logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, Маҷористон, 29 ноябри соли 2016

Муҳтарам аъзои Панели сатҳи баланд,
муҳтарам иштирокчиёни ҷаласа!
Нахуст мехостам  сипоси худро ба ҷониби Маҷористон ва Президент Янош Адер барои  ҳусни танзими  Саммит ва ҷаласаи  ин Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об изҳор намоям.
Моҳи сентябри соли ҷорӣ Панели мазкур Нақшаи амалҳо иборат аз 9 мавзӯи афзалиятнок ва 48 амалро қабул намуд. Аҳамияти Нақшаи  қабулгардидаро таъкид намуда, мехостам омодагии моро ҷиҳати иштирок дар татбиқи ҳамаи мавзӯъҳо ва амалҳои афзалиятноки он изҳор намоям.
Тавре ки ман дирӯз қайд кардам, мо пешниҳод намудем, ки Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор», ки ба банди аввалини Нақша шомил гардидааст, эълон гардад. Лоиҳаи  қатъномаи дахлдор оид ба ин масъала дар марҳалаи  хотимавии баррасии  Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад. Мо умедворем, ки дар рӯзҳои наздик ин қатънома бо ризоияти кулл қабул хоҳад шуд.
Дар ин маврид барои ҳамкорӣ ва муттаҳид намудани кӯшишҳои мо ҷиҳати мусоидат ба амалияи дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, ҳамчунин   ҳалли  дигар масъалаҳои вобаста ба об заминаи боэътимод ва ҷавобгӯи замон фароҳам оварда мешавад.
Дигар амалҳое, ки Тоҷикистон дар онҳо худро пешсаф мебинад, бо масъалаҳои роҳандозии робитаҳои ҳамшарикиву ҳамкории байналмилалӣ,   паст намудани хавфи офатҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим, дастрасӣ ба оби нӯшокии безарар ва беҳдошт, муҳити зист, инфрасохтору сармоя, мудирияти захираҳои об, аҳамият ва нақши он дар иқтисоди устувор пайвастагӣ доранд.
Бешубҳа, тамоми мавзӯъҳо ва амалҳои афзалиятноки Нақша ниҳоят муҳим ба шумор мераванд, вале ман мехостам  ду ҷанбаи он - сармоягузорӣ ва инфрасохторро махсус таъкид намоям.  Аз нигоҳи мо, ин ду ҷанба омили калидӣ дар роҳи ҳалли мушкилоти вобаста ба об мебошад.
Масъалаҳои зикргардида, бо назардошти чолишҳои нав ва, пеш аз ҳама, таъсири тағйирёбии иқлиму афзоиши аҳолӣ, ки аз як тараф ба камшавии захираҳои оби нӯшокӣ ва аз тарафи дигар ба зиёд шудани истеъмоли об оварда мерасонанд, басо муҳиманд.
Мутаассифона, ин тамоюл бемайлон рушд ёфта,  камбуди обро дар ҳама сатҳҳо шиддат мебахшад ва тибқи арзёбии коршиносон, аллакай дар  соли 2030  зиёда аз  40 фоизи аҳолии ҷаҳон норасоии захираҳои обро эҳсос хоҳанд намуд. Возеҳ аст, ки дар чунин шароит таъмини маблағгузории устувор ва зиёд намудани сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои инфрасохтории соҳаи об зарур аст.
Боиси таассуф аст, ки буҳронҳои молиявию иқтисодии солҳои охир кӯшишҳои кишварҳоро ҷиҳати амалӣ гардондани барномаву лоиҳаҳо дар  соҳаи об коста мегардонанд. Ба ин манзур дастгирии ташаббусҳо оид ба беҳтар гардондани маблағгузории соҳаи об, аз ҷумла бо истифода аз фондҳои глобалии сармоягузории мавҷуда, ба монанди «Фонди иқлими сабз», саривақтӣ ва муҳим мебошад. Ин амалия барои кишварҳои камтараққӣ ва дар ҳоли рушд қарордошта басо муҳим аст.
Тибқи ҳисобҳо, сармоягузорӣ дар самти беҳтар намудани идоракунии захираҳои об танҳо дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ бо маблағи аз понздаҳ то сӣ миллиард доллари амрикоӣ, метавонад дар ҳаҷми то ду баробар зиёд даромади мустақим орад. Азнавсозии инфрасохтори мавҷуда ва бунёди нави он, инчунин ҷалби  технологияҳои нав барои ин мақсадҳо  дар таъмини истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об нақши калидӣ хоҳад дошт.  
Ба ин васила ҷиҳати таъмини амният дар соҳаи об саҳми назаррасе гузошта мешавад. Масалан, сохтмони обанборҳо имкон медиҳад, ки на танҳо тавлиди неруи барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ тоза  роҳандозӣ шавад, балки дар шароити тағйирпазирии иқлим танзими ҷараёни боэътимоди об ва ҳифзи аҳоливу заминҳо аз селу обхезиҳо таъмин гардида, шиддати таъсири хушксолиҳо ва партови газҳои карбон ба фазо ба таври назаррас паст карда шавад. Яъне, тарҳи  инфрасохтории дуруст ба нақша гирифташуда ҳамзамон метавонад дар ҳалли чандин масъалаҳои ҳаётан муҳим мусоидат намояд.
Маҳз бо ҳамин мақсадҳо, мо дар баробари такмили қонунгузорӣ ва асосҳои ниҳодии идоракунӣ ба Барномаи ислоҳоти бахши оби Тоҷикистон масъалаи рушди инфрасохтори обро ворид кардем.  Ба ҳалли ин масъала зиёда аз ҳаштод фоизи маблағҳои пешбинишуда равона карда мешавад.
Мо итминон дорем, ки ин амалҳо  ба кишвари мо имкон медиҳанд, ки як қадами назаррас дар шоҳроҳи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор гузорад.
Изҳори умедворӣ менамоям, ки ниҳодҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ ва кишварҳои донорҳо ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи талошҳои мо дар ин ҷода мусоидати худро дареғ нахоҳанд дошт. 
Хонумҳо ва ҷанобон!
Дар хотима мехостам бори дигар омодагии моро ҷиҳати  татбиқи Нақшаи амалҳо ва пешбурди ҳадафу мақсадҳои Панели сатҳи баланд оид ба об дар ҳама сатҳҳо изҳор намоям.
Аён аст, ки пешсафӣ дар роҳандозии ташаббусҳои дар боло зикршуда  маблағҳо ва воситаҳои техникии зиёд, ҳамчунин таҳкими иқтидорҳоро тақозо менамояд.
Дар шароити имрӯзаи иқтисодӣ татбиқи ин ташаббусҳо барои кишварҳои рушдёбанда, ба мисли Тоҷикистон  дучанд душвортар аст.
Бо вуҷуди ин, мо ният дорем, ки ҷиҳати пешбурди ҳадафу мақсадҳои Панел, татбиқи Нақшаи амалҳо ва иҷрои уҳдадориҳои худ дар мавриди пешсафӣ дар амалҳои алоҳидаи Нақша аз тамоми имкониятҳо истифода барем.
 Бовар дорам, ки дар татбиқи ин ҳадафу мақсадҳо шарикони мо оид ба рушд низ мусоидати худро дареғ нахоҳанд дошт.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2016    №: 235    Мутолиа карданд: 6861

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед