logo

фарҳанг

БИНИГАРЕМУ БИРАВЕМ? АЗ ҲОЛИ ЗОРИ КИТОБҲОИ ҚАДИМӢ

Дар баъзе аз хонаҳои шаҳрвандони кишвар ҳоли зори китобҳои қадимиро дида, кас намедонад худро чӣ гуна тасалло бидиҳад. Не, нисбати онҳо ҳеҷ гоҳ беэҳтиромӣ зоҳир накардаанд, аммо ғамхорияшон низ ба масал  сарнавишти бозе дар хонаи пиразан аст. Пиразан аслан аз рӯи содагӣ ба боз муносибат мекунад. Зимни буридани парҳои боз ба соҳиби пештарааш, агар ҳам ӯ намешунавад, норизоии худро баён мекунад. Нохунҳои шикорияшро низ мегирад. Дар ташт ба оби гарм мешӯядаш. Хуллас, аз он боз қариб ки нишоне намемонад, неруву тавонияшро чун аз байн мебарад, бо ин ҳол ба гунҷишке ҳам баробар нест.

Китобҳои қадимие, аз қабили Саъдии Шерозӣ, Ҳофиз, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Бедил дар гаҳвора зери сари кӯдак аст. Гӯиё ин китобҳо тифлашонро аз балову офоти самовию арзӣ нигоҳ медорад. Ба ин китобҳо ҳаво намерасад ва дар ҳолати вайроншавӣ қарор доранд.
Нафаре аз рӯи муҳаббат ба хати ниёгон «Куллиёт» - и Мирзо Абдулқодири Бедилро дар сад сӯми замони шӯравӣ, ки маблағи калон ҳисоб мешуд, дӯзондааст. Ин  китоб дар матбааи «Сафдарӣ» - и Бамбай соли 1299 ҳ. ба табъ расидааст. Дӯзанда барои он меҳнати зиёд ба харҷ додааст. Аммо муқоваи онро, куҳна шудааст гуфта, дар оташ андохтааст. Китоб алҳол муқоваи замони навро дорад. Ин ҳар ду – соҳиби китоб ва он дӯзанда нафаҳмидаанд, ки қимати «Куллиёт», аз ҷумла дар куҳнагии ҳамон муқова мебошад. Чун моҳияти муқоваи авваларо ба ӯ фаҳмондам, худро гунаҳгор ҳисобид, гунаҳгоре, ки  гӯё гуноҳаш ҳеҷ бахшида намешавад. Оби чашмаш мерехт ва чун мурғе дар қафас аз оташи вуҷуд месӯхт. «Худо моро бубахшад, чӣ коре кардем? Пиндоштем, ки коре нек анҷом додем. Натиҷаи нодонӣ, бесаводӣ ҳамин аст», - мегуфт ӯ. Дӯзанда саҳифаҳои 9 -18, 97-106, 125 -132 - ро дар охири китоб ҷой додааст. Саҳифаҳои 133 - 134 - и он пайдо нашуд.
Албатта, ин мушт намунаи хирвор аст. «Куллиёт» - и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ, ки дар Ҳиндустон ба табъ расида, қариб ки ҳамин ҳолро дорад: муқоваи онро нав кардаанд. Сарнавишти «Гулистон» - и Шайх Саъдии Шерозӣ низ ба ин ҳар ду китоб монанд мебошад.
«Нафаҳот – ул – унс» - и Ҳазрати Мавлавӣ Ҷомӣ, ки соли 1915 дар Тошкент нашр гардидааст, чун ҳанӯз 101 – сола мебошад, андак аз ин гуна харобкориҳо дур мондааст, аммо ниёз ба варақ гардондан ба хотири расидани ҳаво дорад.
«Ҷомеъ-ул-асрор» ном китоб «ба ҳасби фармоиши Мулло Абдураҳмон Ҳоҷии Хуҷандӣ» дар типографияи Орифҷонови Тошкент соли 1328 ҳ. ба табъ расидааст. Китоби хубу хонданию муфид аст ва аз аҳли тариқату ин роҳ маълумот медиҳаду соликро раҳнамоӣ мекунад. Он ҳам, мутаассифона, дар ҳоли харобшавӣ аст.
«Девон» - и Имло дастхат мебошад. Коғази он аз коғазҳои ин китобҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Муқовааш низ бар қадимӣ будани он шаҳодат медиҳад. Яъне, қимати он бояд зиёд бошад. Вале онро муассисаҳое, ки бояд бихаранд, аз ҷумла Осорхонаи миллӣ ба сабаби он ки аз ин гуна китоб 8 адад доранд, намехаранд.
Дуруст аст, ки чопи бисёре аз ин гуна китобҳо сангӣ аст ва мисли дастхат қимат надоранд. Инчунин, муассисаҳои фарҳангию илмӣ чунин китобҳоро дар хазинаҳои худ доранд. Пас чӣ бояд кард?  Ба ҳоли зори китобҳои қадимӣ бинигарему биравем? Дар замони худ онҳо қимати зиёд доштанд. Ҳар кадомеро ба маблағу нархи чанд гову гӯсфанд мехариданд. Ҷояшон дар равоқҳои баланд буд. Барои ҳар кадом соҳибонашон аз матоъ ҷилд ё худ рӯкашӣ фармоиш медоданд. Агарчи ҳам дар баландӣ ҷой доштанд, ба ҷонибашон пой дароз намекарданд. Ба фарзандону пасмондагонашон таъкид менамуданд, ки нисбат ба китобҳо андак ҳам беэҳтиромӣ зоҳир нанамоянд, чун оқибати ногувор дорад. Акнун мо насле ҳастем, ки он анъанаи неку муҳаббатро аз даст додему фаромӯш кардем. Ба ин муносибате, ки мо ба китобҳои қадимӣ дорем, пас аз чанд даҳсола бештару бештар хароб мегарданд ва ҳамин тавр аз миён мераванд.
Магар аз таърих намедонем ва падарону бобоянамон ба мо нагуфтаанд, ки солҳои 20 - 30 - юми асри гузашта чӣ қадар китобҳои нодиру маърифатии моро рӯған рехтаву оташ задаанд? Хонаҳоро, маҳбасхонаҳоро ба ин китобҳо гарм менамуданд. Сабаб? Бар онҳо тамғаи муҳри динӣ зада буданд. Соҳибонашонро чун душмани синфӣ, сохти нав, диндор ё парронданд ва ё бадарға карданду ҳабс намуданд.
Марҳум Сомеъ Одиназода, шоир, олиму фозили давр, сокини шаҳри Кӯлоб, ба муаллифи ин сатрҳо гуфта буд, ки ҳамроҳи мо Ихтиёрхон Тӯра ном мард, сокини Қистақӯзи Ленинобод (ҳоло Хистеварзи Суғд) - ро 25 сол аз озодӣ маҳрум сохтанд. Тамоми гуноҳи ин бечора марди фарҳангӣ он буд, ки аз хонааш китоби Туғрали Аҳрориро пайдо кардаанд. Ва ҳам мегуфт: «Як вақт омаданд, хонаамро кофтанд, сад китобамро ёфтанд. Ёфтанду онҳоро рӯйи ҳавлӣ, дар пеши чашмонам рӯған рехтанду сӯхтанд. Чӣ хел фарёд намекунӣ, чӣ хел ҷигар пора намешавад, чӣ хел дил хун намегардад, вақте мебинӣ «Қуръон» месӯзад, вақте мебинӣ «Гулистон» месӯзад ва ҳам «Бӯстон» - у «Ал – қонун» - у дигару дигар»?
Ҳамин тавр, гузаштагони бошарафи мо ҷон доданд, ҷон дар хатар гузоштанду китобҳоро ҳифз намуданд. Агар ҳам бар асари нотавонӣ китобҳояшонро дар пеши чашмашон сӯзонданд, пештар аз онҳо худ сӯхтанд ва дар ҳасраташон ҳамеша ашк мерехтанд. Худро гунаҳгор меҳисобиданд, ки китобҳоро ҳифз карда натавонистанд.
Бисёре аз китобҳоро мардум гӯр карданд, дар ғорҳо пинҳон намуданд, ба ин умед, ки рӯзе вазъ хуб мешавад ва онҳоро мебароранду мавриди истифода қарор медиҳанд. Чаро мо ба зудӣ ин ҳамаро фаромӯш кардем? Чаро ба қадри ниёгони бузургамон, ки барои ҳосил намудани маърифати наслҳои оянда, аз ҷумла мо ҷон доданду китобҳоро нигоҳ доштанд, намерасем? Оре, бисёре аз ин китобҳо ҳанӯз дар гӯранд, дар ғоранд.  Вазъ он вақт ба зудӣ нек нашуд ва онҳо ин асрорро бо худ ба хоки тира бурданд.  Аз ин ҳама ҷабри таърих агар панд намегирем, бояд аз чӣ панд бигирем?
Фикр мекунам, ки қабули барномаи махсус дар мавриди харидану  ҷамъоварию нигаҳдорию омӯзишу тармими китобҳои қадимӣ ногузир аст. Ва мардум бояд бидонад ва дилпур бошад, ки онҳо аз ҷониби давлат чун моли моҳияти стратегӣ дошта ҳифз мешаванд. Дар ин сурат бархе, балки бисёре аз соҳибони китобҳои қадимӣ онҳоро ройгон медиҳанд. Агар не, умри китобҳои мазкур ба ин ҳоли зоре, ки доранд, дароз нест ва таърих, наслҳои оянда моро барои ин бемасъулиятиҳоямон намебахшанд, ки намебахшанд.
Абдулқодири РАҲИМ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2016    №: 235    Мутолиа карданд: 1974

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед