logo

ҳуқуқ

ТОЛИБИ "ТОЛИБОН" ҶАЗОРО ДАР КОЛОНИЯИ ИСЛОҲИИ ДОРОИ НИЗОМИ ПУРЗӮР АДО МЕКУНАД

Суди вилояти Хатлон сокини 32 - солаи ноҳияи Панҷ Қурбоналӣ Раҳматовро бинобар иштирок дар фаъолияти ташкилотҳои экстремистию ҷиноятӣ 13 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ӯ ҷазоро дар колонияи ислоҳии дорои низоми пурзӯр адо мекунад.   

Чуноне раисикунандаи мурофиа Зубайдулло Маҳмудзода иброз дошт, номбурда ҳарчанд дар мадрасаҳои суннимазҳабони Ҷумҳурии Исломии Эрон қадре таълими динӣ гирифта буд, аммо ба ин қонеъ нашуда, соли 2007 бо мақсади гирифтани таълимоти ғайрирасмии динӣ озими Ҷумҳурии Исломии Покистон гардид. Дар мадрасаи «Ашраф - ул - мадорис» - и шаҳри Қарочӣ панҷ моҳ сабақ омӯхта, баъдан ба шаҳри  Пешовар рафт ва бо имкониятҳои аъзои фаъоли гурӯҳи «Ҳаққонӣ» - и ташкилоти террористии “Толибон” шиносоӣ пайдо намуд. Он нафарон дар шуур ва иродаи Қурбоналӣ Раҳматов ақидаҳои экстремистӣ - террористии хешро ҷой карда, бовар кунондаанд, ки беҳтарин мақом шаҳид шудан дар ҳамин гуна ҷангҳои ба ном исломӣ аст. Ва минбаъд ӯро бо мақсади содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазинин ба сафи ташкилоти экстремистӣ - террористии «Толибон» ҷалб намуданд. Раҳматов барои устувор намудани ақидаҳои худ дар пойгоҳи низомии «Толибон» дар шаҳри Пешовари Покистон таълимоти ҳарбӣ - низомӣ гирифта, якҷо бо дигар аъзои иттиҳоди ҷиноятӣ пойгоҳи мазкурро ҳимоя кард.
Қурбоналӣ Раҳматов соли 2011 ба Тоҷикистон ва аз ин ҷо ба Русия сафар карда, пас аз бозгашти дубора ба кишвар то лаҳзаи дастгир гардидан тибқи ақоиди равияи ифротгароёнаи «Салафия» намоз хондаю амал карда, таваҷҷуҳи дигаронро барои пешбурди он ҷалб кардааст. Зимнан, ӯ бо мақсади зиёд намудани  ҳамақидаҳои худ дар ҳудуди яке аз масҷидҳои ноҳияи Панҷ дар назди Р.Я.Қосимов ғояҳои ифротии «Салафия» - ро таблиғ намуда, ба ӯ бар хилофи мазҳаби Имоми Аъзам намоз хонданро омӯзондааст.
Таваҷҷуҳи Раҳматов ба зиёдаравии динии характери ҷиноятидошта аз нигоҳ доштани наворҳои видеоии тарғиби гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ», ташкили хилофат, даъват ба ҷиҳод ва мавҷудияти пораҳои таҳқири ҷомеаи демократӣ дар телефони мобилияш барало маълум аст. Вале иллат дар он аст, ки ҳамдеҳагонаш ӯро бо ҳавсалаю ҳавас мулло Қурбон ном бурда, иҷозат медодаанд, ки намозҳои зуҳрро имоматӣ кунад. Оқилон мегӯянд, ки агар ба бузургию каромоти касе бовар намоӣ ҳам, ақида, машварат, хоҳиш ва дархосташро аввал дар тарозуи ақл баркашу онгоҳ амал намо. Лекин Қурбоналӣ Раҳматов ҳоло ҳам дарк накардааст, ки «Толибон» на ба хотири нигоҳдории ваҳдату муқаддасоти мусулмонон, балки ба хотири соҳиб гардидан ба як ҳудуди муайян, амалӣ сохтани хостаҳои ақидавию сиёсии гурӯҳҳои алоҳида созмон ёфтааст. Ва ҳар касе, ки пеши роҳашонро мегирад, новобаста ба он, ки он нафар мусулмон аст ё кадом як мазлум, дар аксар маврид қатлаш мекунанд. Пас, ин гурӯҳи шумқадам чӣ муқаддасоте барои пайравӣ доштааст? «Салафия» низ ба ҷуз тафриқа андохтан миёни мусулмонон ва ба ин васила бароварда сохтани ниёзҳои сиёсии кадом як гурӯҳҳои нафспарвар, дигар ҳадафе надорад.
Вақти он расидааст, ки сокинони мамлакат ба ин ҳама воқеиятҳо дуруст сарфаҳм раванд ва фирефтаи ҷоҳилону найрангбозон нагарданд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.12.2016    №: 236    Мутолиа карданд: 2466

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед