logo

иҷтимоиёт

КАНДАКОРӢ МЕРОС АЗ НИЁГОН АСТ

Кандакорӣ - усули коркарди бадеии чӯб, санг, устухон, гаҷ, гил ва ғайра, ки бо роҳи кандану бурида гирифтан иҷро карда мешавад, яке аз қадимтарин ва маъмултарин намуди санъати амалии миллист. Он дар меъморӣ (ороиши биноҳо), истеҳсоли ашёву анҷоми рӯзгор ва ғайра истифода мешавад. Устоҳои тоҷик, асосан чӯб (арча, чанор, тут, чормағз) - ро ба кор бурда, аз онҳо ашёҳои рӯзгор (коса, табақ, кавш, ва ғайра), қолибҳои махсус барои нусхапартоиву нақшунигори ма-тоъҳои пахтагӣ ва ғайра месохтаанд.
 
Дар ҳар хонаводаи тоҷик нақше аз ҳунари кандакорӣ ҳаст. Ҳатто бистари нахустини тифли тоҷик, ки гаҳвора аст, дар худ нақше аз ин ҳунар дорад. Албатта, ин як далели дар муҳити зебоипарастӣ ва ҳунар тарбият карда-ни фарзанд мебошад. 
Таърихи санъати кандакорӣ ба садсолаҳо мерасад ва мероси боқии асримиёнагист, ки дар қасру кӯшкҳои Ҳулбук, Панҷакент, Шаҳристон, Тахти Сангин, Аҷиннатеппа кашф гардидааст. Кандакорӣ дар миёни мардуми тоҷик бо анвои мухталиф муаррифӣ мешавад, ки кандакории барҷастаи муқарнасӣ, ҳамвор, амиқ, рӯйбаста ва дутарафа аз маъруфтарини онҳост ва то кунун дар миёни аҳолӣ ин ҳунар ҳифз шуда, фаровон истифода ме-шавад. 
Ҳамзамон, бо ин кандакорӣ дар гаҷ, ки миёни мардуми тоҷик таърихи хеле қадимӣ дорад, дар даҳсолаҳои охир рушд меёбад ва дар манзилсозӣ ва бунёди иншоот аз он зиёд истифода мекунанд. Дар намунаи асарҳои кандакорӣ дар гаҷ табиат, ҳайвонот, тасвир шудаанд.
Санъати кандакорӣ бо санъати мусиқӣ робитаи хеле қавӣ дорад. Асбобҳои мусиқии қадимии тоҷик ва навъҳои мухталифи он ҳунари дасти кандакорон мебошад. Чунин тахминҳое низ ҳастанд, ки таърихи кашфи асбобҳои мусиқӣ, ба монанди дутор, думбра, ситор, ҳатто танбӯру карнай ба завқи кадом як кандакоре иртибот мегирад. Дар Тоҷикистон мактабҳои таълими кандакорӣ дар чӯб фаъоланд ва ҳар сол теъдоде аз ҷавононро соҳиби теғи сеҳрофар месозанд. Мутаассифона, тавре ки худи устодони кандакор ва толибилмони ин касби қа-димӣ мегӯянд, кандакорӣ кори сангин ва пурзаҳмат аст ва ҳар нафар чунин заҳматро таҳаммул намекунад. Шогирдони ин касб дар ибтидо шавқи хеле зиёд доранд, лекин на ҳамаи онҳо то ба охир аз пайи касби интихоб-кардаашон амал мекунанд. Гӯё заҳмати онҳо кам арзёбӣ мегардад, вале дар асл ин тавр нест. Мо мутмаинем, ки агар асари кандакорӣ бо ҳассосияти хос офарида шуда бошад, ҳатман қобили пазироии мардум хоҳад шуд.
Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар ин даргоҳи ҳунар соли чорум аст, ки донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои рассомӣ, наққошӣ, ҳайкалтарошӣ, дизайн ва кандакорӣ таҳсил карда, ҳунар омӯхта истодаанд. Аз рӯи ихтисоси кандакорӣ 25 донишҷӯ таҳсил дошта, ба онҳо устодони собиқадор Саид Маҳмудов ва Азиз Гадоев маҳорати касб меомӯзанд. 
Бо боварӣ метавон гуфт, ки онҳо оянда дар намоишҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ҳунари волои миллати тоҷикро муаррифӣ намуда, баҳри рушди Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд. 
Субҳон УСМОНОВ, 
устоди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2016    №: 234    Мутолиа карданд: 2923

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед