logo

иқтисод

СУҒД. НАҚША ТАЪМИН НАШУД. ЧАРО?

Чун мавсими соли 2015 кишоварзони вилояти Суғд имсол низ нақшаи истеҳсоли пахтаро таъмин накарданд. Сарфи назар аз он ки ҳоло ҳам дар баъзе хоҷагиҳои деҳқонии вилоят  каму беш, ғунучини пунба идома дорад, аммо рӯшан аст, ки ҳосили дилхоҳ ҷамъоварӣ нахоҳад гашт. 
 
Ба ҷои 101 ҳазор тонна хирмани оростаи деҳқонони вилоят то имрӯз зиёда аз 76 ҳазор тонна буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ҳамагӣ 18 сентнерро ташкил медиҳад. Миёни навоҳии пахтакор танҳо деҳқонони Ҷаббор Расулов, Ашт ва Зафаробод  тавонистанд уҳдадории худро иҷро кунанд. 
Мутахассисону коршиносони соҳа аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки ислоҳоти пешгирифта ҷиҳати истифодаи самараноки қитъаи замин, интихоби тухмии хушсифат ва парвариш дар хоҷагиҳои вилоят тақозои рӯз нест. Ҳосилнокӣ, ба истиснои чанд хоҷагиҳои навоҳӣ дар маҷмӯъ ҳамоно дар сатҳи 17-18 - сентнерӣ боқӣ мемонад.
Хайрулло Бобозода, сардори раёсати кишоварзӣ, иброз медорад, ки натиҷаи мавсими имсола охири сол бо иштироки мутахассисони соҳа мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор хоҳад гирифт. 
Ба гуфти коршиносон роҳҳои афзун бахшидани истеҳсоли ҳосили пахта интихоби тухмии босифати минтақабоб ва боз ҳам зиёд кардани майдони кишти чигит мебошад.
Коҳиш ёфтани истеҳсоли пахта мутахассисони соҳаи саноати сабук, корхонаҳои коркарду истеҳсолӣ, бофандагию ресандагӣ ва хӯроквориро низ нигарон кардааст. Зеро фаъолияти муътадили корхонаҳои саноатии вилоят, аз қабили «Спитаментекстайлз» - и ноҳияи Спитамен, «Олими Каримзод» -и ноҳияи Мастчоҳ, «Текстилсити», «Ҷавонӣ», «Хуҷанд-Некӯ» - и  шаҳри Хуҷанд, корхонаи нассоҷии «Наврӯз» - и ноҳияи Зафаробод ва даҳҳо коргоҳҳои хурди шаҳру навоҳии Суғд ба  рушди соҳаи пахтакорӣ вобаста аст.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.2016    №: 233    Мутолиа карданд: 1630

23.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед