logo

иқтисод

ПИСТА ПАРВАРИШИ ОН ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР МЕХОҲАД

Яке аз ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои расидан ба  болоравии иқтисодиёти миллӣ ин  дар шароити табиии кишвар  ба-ланд бардоштани маҳсулнокии  меваву сабзавоти маҳаллӣ,  аз ҷумла  писта  маҳсуб меёбад.  Доир ба  вазъи кунунии пи-стапарварӣ   ва  роҳҳои фаровонҳосилии он бо Шариф Шарифов, ходими калони  Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангали  Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намудем, ки чунин ибрози андеша кард:
 
- Дар минтақаи ҷанубӣ, хусусан, шаҳру ноҳияҳои  Хуросон, Қубодиён, Шаҳритуз, Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Данғара, Панҷ, Фархор ва Темурмалик пистазорон домани фарох густурдаанд, вале ҳанӯз ҳам имкониятҳои мавҷуда ба таври дилхоҳ истифода нашудаанд.  Тибқи маълумоти оморӣ   хоҷагиҳои ҷангалро  зиёда аз 80 ҳазор гектар пистазор  ишғол намудааст, ки  43 ҳазор  гектараш пистазори худрӯй аст. 
Барои рушди  пистапарварӣ дар  мавзеъҳо  шароит мутобиқ аст.  Асосан дар кишвари мо  пистазорҳо бо мақсади  васеъ кардани  ҷангалзор, нигоҳдории обу хок ва ҷамъоварии ҳосил бунёд меёбанд. Пистаи маҳаллӣ  равғаннокии  зиёд дошта, болаззаттар  аст.  Дар хоҷагиҳои ҷангал барои васеъ  намудани майдони пистазор аз тухмиҳои босифату донакалони  ба маҳал мутобиқ  истифода бурда истодаанд.         
Пистаи маҳаллӣ   хосияти донакалонӣ, кушодашавии дона на камтар аз 75 дарсад, ҳосилнокии баланди муътадил, равғаннокии зиёда аз  55 дарсад дошта, ба касалию ҳашарот ва ба гармиҳо тобовар мебошад.   Ин-тихоби дурусти навъу шаклҳои пурарзиш бо истифодабарии роҳҳои вегетативӣ ва кишт намудани тухмӣ мета-вонад ба ҳосилнокии баланди писта мусоидат намояд. Бо мақсади парвариши навъу шаклҳои ояндадор мо – мутахассисони пажӯҳишгоҳ мақсад гузоштем ҳамкориҳои самарабахшро бо  роҳбарони   хоҷагиҳои деҳқонӣ  ба роҳ монем.  
Мутахассисони пажӯҳишгоҳ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар хоҷагиҳои деҳқонии «Муҳаммад Эҳсон» ва «Пи-стаи Рафсанҷонӣ»  усули парвариши тухмиҳо дар халтачаҳои полиэтиленӣ (бо истифода аз таҷрибаи мутахас-сисони эронӣ) - ро ба роҳ монданд.  Имсол дар ин хоҷагиҳо  тухмии навъҳои пистаи эронӣ шинонда хуб нашъунамо ёфтанд.  
Ба ғайр аз ин, дар хоҷагии деҳқонии «Пистаи Рафсанҷонӣ» 4 гектар  майдони  пистазори куҳнаро аз сари нав пайванд гузаронданд. Ҳамчунин, дар 2  гектар майдони хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросон, дар назди Пойгоҳи илмӣ – тадқиқотии «Телевишка» навъи ояндадори Хуросон С – 68 – ро  низ пайванд намуданд. Онҳо боз ният доранд, ки  дар назди хоҷагии деҳқонии «Муҳаммад Эҳсон» як ниҳолистон (питомник)  бунёд  созанд.
Шароити табиии Тоҷикистон   имкон  медиҳад, ки талаботи дохилӣ бо навъу шаклҳои тухмии пурарзиши пи-ста таъмин ва тухмӣ барои фурӯши берун аз  ҷумҳурӣ низ бароварда шавад, - андеша дорад  Ш. Шарифов.
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2016    №: 234    Мутолиа карданд: 1512

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед