logo

сиёсат

ВЯЧЕСЛАВ ВОЛОДИН: «МО ТАЛОШ МЕНАМОЕМ, КИ ҲУҚУҚҲОИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ҲИФЗ ШАВАНД»

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Санкт - Петербург бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володин дидору гуфтугӯ намуд, ки масоили вобаста ба муҳоҷирати корӣ дар меҳвари суҳбат қарор дошт.  
Тибқи иттилои Муҳамадато Султонов, котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқот таваҷҷуҳи Вячеслав Володинро ба ҳодисаи шаби 19 ноябри соли 2016 дар майдони сохтмонии вобаста ба ҶДММ «Абсолют Агро» - и вилояти Тюмен, ки бар асари он ҳафт нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, се нафари дигар дар ҳолати вазнин ба беморхонаи вилоятӣ интиқол дода шудаанд, ҷалб сохт. Бо таваҷҷуҳ ба ин масъала таъкид гашт, ки ҳодиса воқеъбинона таҳқиқ ва гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. 
Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби бақайдгирӣ ва иҷозатнома барои кор бояд дар меҳвари фаъолияти мақомоти дахлдори ҳар ду қишвар қарор дошта бошад. Зеро пас аз ҷорӣ намудани қоидаҳои нави қабули шаҳрвандон ба кор - аз моҳи январи соли ҷорӣ, як қатор мушкилоти марбут ба истиқомати муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Русия ба вуҷуд омадааст. Раиси Маҷлиси намояндагон изҳори умед кард, ки тамоми масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҳалли мусбати худро меёбанд.
Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володин дар бораи самтҳои асосии ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон изҳори назар карда, тазаккур дод, ки рушди муносиботи кишварҳои мо аз мавҷуд будани робитаи наздик ва дӯстии мустаҳками сарони кишварҳоямон сарчашма мегирад. Ва мо – эҷодкунандагони фазои мусоиди қонуниву ҳуқуқӣ барои тақвияти ин ҳамкориҳо бояд талош варзем, то онҳо беш аз пеш густариш ёбанд. Дар идомаи мулоқот Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия, ҳамчунин аз ҳодисаи шаби 19 ноябри соли 2016 рухдода изҳори таассуф намуда, аз Шукурҷон Зуҳуров хоҳиш кард, ки ҳамдардии ӯ ва намояндагони парлумони кишварашро ба хонаводаҳои онҳо расонад. Мавсуф итминон дод, ки оид ба қазияи мазкур бархӯрди қонунӣ сурат гирифта, гунаҳкорони ҳодиса ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. – Мо аз ҷониби худ талош менамоем, ки ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қаламрави Русия ҳифз шаванд, - гуфт Вячеслав Володин.
Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.2016    №: 233    Мутолиа карданд: 1884

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед