёд гирифтааст, чӣ мардакҷон!
- Не, - гуфт шавҳараш, - имрӯз ман аз хоб барвақттар хеста, тире-заҳоро шустам, то берунро беҳтар бинӣ.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД
 
«МУЪҶИЗА» - ДЕВОР
Ин девори аҷиб дар шаҳри Сиэтли ИМА, дар назди кинотеатри «Market Theart» «сохта шудааст». Гап дар сари он ки дар солҳои 90 – уми асри гузашта барои хариди чипта ҳозиринро лозим меомад  навбат истанд. Ҳамин навбат истоданҳои дуру дароз сабаб меша-вад, ки яке аз мухлисони кино ба нишони эътироз сақичи (жвачкаи) даҳони худро ба девори кинотеатр часпонда меравад. Ин амали ӯро дида, дигар шахсони аз чипта маҳрумшуда низ деворро бо сақич «оро» медиҳанд.
Оҳиста – оҳиста ин амал равнақ пайдо карда, тамошобинон пас аз тамошои ҳар сеанси филмҳо ҳатман «жвачка» - и худро ба девори он часпонда мерафтанд. Ин амали нохуб дили кормандони киноте-атрро ба танг меовард. Вале, аз чидани сақичи девор безор шуданд магар, ки дигар ба мухлисони «бефарҳанг» - и худ кор намеги-рифтанд. 
Пасон ин девор ҳатто мояи ифтихори кормандони кинотеатр мегар-дад. Дар он аз «жвачка» навиштаҷот ва расмҳои аҷибу ғариб «офа-ридаанд». Бештар аз ҳама, девор ба тоҷирони маҳал писанд омада-аст. Охир, ҳазорон муштариёни ин даргоҳи фарҳангӣ ва сайёҳони ба тамошои он омада дигар бе харидани «жвачка» аз назди ду-конҳои колофурӯшӣ намегузаранд. Бештари онҳо худро нишон до-данӣ шуда, мушт – мушт сақич харидорӣ менамоянд. 
Таҳияи Зебо НАЗАРОВА
 
РЕНТГЕН: «БА МАН ҚАФАСИ СИНАИ ХУДРО ФИРИСТЕД»
Вилгелм Конрад Рентген, олими  олмонӣ, соли 1895 шуоеро ихти-роъ намуд, ки  худ онро «икс шуоъ»  номид. Сипас, ин ихтироъ  ба шарафи ӯ номи  шуоъҳои рентгениро гирифт. Вай ошкор намуд, ки  шуоъҳои мазкур бо хати рост паҳн шуда, аз майдонҳои магнитӣ ва электромагнитӣ ба осонӣ мегузаранд. Ин бозёфт дар соҳаи тиб инқилоби бузурге ба шумор мерафт. 
Аммо солҳои аввал бисёриҳо онро дуруст сарфаҳм намерафтанд. 
Боре ба олим аз номи як баҳрнаварди амрикоӣ мактуби аҷибе  ме-расад.  Баҳрнавард дар мактуби худ нигошта буд: «Ҷаноб, дар ҷанг ба қафаси синаи ман тир ворид шуд. Аз сабаби он, ки тир ба чашм ноаён аст, табибон онро бурун оварда наметавонанд. Аз рӯзнома огоҳ шудам, ки шумо нурҳоеро кашф намудаед, ки бо ёрии он духту-рон метавонанд тири дар синаам бударо бубинанд. Аз шумо хоҳиш дорам дар лифофае  барои ман аз нурҳоятон якчантояшро фири-стед. Ҳамин, ки табибон тирро  пайдо намуданд, ман нурҳоятонро ба шумо бармегардонам». Рентген  дар ҷавоб ба ӯ менависад: «Нурҳоро тавассути лифофа  ба масофаи ин қадар дур фиристодан имкон надорад. Агар душвор набошад, ба ман қафаси синаи худро фиристед. Тирро пайдо намуда, қафаси синаатонро ба шумо бар-мегардонам».
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ

ҲУШДОР! ПИРӢ АЗ 26 - СОЛАГӢ ОҒОЗ МЕЁБАД
Таназзули ҳуҷайраҳо дарҳол пас аз вуқуфи инкишофи инсон оғоз меёбанд.
Олимони амрикоӣ муайян карданд, ки пиршавии организми сокино-ни муосири мегаполисҳо аз 26 – солагӣ сар мешавад.
Пас аз он ки бофтаҳо ва узвҳо аз инкишоф мемонанд, пирӣ оғоз ме-ёбад.  
Таҳқиқгарон дар одамони соли таваллуди 1972 таҷриба гуза-ронданд. Тасдиқ гашт, ки раванди пиршавиро бисёр омилҳо дучанд мегардонанд: ғизохӯрии нодуруст, хоби нороҳат, вазъи экологӣ дар шаҳрҳои бузург.
Вале баъзе одамон ба афсурдашавӣ нисбатан камтар тобеанд: ҳамин тавр дар ҳар одами панҷум устуворӣ ба пиршавӣ қайд меша-вад. 
Ин равандро бо чанд усул метавон нигоҳ дошт. Аввалан ба орга-низм себ таъсири муфид мерасонад: истеъмоли ҳамарӯзаи ин мева умрро дароз мекунад. Дувум ин ки мебояд аз одатҳои бад даст ка-шид ва сари вақт барои ёрии тиббӣ муроҷиат кард. 
Натиҷаҳои пурсишҳои гузарондаи олимон ҳам аҷиб аст. Аён гашт, ки сокинони шаҳру кишварҳои бузург аз пирӣ метарсанд: ҳар нафари шашуми пурсидашуда, иқрор шуд, ки мехоҳад ҷавон бимонад.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
797 СОЛ ТАЪРИХИ ЯК ПАРЧАМ
Парчам  аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ маъруф аст. Сарчашмаҳои илмӣ парчамро ихтирои мардумони гуногун медо-нанд. Аз сабаби таърихи хеле куҳан доштанаш муайян намудани аввалин ихтироъкунандаи  ин рамзи давлатдорӣ ғайриимкон гар-дидааст.  
Австрия низ даъвогар бар он аст, ки парчами онҳо аз ҳама қадимӣ мебошад. Ба ақидаи австриягиҳо пайдоиши парчам дар кишвара-шон  ба соли 1230 рост меояд.
Аммо, нахустин парчаме, ки ба таври расмӣ тасдиқ гардидааст ба давлати Дания тааллуқ дорад. Таърихи он аз асри 13, аниқтараш аз 15 июни соли 1219 сарчашма мегирад. Мувофиқи ривоятҳо ин пар-чам барои даниягиҳо аз осмон фуруд омадааст. Даниягиҳо онро Даннеброг номидаанд. Андозааш 56 ба 107 сантиметр буда, он ран-ги сурх ва сурати салиби сафедро дорад.
Ин ливо барои бисёре аз мамолики скандинавӣ барои баҳс асос бу-нёд намудааст. Чуноне ки аз таърих маълум аст, соли 1397 маликаи Дания Маргарети I давлатҳои Шветсия ва Норвегияро ба зери тас-саруфи худ даровард. Дар натиҷаи ин ҳамроҳшавӣ ба парчам низ тағйирот ворид карда шуд. Акнун, дар як гӯшаи Даннеброг 3 сурати тоҷи давлатдорӣ илова гардид. Аз соли 1523 то 1814 давлатҳои Шветсия ва Норвегия мустақилият ба даст оварда, аз Дания ҷудо гардиданд.  Табиист, ки аз парчам тоҷҳо низ бардошта шуда, он ша-кли пештараи худро гирифт. Боз як чизи дигар, пештар дар парчами  Даннеброг расми зоғ дида мешуд, ки он ҳам аз ливо бардошта шуд. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
АКШАТ САКСЕНА – КӮДАКИ СЕРАНГУШТИ ДУНЁ
Чанде пеш намояндагони Китоби рекордҳои Гиннес писарбачаи ҳинду Акшат Саксенаро ҳамчун шахси серангушт ба қайд ги-рифтанд. Акшат Саксенаи яксола дорои 34 ангушт (7-тоӣ дар ҳар ду даст ва 10-тоӣ дар ҳар ду пой) мебошад. Ин нуқси модарзодист ва онро дар илми тиб чун полидактилия ном мебаранд, ки хусусияти ирсӣ дорад. Аммо бояд гуфт, ки дар бештари ҳолатҳо чунин нуқс бо 1 ё 2 ангушти зиёдатӣ зоҳир мегардад ва ҳолате ки бо  Акшат Сак-сена рух додааст, ҳодисаи нодир ба ҳисоб меравад. 
Табибон мегӯянд, ки писарбачаро таъҷилан ҷарроҳӣ бояд кард ва ангуштони зиёдатиро аз байн бурд, вагарна он метавонад ба роҳгардии ӯ монеа гардад.
Боиси тазаккур аст, ки қаблан кӯдаки серангушт дар Чин ба қайд ги-рифта шуда буд ва ӯ дар маҷмӯъ 31 ангушт дошт. Ҳоло ӯро ҷарроҳӣ намуда, ангуштони зиёдатиашро буриданд ва, ба қавли табибон, ӯ метавонад ба ояндаи худ бо назари нек нигоҳ кунад.
Марзияи ИҚБОЛШО, донишҷӯ
 
26 ЧАРХИ ЯК ЛИМУЗИН
Дарозтарин автомобили тамғаи «Лимузин» аз ҷониби Ҷем Орбер, сокини шаҳри Бербенки иёлати Калифорнияи Амрико сохта шуда-аст. Дарозии он 30,5 метр буда, дорои 26 чарх мебошад. Мошини мазкурро бо чунин сифатҳояш ба китоби «Рекордҳои Гиннес» дохил намудаанд. Барои роҳати мусофиронаш, ин мошин дорои ду ҳуҷраи ронандагӣ буда, яке дар пеш, дигаре дар пас ҷойгиранд. Автомобил ба сифати нигора таҳия шуда, моликаш гоҳу ногаҳ онро барои ис-тифода дар чорабиниҳои гуногун ба иҷора медиҳад. Аммо ин лиму-зинро танҳо ронандагони ботаҷриба метавонанд идора кунанд.
Қисмати аз ҳама аҷиби мошини сабукрав толори мусофиркашониаш ба ҳисоб меравад. Дохили онро ҷакузии тафсон, ҳавзи шиноварӣ ва рахти хоби замонавӣ оро медиҳанд.
Таҳияи Л. ШАРИФ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.2016    №: 233    Мутолиа карданд: 1969

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед