logo

ҳуқуқ

НАФСИ БАД - БАЛОИ ҶОН

Қаллобӣ ва фиребу найранги шахсони алоҳида ва салоҳиятдор дар ҷомеа албатта, боиси нигаронист, аммо надонистани ҳуқуқҳои худ ва зудбоварии мардум низ аз масъалаҳои доғи рӯз аст. Даҳҳо нафарро ба доми фиреб кашидани маҳкумшаванда Ҷамшед Саломов мисоли рӯшани ин гуфтаҳоянд.
Суди ноҳияи Файзобод дар маҷлиси ошкорои судӣ парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Саломов Ҷамшед Абдуразоқович бо моддаҳои 247 қисми 4 банди «б» ва 340 қисми 2 бандҳои «а,б,в» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод. 
Судшаванда Ҷамшед Саломов, ки дар вазифаи мутахассиси бойгонии КДФ «Марказ замин» - и шаҳри Ваҳдат аз 1 августи соли 2012 то 31 декабри соли 2014 кор мекард, даст ба як қатор ҷиноятҳои қаллобӣ задааст. Мавсуф аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси ҳамин корхона Абдулло Ҳасанов, ки қисми маводи парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ ба истеҳсолоти алоҳида ҷудо карда шудааст, моҳи январи соли 2014 ба боварии шаҳрванд Раҷабалӣ Саидов даромада, барои ба номбурда ҷудо карда додани 0,09 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ, аз ҳудуди заминҳои деҳаи Меҳрбахши деҳоти Р. Исмоилови шаҳри Ваҳдат, 8000 доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд. Онҳо кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, моҳи марти соли 2015  барои 0,09 гектар қитъаи замине, ки дар он ягон намуди сохтмон мавҷуд набуд, Шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии молу мулк таҳти № 524/1, аз 22 декабри соли 2008 ва қарори комиссия дар бораи қонунигардонии молу мулкро таҳти № 524/1, аз 19 декабри соли 2008 - ро, бо роҳи сохтакорӣ тайёр намудаанд. Ин шаҳодатномаро ба шаҳрванд Х. Саидов дода, барои ин амалашон 1000 доллар гирифтаанд.
Нафси бад балои ҷон гуфтаанд. Судшаванда Ҷамшед Саломов охирҳои моҳи феврали соли 2014  шаҳрванд Сафармо Каримоваро ба доми фиребаш кашида, барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Ғалаба, хонаи № 50, ҳарчанд чунин ваколатро надошт, аз писари ӯ Хуршед Каримов 1500 доллар  гирифтааст. 6 августи соли 2014 номбурда ба бовари шаҳрванди дигар Зафар Ташрифов даромада, барои ҷудо намудани 0,06 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои деҳаи Қирғизони деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат, 8000 доллар талаб кардааст. Ҳамчунин, 26 августи соли 2014 аз Ҷамшед Зоиров барои ҷудо намудани 0,15 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ, аз ҳудуди заминҳои ҳамон деҳа  26000 доллар гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Ин қаллоб аз 26 августи соли 2014 то аввалҳои моҳи марти соли 2015 шаҳрванд Комилҷон Муҳаммадалиевро фиреб дода, барои ҷудо намуда додани 0,20 гектар қитъаи замин 26300  доллар гирифтааст.
Ҷамшед Саломов 19 феврали соли 2015 бо роҳи қаллобӣ аз шаҳрванд Хайём Файзуллоев воситаи нақлиётии тамғаи Лексус ЕС-350 аломатҳои қайди давлатиаш 2525 АМ 01 РТ - ро ба арзиши 33000  доллар гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати як моҳ бармегардонад, аммо ба қавли додааш вафо накарда, ба самти номаълум ғайб задааст. 29 июни соли 2015 шаҳрванд Маҳмадсаид Камолов низ гирифтори найранги навбатии Ҷамшед гашт. Маҳкумшаванда барои мусоидат намуданаш дар гирифтани хонаи истиқоматӣ аз бинои баландошёнаи сохтмонаш оғозёфта, ба муҳлати ду моҳ 300 ҳазор рубли русӣ гирифта, бар нагардондааст. 
Бо ҳамин роҳу восита Ҷамшед Саломов  шаҳрвандони зудбовар Фарҳодҷон Сафаров, Гадозода Шарофиддин Юсуф, Маҳрамой Мирзоева, Мирзоалӣ Шукуров, Шуҳратҷон Қодиров, Далер Қурбонов, Амонҷон Фаттоев, Абдусалом Гулов, Назокат Холова ва Алишер Одинаевро ба дурӯғи ҷиноятии худ бовар кунонда, аз онҳо аз 3 то 13000 доллари амрикоӣ талаб карда гирифтааст.
Гуноҳи судшаванда Ҷамшед Саломов дар содир кардани ҷинояти қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ, барои ҷинояти сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор ё шахси дигар ё ба соҳибияти каси дигар додани чунин ҳуҷҷат, инчунин истифодаи ҳуҷҷати баръало қалбакӣ тасдиқи пурраи худро ёфт.
Суди ноҳияи Файзобод бо татбиқи моддаи 67 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Саломов Ҷамшед Абдуразоқович ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 9  сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ ба муҳлати панҷ сол таъйин кард.
САФАРЗОДА
Ғозибек Солиҳ, судяи суди ноҳияи Файзобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.12.2016    №: 236    Мутолиа карданд: 2627

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед