logo

ҳуқуқ

ҚОЧОҚ. ИН ДАФЪА ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛӢ

Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҳангоми гузарондани амалиёти вижаи гумрукӣ воридоти ғайриқонунии телефонҳои мобилиро ба қаламрави кишвар ошкор намуданд.

Ба ин қонуншиканӣ директори генералии ҶДММ «Азия - Сет» шаҳрванд Б. Ҳ. даст дошта, ӯ моҳҳои май - ноябри соли равон аз шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб ба воситаи Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе шахсан ва ба воситаи мусофирони шахсияташон номаълум миқдори зиёди телефонҳои мобилии гаронарзишро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қочоқ ворид намудааст. Ӯ телефонҳоро дар дафтари ҶДММ «Азия - Сет», воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ - 85 - и шаҳри Душанбе, пинҳон карда, як қисми онҳоро ба шаҳрвандон фурӯхтааст.
18 ноябр ҳангоми гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ аз дохили дафтари ҶДММ «Азия - Сет» 753 адад телефони мобилии гуногунтамға, ки бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ба Тоҷикистон ворид карда шудаанд, дарёфт ва мусодира гашт.  Арзиши гумрукии онҳо 1 миллиону 824 ҳазору 841 сомониро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳаракатҳои Б. Ҳ. ба давлат зарари калони моддӣ расонда шудааст. Аз рӯи ин ҳодиса нисбат ба ӯ ва ҳамроҳонаш бо моддаи 289 қисми 1 - и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст.
Инчунин, 8 ноябри соли равон ҳангоми гузарондани амалиёти гумрукӣ дар «Маркази савдои Тоҷикистон», муайян карда шуд, ки аз тарафи ҳашт нафар соҳибкор 276 адад телефони мобилӣ бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид  ва ба фурӯш бароварда шудаанд. Арзиши гумрукии онҳо ба 390 ҳазору 300 сомонӣ баробар буда, дар натиҷаи ин амали ғайриқонунии фурӯшандагон ба давлат зарари калони моддӣ расонда шудааст.
Тибқи иттилои Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи ин ҳодисаҳо бо моддаи 597 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои харидани мол ё воситаи нақлиёте, ки ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни риояи қоидаҳои гумрукӣ ворид карда шудаанд, парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ оғоз ва ба суд ирсол шудааст.
Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.12.2016    №: 236    Мутолиа карданд: 2558

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед