logo

иҷтимоиёт

БО ИН БЕТАРАФИЕ, КИ ДОРЕМ…

Боғча. Баробари шунидани ин мафҳум ҳиссиёти аҷибе вуҷуди шахсро фаро мегирад, бахусус агар ӯ тарбиятдидаи ин даргоҳ бошад. Даргоҳе, ки бори нахуст кӯдакро аз муҳити хона ба оғӯш мегирад ва дар роҳи мустақилият тарбияташ мекунад. Даргоҳе, ки ба кӯдак муошират ва одоби рафтору гуфторро меомӯзад. Даргоҳи камолоти кӯдак - даргоҳи муқаддас. Маҳз бо назардошти муҳимияташон теъдоди чунин муассисаҳо ҳамасола рӯ ба афзоиш аст ва рушди муассисаҳои томактабӣ аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат маҳсуб меёбад.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар шаҳри Душанбе айни замон 90 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъол аст, ки дар онҳо садҳо нафар ояндасозони Ватани маҳбуб таълиму тарбия мегиранд. Шароит дар чунин муассисаҳо нисбат ба даҳ соли пеш муқоисанашаванда аст. Ҳар як чунин муассиса, ки дари худро ба сӯи тарбиятгирандагон боз мекунад, аз дигараш беҳтару хубтар бунёд ёфтаву ҳамчунон шароити муосиру фарқкунанда дорад. Вале ҳанӯз ҳам ҳастанд масъалаҳое, ки нуфузи чунин муассисаҳоро мекоҳонанд. Сухан дар бораи пардохти маблағҳои иловагӣ аз ҷониби волидайн меравад. Ҳарчанд тибқи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 31 марти соли 2016 таҳти № 150 андозаи якмоҳаи пардохти маблағ аз падару модар барои нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабии шаҳри Душанбе 80 сомонӣ муайян шуда бошад ҳам, пардохтпулиҳои нонавиштае низ ҳастанд, ки вақтҳои охир ба одат табдил шудаву ҳукми қонун гирифтаанд.
Дар баъзе аз боғчаҳои пойтахт кор то ҷое расидааст, ки ба кӯдак аз рӯи «меҳрубониҳо» - и волидайн муносибат мекунанд. Аниқтараш кадом падару модаре, ки зуд-зуд «хабар мегирад», фарзанди ҳамон оила бологузар. Ва баръакс, волидоне, ки гапи мураббиро ду карданд, ба қавле кори кӯдакаш чандон омад намекунад.
Шаҳноза Ҷалолова, сокини  шаҳри Душанбе  мегӯяд: «Кӯдакам дар боғчаи № 124 - и ноҳияи Синои пойтахт тарбия мегирад. Мудири боғча Зулфия Ҷаъфарова ва мураббия Саодат Абдураҳимова мебошанд. Рӯзҳои аввал муносибатам ба мураббия хеле хуб буд, вале он дер  давом накард. Аз зиёд пул талаб намудани мураббия изҳори норозигӣ кардаму муносибатамон якбора сард гашт. Рӯзи муаллимон буд, мураббӣ аз ҳар волидайн 30 сомонӣ талаб кард. То ин вақт босабабу бесабаб то 15 сомонӣ медодам, вале чун вазъи молиявии оилаамон имкон надод, ин маблағро супурда натавонистам, ҳарчанд ба хотири кӯдакам инро мехостам. Ба мураббӣ фаҳмондам, ки пули моҳонаи боғчаро бо заҳмати зиёд месупорам. Ва умед доштам, ки муаллима маро мефаҳмад. Вале чунин нашуд. Дигар ӯ ба кӯдаки ман меҳрубон набуд. Гоҳ бо сухану гоҳе бо сарзаниш аламашро аз ӯ мегирифт. Аз рамузи кӯдакам эҳсос мекардам, ки ба боғча рафтан намехоҳад. Ба гиряҳои рӯздармиёни кӯдаки бечора тоб наоварда, ӯро ба дигар гурӯҳ гузарондам.  Вақти кӯдакам хуш аст, чун пештара ҳар рӯз бо шавқ худаш ба боғча меравад. Пас, аз ин ба хулосае  омадам, ки дар ҳақиқат мураббия ба  кӯдаки ман зулм мекардааст.
Ҳайратовар ин аст, ки аз рафторҳои пасипардагии чунин мураббияҳо ҳама волидайн огоҳанд, вале «даҳони пӯшида сад танга» гуфта, хомӯширо ихтиёр намудаанд. Бо ин бетарафие, ки дорем, оё метавонем, дар пешрафти кишвари тозаистиқлоламон саҳм дошта бошем? Ин саволест, ки ҳам аз масъулон ва ҳам аз волидайн посух мехоҳад.
Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2016    №: 235    Мутолиа карданд: 1870

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед