logo

ҳуқуқ

МАҲРУМ АЗ ОЗОДӢ. БОЗ ДАР БОРАИ ИФРОТГАРОЁН

Суди вилояти Хатлон ахиран ҳашт нафарро асосан бо ҷурми фаъолияти ифротгароӣ, иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ ва майл ба амалҳои зархаридӣ ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум кард.
Ин нафарони гумроҳ, ки синнашон аз 21 то 46 аст, дар деҳаи Навбаҳори деҳоти 20 - солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиён зиндагӣ мекарданд. Саркардаи гурӯҳ ё нафаре, ки онҳоро ба ин роҳи хато бурдааст, Исроилжон Намазови 46 - сола мебошад. Номбурда моҳи сентябри соли 1995 барои гирифтани маълумоти динӣ ба ноҳияи Шӯрчии вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафта, то моҳи марти соли 1996 дар назди домулло Муҳиддин ном шахс бо баҳонаи омӯзиши дини ислом ақидаҳои ифротиашро қавӣ гардонда, баъдан ба ташкилоти террористии Ҳизби исломии Туркистон (собиқ Ҳаракати исломии Ӯзбекистон) шомил мешавад. Ӯ давоми солҳои 2013 - 2016 дар манзили истиқоматии худ ва шогирдонаш ба ҷалб кардани ҷавонон ба гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» машғул шудааст. Дар натиҷа ҳамдеҳагонаш Абубакр Мамадиев, Раҳматулло Мамадиев, Муҳаммад Мамаюсупов ва чанде дигаронро барои иштирок дар амалиёти террористӣ ба кишварҳои ҷангзадаи арабӣ фиристодааст, ки айни замон онҳо ба муқобили сохти конститутсионии  давлати Сурия ҷангида истодаанд.    
Исроилжон Намазов кирдори ҷинояткоронаи худро давом  дода, солҳои 2014 - 2016 дар манзили зисташ мунтазам тавассути шабакаи иҷтимоии “Однаклассники” ва “Whats App” бо ҳаммаслакони худ Умар Мамадиев ва Шоир Шербеков робита барқарор карда,  якҷо бо онҳо нақшаи ба таври оммавӣ даъват намудани ҷавонони деҳаро барои фаъолияти  экстремистӣ кашидааст. Азбаски Намазов муллои деҳа буд, мардум ба ӯ бовар намуда, гуфтаҳояшро иҷро менамуданд. Вай дар хонааш барои амалӣ намудани ниятҳои ҷинояткорона, яъне зиёд кардани сафи террористони «Давлати исломӣ» зимни амри маъруф борҳо кӯшидааст, ки дар ботини ҷавонони деҳа, мисли М. У. Очилдиев, Х. Х. Сафаров ва Х. Х. Имомов нисбат ба Ҳукумати қонунии Сурия эҳсоси кинаву адоватро бедор сохта, сипас ба ҷанг далолат кунад.
 И. Намазов ва Ш. Шербеков баҳри боварибахш ҷилва додани ақидаҳои ифротии худ ва бештар моил намудани дигарон, бо яке аз аъзои фаъоли иттиҳоди экстремистӣ У. Ш. Мамадиев,  ки айни ҳол дар Сурия қарор дорад, тавассути ноутбук, бо истифода аз шабакаи иҷтимоии “Однаклассники” ва “Whats App” тамос гирифта, иштирокчиёни муҳорибаҳои  ифротгароёнаи Сурияро ба Очилдиев, Сафаров ва Имомов нишон додааст. Рафтори ифротгароёнаи онҳоро бардурӯғ пӯшиши исломӣ дода, ҳатто иброз кардааст, ки зидди шиамазҳабон ҷангидан фарз мебошад. Ба ҳамин минвол, И. Намазов ҳамдеҳагони дигараш - Умар Мамадиев, Абубакр Мамадиев, Раҳматулло Мамадиев, Муҳаммад Мамаюсупов ва чандин нафари дигарро барои пайвастан ба гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ташвиқ кардааст.
Шоир Шербекови 21 - солаи ҳанӯз муҷаррад, ба қавле “шогирди дасти рост”-и Намазов будааст. Ӯ дар баробари шарик шудан ба даъватҳои ифротгароёнаи “устод”- аш, ҳамроҳи вай давоми солҳои 2014 - 2016 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар назди “пир”- ашон домулло Муҳиддин ақидаҳои зиёдаравонаи ба ном исломӣ андӯхта, ба узвияти Ҳизби исломии Туркистон дохил шудааст. Номбурда ҳатто барои пайвастан ба сафи душманони башарият - террористони “Давлати исломӣ” омодагии ҷиддӣ гирифта буд. Вале, хушбахтона, кормандони Вазорати корҳои дохилии кишвар сари вақт садди ин нияти бадаш гардиданд.
Музаффар Очилдиев ва Хайрулло Сафаров, ки аз ҷониби ду нафари болозикр нағзакак мағзшӯӣ гардида буданд, дар мавъизаҳои муҳтавои ифротгароидошта пайваста ширкат варзида, кирдорҳои ваҳшиёнаи гурӯҳи “Давлати исломӣ”- ро ҷиҳод ҳисобида, видеонаворҳои одамкушии онҳоро тамошо мекардаанд.
Иргашов Отабек Ибрагимович, Шербеков Орифжон Оделжонович, Имомов Холмуҳаммад Холмуротович ва Шербеков Адҳам Шарифович ҳарчанд ба узвияти ягон иттиҳодияи экстремистӣ ворид нашудаанд ва қасди дар сафҳои чунин як гурӯҳ ҷангидан бар зидди касеро ҳанӯз накарда будаанд, аммо пайваста ба "амри маъруф" - и мақсадноки И. Намазов ва Ш. Шербеков гӯш медодаанд ва ҳеҷ гоҳ ақидаҳои онҳоро инкор намекардаанд. Бо ин амали хеш онҳо ҷинояти вазнин ва махсусан вазнини содиршудаистода ва омодашавандаро рӯйпӯш кардаанд.  
Ҳамин тавр, бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ Суди вилояти Хатлон Исроилжон Намазов бо моддаҳои 187 қисми 2, 3071 қисми 1, 3074, 4011 гунаҳгор дониста шуда, бо дастрасии моддаи 67 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ ҷазо бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 21 сол, бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт ва ба муддати ду сол маҳрум кардан аз ҳуқуқи фаъолият дар ташкилотҳои динӣ таъйин кард. Ш. Б. Шербеков бо моддаҳои 3071 ва 4011 ҳамин кодекс гунаҳгор дониста шуда, бо дастрасии моддаи 67 нисбаташ ҷазо бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 18 сол, бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт ва ба муддати ду сол маҳрум кардан аз ҳуқуқи фаъолият дар ташкилотҳои динӣ таъйин кард.  М. У. Очилдиев ва Х. Х. Сафаров бо моддаҳои 32 қисми 3, 4011, 3071 ва 4011 Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор дониста шуда, нисбат ба ҳар кадоми онҳо ҷазоҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 13 - солӣ, бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт таъйин карда шудааст. Иргашов Отабек Ибрагимович, Шербеков Орифжон Оделжанович, Имомов Холмуҳаммад Холмуротович, Шербеков Адҳам Шарифович бо моддаҳои 347 қисми 1 кодекси мазкур гунаҳгор дониста шуда, нисбат ба ҳар кадоми онҳо ҷазоҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1 - солӣ, бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ таъйин карда шудааст.
Бояд гуфт, ки дар ислом рехтани хуни мардумони бегуноҳ, бахусус занону кӯдакон ҳаром аст. Қатли пайравони мазҳаби дигар, бахусус шиамазҳабонро низ бузургони аҳли суннат ва ҷамоат куллан рад кардаанд. Пас бо кадом ақлу фаросат онҳое, ки дар боло зикрашон рафт, ғояҳои пуч, хунталаб, густаришдеҳи вайронию қашшоқӣ, дарбадарӣ ва қатлу ғоратро дастгирӣ мекунанд? Маълум, ки мағзи онҳо заҳролуд шудааст.  Акнун барои амиқ андеша кардану ислоҳ шудан ҳар кадомашон фурсати кофӣ доранд.  
Бойзода Темур ГУЛБОЙ,
муовини якуми раиси  суди вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2016    №: 235    Мутолиа карданд: 2495

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед