logo

маориф

СИНФҲОИ КОМПЮТЕРӢ. НИЗОМИ ТАЪЛИМ НАБОЯД ХАЛАЛДОР ШАВАД

Ҷорӣ намудани технологияҳои нави иттилотию коммуникатсионӣ дар ҷараёни таълими муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ғанӣ гардондани мазмуну моҳияти таҳсилот бо мақсади шароит фароҳам овардан барои дар сатҳи зарурӣ тайёр намудани шахсияти ҳамаҷониба инкишофёфтаи ҷавобгӯ ба бозори меҳнат дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта,  ин иқдом аз ҷониби Ҳукумати мамлакат мунтазам пайгирӣ карда мешавад. 
Ба гуфтаи Абдусаттор Зайниддинов, сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт, масъалаи истифодаи синфхонаҳои компютерӣ ва сифати таълими фанни технологияи инфарматсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии деҳот зери назорати доимӣ қарор гирифта, дар шӯроҳои шуъбаи маориф ва маҷлисҳои васеи он пайваста мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешавад. «Дар назди 68 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва умумии асосӣ кабинетҳои фанни технологияи информатсионӣ таъсис ёфта, бо таҷҳизоти таълимӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Муассисаҳои таълимии ноҳия ҳоло дорои 652 компютер, 120 принтер ва 77 генератори дизелӣ мебошанд. Тибқи талаботи Барномаи давлатии компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳия 103 дарсад таъмин гардид, ки ин ба ҳар 15 нафар хонанда як компютер барои таълим рост меояд. Баҳри самаранок  ба роҳ мондани фаъолияти эҷодии омӯзгорон ва пайвастшавӣ бо шабакаи ҷаҳонии интернет 59 муассисаи таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои дохилии муассисаҳо ноутбук харидорӣ намуданд. Муассисаҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 1, 8, 9, 31, 32, 60, интернати наздимактабии № 1 ва мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия низ бо барқи доимӣ таъмин мебошанд», - иброз дошт А. Зайниддинов.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 72 нафар омӯзгори соҳибкасб ба хонандагон фанни технологияи инфарматсиониро меомӯзонанд. Салимбек Тӯраев, роҳбари маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маориф,  иттилоъ дод, ки «маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия дорои 10 компютер буда, дар он ҳар се моҳ 10 нафарӣ омӯзгорони фанҳои гуногун ба курси кӯтоҳмуддат фаро гирифта мешаванд».
Ҳангоми баррасии мавзӯъ бо вуҷуди дастовардҳои назаррас як қатор мушкилот низ мавриди назарамон қарор гирифт, ки боиси вайрон гардидани  низоми таълими дарсҳои технологияи компютерӣ дар муассисаҳои таълимии деҳот  мегарданд. Ин мушкилиро  на танҳо дар Рашт, балки дар дигар ноҳияҳои дурдасти кишвар низ мушоҳида кардан мумкин аст.  Дар фасли зимистон набудани барқи доимӣ ва барои гузарондани дарсҳои амалии компютерӣ харидорӣ нашудани сӯзишвории дизелӣ мушкилоти асосӣ маҳсуб мешавад. Ҳамчунин, аксар компютерҳои муассисаҳои таълимӣ солҳои 2009 - 2010 харидорӣ шуда, ҳоло дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд ва ё таъмирталаб мебошанд. Норасоии мизҳои махсуси компютерӣ низ  дар кабинетҳои технологияи информатсионӣ мушкилоти дигар аст. 
Таҳия ва мавриди амал қарор додани барномаи махсуси омӯзиши компютер барои ҳамаи омӯзгорон, тариқи электронӣ ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории омӯзгорони фаннӣ ва роҳбарони синфҳо таълими фанҳои дигарро низ осон мегардонад. Баҳри таъмир ва назорати истифодаи компютерҳои муассисаҳои таълимӣ низ бояд масъулон чораҳои дигари иловагӣ амалӣ намоянд.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2016    №: 235    Мутолиа карданд: 6427

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед