logo

ҳуқуқ

ТИРПАРРОНӢ ДАР МАРЗ. ҚАЗИЯ ТАҲҚИҚ ШУД

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи тирпарронии 28 ноябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон раддия пахш намуда, иддаои ҷониби сарҳадбонони кишвари ҳамсояро дар мавриди он ки гӯё оташкушоӣ ба ҳаво нахуст аз ҷониби марзбонони тоҷик сурат гирифтааст, беасос хонд.

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, масъули дафтари матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки ин қазия дар маҳаллаи аҳолинишини Мин - Оруқи ҷамоати Самаркандики ноҳияи Бодканд рӯх додааст. Ба иттилои манбаъ, санҷиши ҳодисаи тирпарронӣ муайян намуд, ки рӯзи 28 ноябр, соати 7:20 дақиқа бо вақти маҳаллӣ марзбонони тоҷик зимни адои хидмат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳиди боздошти мошине аз ҷониби марзбонони қирғиз дар ҳудуди мансуб ба Қирғизистон мешаванд. Ба мушоҳида мерасад, ки бо сабабҳои номаълум миёни марзбонҳои қирғиз ва соҳибони мошин нофаҳмӣ ба миён омада, ронанда талош кардааст вориди Қирғизистон шавад. Дар натиҷа марзбонҳои қирғиз ба ҳаво 16 тир парронданд. Дар посух ба ин амал марзбонҳои тоҷик низ се тири огоҳкунанда ба ҳаво холӣ кардаанд.
Дар изҳороти расмии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфта мешавад, ки дар пайи ин ҳодиса касе захмӣ ва ё кушта нашудааст.Вале ба дунболи қазия ҷонибҳои сарҳадбонӣ вориди гуфтугӯ шуда, қарор доданд, ки онро мустақилона таҳқиқ намоянд. Илова ба ин, масъулони неруҳои марзбонии ду кишвар ба мувофиқа расидаанд, ки барои сардорони қисмҳои марзбонӣ оид ба тартиби рафтор дар хати сарҳад то 10-уми декабр машғулиятҳои омӯзишӣ доир намоянд.
Феълан вазъ дар минтақаи сарҳади давлатии ду кишвар муътадил буда, хидмат тибқи реҷаи муқаррарӣ дар рӯҳияи дӯстӣ ва эҳтироми ҳусни ҳамсоядорӣ идома дорад.
Фирӯз ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.12.2016    №: 236    Мутолиа карданд: 2375

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед