logo

иқтисод

ШАҲРИТУЗ. ФАРДО ДУРАХШОН АСТ

Мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол 9 сентябри соли равон Ҷашни 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва бо шукрона аз давлатдории миллӣ таҷлил намуданд. Ба шарофати ин неъмати бебаҳои даврони навини таърихи давлатдорӣ дар масири биступанҷ сол кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардида, пояҳои давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар саросари мамлакат таҳким ёфт. Дар қатори дигар сокинони кишвар мардуми шарафманди ноҳияи Шаҳритуз низ аз файзу баракати ин неъмати бузурги таърих баҳравар гардиданд. Ноҳия дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошу пайкори мардуми заҳматпешаи он дар кутоҳтарин муҳлат симои худро ба куллӣ дигаргун намуд.
Бо мақсади мусоидат ба рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Шаҳритуз роҳбарияти олии мамлакат пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Дар ҷавоби ин ғамхориҳо сокинони заҳматқарини ноҳия  корҳои созандагиву бунёдкориро вусъат дода, бо ҳамин роҳ сатҳ ва сифати зиндагии мардумро баланд бардошта истодаанд. Ба шарофати Истиқлолияти миллӣ, таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия назаррас аст. Таъмин гардидани нишондиҳандаҳои дурнамои истеҳсоли пахта, зиёд гаштани майдони кишти ғалла, картошка, боғу токзорҳо, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумлаи ҳамин дастовардҳо мебошанд. Масалан, дар даҳ моҳи соли равон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 496545,7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 дарсад зиёд мебошад.
Дар панҷ соли охир бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ, ғанӣ гардондани бозори дохилӣ бо меваю ангур, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот дар майдони 1028 гектар боғу токзори нав бунёд гардид. Аз ин 1011 гектар боғи зардолу, бодом ва дигар намуди дарахтони мевадиҳанда буда, майдони 17,25 гектарро токзор ташкил медиҳад.  
Кишоварзони ноҳия бо мақсади самараноку оқилона истифода намудани обу замин, гирифтани на кам аз ду ҳосил аз як замин аз ҳамаи шароиту имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, дар майдони 5938 гектар кишти такрории зироатҳоро гузаронданд, ки он ба 118,9 дарсади нақшаи солона баробар аст. 
Яке аз масъалаҳои  муҳиме, ки ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз он бастагӣ дорад, беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии заминҳо мебошад.  Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия  тариқи бастани шартномаи тарафайн  бо 5 ассотсиатсияи истифодабарандагони об, дар таъмини обёрии заминҳои 659 хоҷагии деҳқонӣ ва 5 ҷамоати деҳот ҳиссагузор аст. Маҳз ба шарофати  обёрии оқилона ва самараноки илмӣ ҳосилнокии заминҳо ба маротиб беҳ гашт. 
Дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ беҳтар шуда,  дар 10 моҳи соли равон қисми даромади  буҷети ноҳия 100,4  дарсад иҷро гардид. Ба буҷет ба ҷои 17 миллиону 492 ҳазору 949 сомонӣ, 17 миллиону 558 ҳазору 402 сомонӣ ворид гашт.     
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия нисбат ба соҳибкорон эҳтироми хоса зоҳир гардида, барои иқдомҳои ободкоронаву созандаашон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Маҳз бо мусоидату дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ 20 мағоза, нуқтаҳои хизматрасонӣ, бунгоҳи тиббӣ ва ғайра сохта ба истифода дода шуд.  Дар натиҷа 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ  таъмин гардиду вазъи иқтисодии 750 нафар беҳбудӣ ёфт. Айни замон сохтмони 12 иншоот идома дорад.
Рушди соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии ноҳия аз самтҳои муҳиму афзалиятнок маҳсуб меёбад. Яке аз дастовардҳои асосии соҳаи маориф дохилшавии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо арзёбӣ мешавад.   Соли равон аз шумораи умумии 1861 хатмкунанда тавассути низоми марказонидашудаи тестӣ ба донишгоҳҳо ва муассисаҳои миёнаи махсус 496 нафар дохил шуд, ки ин теъдод нисбат ба соли гузашта 10 дарсад зиёд мебошад. 43 нафар ба донишгоҳҳои хориҷӣ роҳхат гирифт, 23 нафар ба воситаи квотаи президентӣ донишҷӯ шуд ва 84 нафар ба коллеҷҳои касбии мамлакат дохил гардид.     
Нишондоди дигари соҳа иштироки хонандагон дар озмунҳои фаннии вилоятӣ,  ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад. Соли равон  28 нафар хонандагони синфҳои 9, 10,11 соҳиби 1 медали тилло, 7 нуқра,  18 биринҷӣ гаштанд. Дар ноҳия барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳалли пурраи худро ёфт.
Имсол 21 кадри ҷавон дар соҳаи маориф ба кор қабул шуд, масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ марҳала ба марҳала ҳалли пурраи худро ёфта истодааст. Ҷавонон ҳамчун сипари боэътимоди Ватан ва  неруи созандаву ташаббускори  кишвар арзёбӣ мешаванд. Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия соли равон чорабиниҳои маърифатии “Сухандони беҳтарин”, “Дар меҳмонии аскарбача” ва “Мо - муҳофизи Ватан”- ро дар қисмҳои низомӣ баргузор кард.  
Чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ дар марказҳои фарҳангии ҷавонони деҳаҳои Лубиёкор ва Асомуддин Муродови деҳоти  ба номи Ҷӯра Назаров, деҳаҳои Сомониён ва Янгиободи деҳоти ба номи Холматов ва деҳаи Корези деҳоти Пахтаобод ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Мо пайрави насли калонсолем” ва ба шарафи 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери шиори “Ҷавонон - таҳкимбахши истиқлолият” бо ширкати васеи ҷавонон баргузор гардида,  ба ташаккули ҳисси худшиносию ватандӯстии онҳо мусоидат намуданд.  
Аз аввали сол миёни ҷавонону наврасон 91 мусобиқаи ноҳиявӣ баргузор гардид. Варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, 72 медал, аз ҷумла 14  тилло, 18 нуқра ва 40 биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  62  медал зиёд аст.
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста ба амалӣ намудани барномаҳои давлатии кор бо занон ва оила дар самти дастгирии занони лаёқатманд дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа”, пешгирии зӯроварӣ ва хушунат дар оила корҳои муайянро анҷом додааст. Занон 50,3 дарсади шумораи умумии аҳолии ноҳияро ташкил медиҳанд. 170 нафар дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият дорад. Дар самти таъмини барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016” 113 духтар ба воситаи квотаи президентӣ ба муассисаҳои олии кишвар дохил шуда, 3 нафари онҳо бо кор таъмин гашт. 
Бо мақсади тарғиби илму фарҳанг, баланд бардоштани савияи дониш ва маърифати ҳуқуқии бонувон шуъбаи кор бо занон ва оила  бо ҷалби духтарони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ конференсияҳои омӯзишӣ дар мавзӯи “Маърифатнокии занон ва рушди ҷомеа”, чорабинии маърифатии “Ҷилваи ҳусн”, “Ҳусну ҳунарам зебост”, “Ҳунари ман - ифтихори ман” -ро баргузор намуд, ки ба ин васила тарғиби фарҳанги миллӣ ва аз байн бурдани бегонапарастӣ талқин гардид.  
Пешрафту дастовардҳои ноҳияи Шаҳритуз дар даврони соҳибистиқлолӣ хеле назаррас буда, ҳамаи онҳо аз баракати сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва дар натиҷаи заҳмати софдилонаи сокинони ин гӯшаи  зебои диёр муяссар шудаанд. Бо итминон метавон гуфт, ки заҳматкашони ноҳия дар оянда низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз рӯзгори орому осуда барои боз ҳам вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ саъю талоши бештар хоҳанд кард.
Додоҷон РӮЗИЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.2016    №: 233    Мутолиа карданд: 1498

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед