logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР САММИТИ ОБИ БУДАПЕШТ

27 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар кори Саммити оби Будапешт ба Маҷористон сафар карданд.
 
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмад Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
 
28 - уми ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати ташаббускори бузург дар масоили байнал-милалии марбут ба об дар Саммити оби Будапешт иштирок ва суханронӣ намуданд.
 
Дар кори ин чорабинии муҳим доир ба масоили об ҳамчунин Президенти Маҷористон Янош Адер, Президенти Ҷумҳурии Маврикий, ҳамраиси Панели сатҳи баланд оид ба об хонум Амина Ғуриб Факим, Сарвазири Ҷумҳурии Халқии Бангладеш хонум Шайх Ҳасина, Раиси Маҷмааи Умумии СММ Питер Томпсон, Мудири иҷроия, роҳбари молиявии  Бонки ҷаҳонӣ Йоахим Леви иштирок намуданд. Саммити оби Будапешт бо суханронии Президенти Маҷористон Янош Адер ва Паёми видеонавории Дабири кулли СММ Пан Ги Мун оғоз гардида, сипас дар ҳузури иштирокчиёни он Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баргузории Саммити оби Будапештро воситаи муҳими ҳамоҳангсо-зии талошҳои муштараки байналмилалӣ дар соҳаи об арзёбӣ карда, аз нақш ва мақоми устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуданд ва изҳор доштанд, ки Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба обро дар чорчӯбаи Рӯзномаи глобалӣ фаъолона пеш бурда, бо ташаббуси он ва як қатор кишварҳои дигари ҷаҳон Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид солҳои гуногунро  Соли байналмилалии оби ошомиданӣ, Даҳсолаи байналмилалии амалҳои  “Об барои ҳаёт” барои солҳои 2005 - 2015 ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон кардааст.
Дар баробари ин ташаббусҳои бузург имрӯз низ Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон фаъолона иштирок намуда, иқдому ташаббусҳои наву муҳимро дар ин самт пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ менамояд.
Барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор оид ба об Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани заминаи мусоид ва имконоти муосирро дар ин самт зарур шумурда,  ҷонибдории пешниҳодро доир ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти унвони “Об барои рушди устувор” амали муҳими  башардӯстона арзёбӣ карданд.
Аз нигоҳи Сарвари давлати Тоҷикистон ин ташаббус заминаи мусоиди  таҳкими нақши об дар раванди ноил гаштан ба дигар ҳадафу мақсадҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашударо фароҳам оварда, ба ҳамкории бештару зичтари давлатҳо дар соҳаи об мусоидат менамояд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2016    №: 234    Мутолиа карданд: 2031

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед