logo

сиёсат

ҶАЛАСАИ ПАНЕЛИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ОБ

29 ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки дар доираи Саммити оби Будапешт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҷониби Маҷористон ва роҳбари ин давлат барои дар сатҳи баланд ташкил намудани чорабиниҳои муҳим доир ба масъалаҳои об изҳори сипосу миннатдорӣ карда, омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои мусоидат ва иштироки фаъол дар татбиқи Нақшаи амалҳои Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки моҳи сентябри соли равон қабул шуда, маҷмуан 57 амал ва мавзӯи афзалиятнокро фаро мегирад, изҳор намуданд.
Тавре зикр шуд, Тоҷикистон ҷонибдори эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» мебошад, ки аз бандҳои асосии ин Нақшаи амалҳо ба ҳисоб рафта лоиҳаи қатъномаи дахлдор оид ба ин масъала дар марҳалаи хотимавии баррасии Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад.
Бо таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тамоми мавзӯъҳо ва амалҳои афзалиятноки Нақша ниҳоят муҳим ба шумор рафта, барои ҳамкорӣ ва муттаҳид намудани кӯшишҳои муштарак ҷиҳати мусоидат ба амалияи дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳалли дигар масъалаҳои вобаста ба об заминаи боэътимод ва ҷавобгӯи замон фароҳам меоварад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дигар амалҳое, ки Тоҷикистон дар онҳо худро пешсаф мебинад, бо масъалаҳои роҳандозии робитаҳои ҳамшарикиву ҳамкории байналмилалӣ, паст намудани хавфи офатҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим, дастрасӣ ба оби нӯшокии безарар ва беҳдошт, муҳити зист, инфрасохтору сармоягузорӣ, мудирияти захираҳои об ва аҳамияту нақши он дар иқтисоди устувор ба ҳам пайвастагии зич доранд.
Дар чорабинии муҳим аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои муҳимтарини марбут ба об, хусусан сармоягузорӣ ва инфрасохтор дар ин соҳа фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2016    №: 235    Мутолиа карданд: 1910

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед