logo

энергетика

НИЁЗ БА БЕҲБУДӢ. ДАР БОРАИ ПАРДОХТИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

Бино ба маълумоти шуъбаи саноат, коммуникатсия ва энергетикаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ қарздории аҳолӣ ва идораву муассисаҳои вилоят аз ҳаққи истифодаи қувваи барқ дар назди ширкати “Помир энержи” ба 1 ноябри соли ҷорӣ қариб 5 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1миллиону 300 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Аз ин миқдор ба идораву муассисаҳои буҷавӣ бештар аз 2 миллион сомонӣ рост меояд. Қарздории ташкилотҳои тиҷоратӣ низ давоми сол 13 дарсад афзоиш ёфтааст. Қисми аъзами қарздориҳои ин бахш ба Корхонаи фаръии обу корези шаҳри Хоруғ тааллуқ дорад. Вале қарздории аҳолӣ дар назди ширкат нисбатан кам (34, 4 ҳазор сомонӣ) шуда бошад ҳам, дар маҷмӯъ аз як миллион мегузарад.

Ин дар ҳолест, ки давоми сол 91 дарсади истифодабарандагони неруи барқи вилоят, аз ҷумла сокинони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа ва Ишкошиму Рӯшон (ба ғайр аз як қисми водии Бартанг), Дарвозу Ванҷ (ба истиснои водии Язгулом) дар давоми як шабонарӯз 24 соат ва 3 фоизи аҳолии вилоят – сокинони ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб 8 - 12 соат бо барқ таъминанд.
Абдулло Амонбеков, менеҷери ширкат доир ба робита бо ҷомеа, иброз дошт, ки дар давоми сол тавассути 10 неругоҳи хурду миёнаи барқи обии вилоят бештар аз 150 миллион кВт, соат қувваи барқи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол гардидааст. Ширкат ҳамчунин, таъминоти муштариёнро бо таҷҳизоти замонавии ченкунии сарфиёти барқ таҳти таваҷҷуҳи махсус қарор дода, дар миқёси вилоят аллакай 31 ҳазору 529 адад ҳисобкунакҳои электронӣ васл намуд. Айни ҳол бо 98 дарсади муштариёни ширкати барқии вилоят аз рӯи нишондоди ҳисобкунакҳои фардӣ ҳаҷми хароҷоти барқ ҳисоб карда шуда, танҳо сокинони як қисми водии Бартанги ноҳияи Рӯшон, водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ ва муштариёни ноҳияи Мурғоб аз рӯи нишондоди ҳисобкунакҳои зеристгоҳҳо маблағи истифодаи қувваи барқро пардохт менамоянд. Ин боис гардид, ки муштариёни ширкат дар истифодаи қувваи барқ бештар сарфакориро ба роҳ монанд.
Бо вуҷуди ин дар пардохти ҳаққи истифодаи барқ дар вилоят мушкилот ҳанӯз боқӣ мемонад. Махсусан дар шаҳри Хоруғ вазъият нигаронкунанда аст. Аз наздики панҷ миллион сомонии қарздории муштариёни вилоят дар назди ширкат қариб 4 миллионаш ба муштариёни шаҳри Хоруғ, аз ҷумла 1,2 миллионаш ба идораҳои буҷавӣ, 1,6 миллион ба ташкилотҳои худмаблағгузору тиҷоратӣ ва қариб 1 миллион сомонӣ ба аҳолии шаҳр рост меояд. Дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ низ вазъият беҳбудӣ металабад. Ин ҳолат мо, кормандони ширкатро водор месозад, ки бештар бо мардум кор барем, ба ҳамагон фаҳмонем, ки пардохти сари вақти ҳаққи истифодаи барқ барои кори боэътимоди неругоҳҳо дар тамоми сол мусоидат мекунад. Зеро маблағҳои аз ин манбаъ андӯхта барои таъмиру азнавсозии таҷҳизоти тавлиди барқи ширкат равона мегарданд. Сари вақт пардохт нагардидани ҳаққи истифодаи барқ ба кори мунтазами шабакаҳои барқӣ халал ворид месозад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.12.2016    №: 236    Мутолиа карданд: 16740
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед