logo

иҷтимоиёт

ҶОЙ ДАР ДИДА

Ҷӯрабек Қодиров, табиб, стоматологи дараҷаи олӣ, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, на танҳо чун мутахассиси асил, роҳбару  раҳнамо, балки чун инсони шарифу накукор дар миёни дӯстону ҳамкорон маҳбубияти зиёде  касб карда буд. 
Ӯ соли 1962 ба факултаи  стоматологияи Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Қазони Русия дохил шуда, он-ро соли 1967 хатм кардааст. Фаъолияти кориашро дар беморхонаи стоматологии шаҳри Панҷакент оғоз наму-да, то ба вазифаи пурмасъули сардухтури  Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй (1981 – 87) фаъолият дошт. Дар ин муддат кор дар  пажӯҳишгоҳ беҳтар гардид. Саъй ба харҷ медод, то  барои ноил шудан ба дастовардҳои  чашмрас ва боло бурдани сатҳи касбияти табибон ҳамаи шароиту  имкониятҳоро фароҳам биёварад. Таҷрибаҳои беҳтарини олимону табибони соҳа омӯхта ва дар амал татбиқу роиҷ мегардид. Дар муносибату муошират бо табибон хуб, аммо ҳамзамон дар кор сахтгир буд. Кордонӣ, ташаббускорӣ ва роҳбарию роҳнамоиаш маҳбубияташро пайваста меафзуд. Бо як ҷасорат ва  боварӣ ба иҷрои корҳои мушкили соҳа рӯ меовард ва дар иҷрояшон муваффақ мегардид.
Ҳамчун табиби соҳа низ бо он донишу таҷрибаи зиёде, ки андӯхта буд, шуҳрати зиёд дошт. Бо вуҷуди ин ҳама доимо мутолиа мекард, то аз дастовардҳои навтарини илму таҷрибаи стоматологияи ҷаҳонӣ огоҳ бошаду баҳравар. Ҳамеша меомӯхт ва дигарон, хоса табибону  донишандӯзони ҷавонро меомӯзонд. Аз дидани  муваф-фақиятҳои ҳамкорон, табибони соҳа шод мешуд. Баъдҳо низ ба ҳайси  табиб – стоматолог – ортопед фаъоли-яти пурсамарашро  идома додааст.
Хидматҳояш бо ордени «Нишони фахрӣ» ва ифтихорномаҳо қадр гардидааст. Дуруст аст, ки ҳар кӣ накуном шуд ва накуном зист, марг низ аз ӯ шарафу ном меёбад. Ин ҳақиқат боз як бори дигар  чанде пеш собит гашт. Реҳлати ин  марди шарифу  некном, табиби ҳозиқу варзида, роҳбари  кордону  навовар, дар 72 – солагӣ эҳтиро-му маҳбубияташро  бештар аз пештар афзуд. Агар ҳам ҷойи ӯ дар дидаҳо буд, акнун дар дилҳост. Зикри хайри ӯ номи ӯро зинда мекунад. Ва барҳақ  аст, ки:
Зиндаю ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,
К – аз  ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Маҳмадулло ҚОСИМОВ,
директори Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷароҳии ҷоғу рӯй, номзади илми тиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2016    №: 234    Мутолиа карданд: 1847

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед