logo

иқтисод

ТАФАККУРИ ИҚТИСОДӢ САРМОЯГУЗОРИРО РУШД МЕДИҲАД

30 ноябр дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташкили низоми доимоамалкунандаи муҳокимаю машваратҳои самаранок доир ба масъалаҳои мубрами рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар мавзӯи «Сиёсати сармоягузории Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» Симпозиуми илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гашт.

Бино ба иттилои Сайфулло Сафаров, муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, ҳадафи асосии ҳамоиш мусоидати такмили фаъолияти мақомоти давлатӣ, соҳибкорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини рушди иқтисоди кишвар буда, муҳокима ва мубодилаи афкори созанда дар ин мавзӯъ барои беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ мусоидат менамояд.
Дар меҳвари мубоҳисаву афкори иштирокдорони ҳамоиш мавзӯи сиёсати сармоягузории Тоҷикистон ва натиҷаҳои он дар замони соҳибистиқлолӣ қарор дошт. Дар ин маврид нуктаҳои ҷолибро Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар, ироа дошт: «Имрӯз вақти он расидааст, ки тафаккури иқтисодии мардум, бахусус ҷавононро рушд ва инкишоф диҳем. Аз назари қонунӣ барномаву стратегияҳо қабул гардида, чорабиниҳои соҳавӣ дар мавриди сармоягузории мустақим ва хориҷӣ низ мунтазам роҳандозӣ мешаванд, аммо ҳоло масъалаи муҳимтар аз ҳама қишрҳои гуногуни ҷомеаро аз модели истеъмолӣ ба модели истеҳсолӣ ошно сохтан аст». Ҳамзамон, ӯ таъкид дошт, ки ҳангоми ба кор ҷалб кардани мутахассисони ҷавон ба соҳаи сармоягузорӣ ду вижагии муҳим сарфи назар мегардад: «Аксар маврид мутахассисон ба корҳои бонкиву иқтисодӣ аз рӯи малакаву таҷрибаи кор бо технологияи муосир ва донистани забонҳои хориҷӣ ҷалб карда мешаванд, вале, мутаассифона, ду ҷиҳати муҳим, санҷиши тафаккури муосири иқтисодӣ ва малакаи дипломатии онҳо ба инобат гирифта намешавад».
Сармоягузорӣ, пеш аз ҳама, бо бонк ва ташкилоти гуногуни қарздиҳӣ робитаи қавӣ дорад. Перомуни ин мавзӯи муҳим Сироҷиддин Икромӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ибрози андеша намуда, зикр сохт, ки соҳибкории хурду миёна ба қарзҳои дарозмуддат ва имтиёзнок ниёзи шадид дорад, зеро сарчашмаи рушди соҳибкориро дар кишвар сармоягузорӣ ташкил медиҳад. Муаммои асосӣ дар ин соҳа аз кӯтоҳмуддат будани қарзҳо барои соҳибкорон аст. Ин боз ҳам рабт дорад ба низоми бонкӣ ва муҳлати ками амонатгузории мардум дар бонкҳои давлативу ғайридавлатӣ. Ҳоло дар Тоҷикистон 109 ташкилоти қарздиҳӣ амал мекунад, ки муносибатҳои корӣ ва таъсири онҳо ба фазои сармоягузорӣ хеле калон аст.
- Бо баробари зиёд шудани бовару эътимоди мардум ба низоми бонкӣ ва амонатгузориҳои гуногун, то соли ҷорӣ 91,6 дарсади қарзҳои имтиёзнок аз ҳисоби амонатҳои мардум ва низоми бонкӣ дода шудааст. Раванди фаъолияти мардумро бештар ба истифодаи маблағҳои ғайринақдӣ (кортҳои пластикӣ, терминалҳо) мутобиқ гардондан низ аз масъалаҳои муҳими соҳаи иқтисоду бонкдорӣ мебошад, - тазаккур дод Сироҷиддин Икромӣ.
Иштирокчиёни ҳамоиш таъкид намуданд, ки ҷонибдории пешниҳоду иқдомҳои вобаста ба сармоягузорӣ, дастгирии ҳуқуқии ҷалби сармоя ва дарёфти сарчашмаҳою шаклҳои муосири маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба самаранокии рафти ислоҳоти иқтисодӣ дар доираи сиёсати сармоягузорӣ ва ҳамгироиҳои он бо афзалиятҳои соҳавию минтақавӣ мусоидат мекунад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.12.2016    №: 236    Мутолиа карданд: 1394

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед