logo

иқтисод

ҲОСИЛ ИМСОЛ ДАР БАДАХШОН ТАЛАФ НАЁФТ

Деҳқонон ва аҳли заҳмати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳосили киштзорону боғотро беталаф ҷамъоварӣ намуданд. 
 То фарорасии сармои шадид ва боридани барфи барвақтии имсола кишоварзони минтақаҳои ғарбӣ ва ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз низ тавонистанд ҳосили киштзорон ва меваи боғотро пурра ҷамъоварӣ намоянд ва ба талафи заҳмати худ роҳ надиҳанд.

Бино ба иттилои Ҷаббор Қосимов, муовини раиси ноҳияи Ванҷ, солҳои пеш аз бепарвоӣ ва фориғболии як қатор роҳбарони хоҷагиҳо ва масъулони соҳа дар дурдасттарин мавзеъҳои баландкӯҳи водиҳои Ванҷи Боло ва Язгулом, алалхусус мавзеъҳои Поимазор, Ванван ва Жамагу Зайч даҳҳо гектар киштзорон ва боғоти мевадор зери барф мемонд. Сокинони деҳот аз бармаҳал боридани барф ва сармои шадид зарари хеле калон медиданд.
Хушбахтона, дар даврони соҳиб-истиқлолии кишвар ҳама корҳои кишоварзӣ аз рӯи нақша ва сари вақт ба анҷом расонда мешаванд. Ҳамчунин, кормандони идораҳои боду ҳавошиносии кишвар низ мардуми минтақаҳои кӯҳистонро аз боридани барфу борон ва хунукиҳо сари вақт огоҳ менамоянд. Тибқи чунин пешгӯиҳо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ва ҷамоатҳои деҳот чораҳои фаврӣ меандешанд. Феълан, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хусусии ноҳия, пеш аз ҳама дар водиҳои Ванҷи Боло ва Язгулом ҳосили бештар аз 1200 гектар киштзорон ва 800 гектар боғоти мевадор беталаф ҷамъоварӣ шуд.
Ба гуфтаи Нурмуҳаммад Додов, сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Дарвоз дар ин минтақа низ, аз он ҷумла хоҷагиҳои зотпарварӣ, деҳқонӣ ва хусусии Ҷамоати деҳоти Сағирдашт ҷамъоварии ҳосили киштзорон ва боғот мисли дигар манотиқи баландкӯҳи Бадахшон сари вақт ва пурра ба анҷом расидааст. Баъзе солҳо киштзорони ғаллаи лалмии мавзеъҳои Сафедорон, Гурбадара ва баландиҳои дашти Мурғобӣ то подомони ағбаи Хобу Рубот таги барф мемонд. Имсол ба чунин камбудиҳо хотима дода шуд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2016    №: 235    Мутолиа карданд: 1365

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед