logo

ҳуқуқ

ЧОҲКАН ЗЕРИ ЧОҲ Ё ҶИНОЯТ БЕҶАЗО НАМЕМОНАД

Бунафша Мелиқулова, сокини  27 - солаи шаҳри  Ваҳдат,  аввалҳои моҳи январи соли равон дар деҳаи Ҷавонии деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат  ба назди панҷ нафар кӯдаке, ки дар канори роҳи мошин-гард машғули бозӣ буданд, омада, аз набудани волидайн ва дигар ашхоси калонсол истифода намуда, онҳоро бо роҳи фиреб ба қабати бинои сохтмонаш нотамом овард. 
 
Ӯ аз Фархунда Худоёроваи чорсола, Осия Раҷаббоеваи сесола, Нурбону Ибодова ва аз хоҳарон Мудасира ва Ёсуман Тағоеваҳо якҷуфтӣ гӯшвори тиллоӣ, ки  арзишашон  аз 400 то 500 сомониро ташкил медод, гирифта, ғайб зад. Сипас дар бозори марказии шаҳри Ваҳдат гӯшворҳоро ба тиллофурӯш С. Қосим ба маблағи 600 со-монӣ фурӯхт. 
Номбурда такроран 2 феврали соли 2016 ба  назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 - и шаҳри Ваҳдат омада,  хурдсол Дилноза Боеваро бо роҳи фиреб ба назди кӯдакистони кӯчаи Бохтар бурда, як ҷуфт гӯшвори тиллоӣ, арзишаш  400 сомонӣ  ва аз танаш палтои нархаш 400 сомониро кашида гирифтааст. 24 фев-рали соли равон  дар назди ҳамон муассисаи таълимӣ хонандагони синфи якум Бадахшон Сафарова ва дуго-наҳояш Умеда ва Мусобиҳаро фиреб карда, гуфтааст, ки ба онҳо  аз мағоза лӯхтак мехарад. Ӯ кӯдакони зудбо-варро паси беморхонаи марказӣ бурда, гӯшворҳояшонро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.      
Дилноза Нурмаҳмадова  низ ба доми фиреби Бунафша Мелиқулова афтод. Ӯ дар муассисаи таҳсилоти миё-наи умумии № 31 - и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, дар синфи 1-ум, таҳсил мекунад. Ҳар вақт пагоҳирӯзӣ соати 800 ба муассисаи мазкур рафта, нисфирӯзӣ, тахминан соатҳои 1130 дақиқа ба хона бармегашт. Ҳамин тавр, 15 - уми феврали соли ҷорӣ  Фирӯза Шаъбонова, модари Дилноза,  барои ба хона овардани духтараш ба мактаб рафта, ӯро намеёбад. Ба ӯ мегӯянд, ки Дилноза аз мактаб кайҳо баромада рафтааст. Вай ба хона баргашта, ба шавҳараш Д. Нурмаҳмадов занг зада, оид ба ғайб задани духтараш хабар медиҳад. Баъдтар маълум мегардад, ки на танҳо Дилноза, балки дугонаи ӯ Ёсуман низ ғайб задааст. Пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ин духтараконро аз назди маркази савдои «Техносила» пайдо мекунанд. Ба гуфтаи Дилноза, як зани ношинос аз ӯ як ҷуфт гӯшвори тиллоӣ ва болопӯш ва аз дугонааш болопӯши чармиашро  кашида гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Модари Дилноза гирду атрофи  ҷои ҳодисаро аз назар гузаронда, он занро пайдо накард. Баъдан барои дидани каме-раҳои мушоҳидавӣ ба мактаб ва мағозаҳои дар кӯчаи А. Дониш воқеъбуда рафт. Дар яке аз мағозаҳо навори чи гуна зани шахсияташ номаълум Дилноза ва Ёсуманро ба самти номаълум бурданашро мушоҳида намуд. 
Кормандони милитсия занеро бо гумонбарӣ дар ин ҷиноят дастгир намуда, ба Дилноза нишон доданд. Вай он зани ғоратгарро шинохт. Дар вақти тафтишот маълум гашт, ки он зан Бунафша Мелиқулова будааст. Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда С. Ҷобирзода 16 июни соли равон  парвандаи ҷиноятиро нисбат ба судшаванда Бунафша Мелиқулова дар асоси моддаи 248 қисми 2 бандҳои «а, в» (ғорат-гарӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баррасӣ намуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ таъйин кард. 
Ҳарчанд худи Бунафша модар бошад ҳам, мутаассифона, меҳру муҳаббат ва шафқати модариро гум карда-аст. Кунун ӯ дар паси панҷара аз кирдорҳои ношоямаш пушаймон гардида, ислоҳ мешуда бошад?   
Мунаввари САФАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2016    №: 234    Мутолиа карданд: 2271

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед