logo

фарҳанг

КИТОБ ҲАМНИШИНИ МАН ВА МО

Солҳои охир  дар ноҳияи Рашт ба масъалаи азнавсозӣ,  таъмиру тармими китобхонаҳои шаҳраку деҳот, баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати кори китобдорон, ташвиқу тарғиби соҳаи китобдорӣ  ва зиёд намудани сафи муштариёни китобхонаҳо тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд.
 
Тавре Маҳмадлоиқ Носиров, директори китобхонаи ноҳияи Рашт иттилоъ дод: «Ҳоло дар ноҳия 39 китобхо-на, аз ҷумла 2 китобхонаи бачагона фаолият доранд. Дар онҳо  127215 нусха адабиёти тозанашр мавҷуд аст. Гардиши китоб дар як сол 12975 нусхаро ташкил дод, ки ин нишондоди хеле хуб аст.   Шумораи умумии хо-нандагон 10107 нафарро ташкил медиҳад. То ин дам китобдорони ноҳия ба муштариёни худ 8794 нусха китоб додаанд».
Тӯли се соли охир дар асоси Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Рашт дар деҳаҳои дурдаст 12 ки-тобхона сохта ба истифода дода шуд. Соли ҷорӣ дар арафаи Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокини деҳаи Шуле Қиёмуддин Неъмонов аз ҳисоби маблағҳои шахсиаш як китобхонаи замонавӣ сохт. Ҳоло аз ин китобхона муштариёни 5 деҳаи Ҷамоати деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода истифода мебаранд. Соли 2015 бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 25 ҳазор, соли ҷорӣ бошад, 5 ҳазор китоби тозанашр барои китобхонаҳои ноҳия харидорӣ шуд.
Бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ ба мутолиаи китоб ва зиёд намудани шумораи аъзоёни китобхонаҳо бай-ни аҳолӣ - бахусус миёни ҷавонон, ҳамчунин дар чойхона, фароғатгоҳҳои деҳаҳо корҳои фаҳмондадиҳию таб-лиғотӣ гузаронда мешавад. Гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ аз ҷониби кормандони китобхонаҳо дар ара-фаи таҷлили ҷашнҳои милливу сиёсӣ бештар ба назар мерасад. Ба роҳ мондани Озмуни - библиомарафон  таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ!» ба ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба китобхонаҳо мусоидат намуд.  
Ба иттилои М. Носиров ҳоло 22948  китоби китобхонаҳо адабиёт бо   забони русӣ мебошанд, ки бештарашон аз солҳои қаблӣ нигоҳ дошта мешаванд. Дар баъзе китобхонаҳо адабиёти муосири тоҷик хеле кам аст. Ҳоло 8 китобхонаи деҳот ба таъмири асосӣ ниёз дорад. Дар  деҳаҳои  Шулмаки Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода, Мул-ло - Бароти Ҷамоати Ҷафр, Қалъаи Сурх  ва маҳаллаи Сарипули Ҷамоати шаҳраки Ғарм  китобхона нест. Масъалаи компютерикунонии китобхонаҳо ҳам аз мушкилоти соҳа маҳсуб меёбад. Ба истиснои китобхонаи мар-казии ноҳия дар дигар китобхонаҳо компютер вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, таъсиси як китобхонаи электронӣ ва пай-васт намудани он бо шабакаи умумиҷаҳонии интернет дар ноҳия хеле зарур аст. 
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2016    №: 234    Мутолиа карданд: 1842

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед