logo

фарҳанг

МАН ОРИЁИЯМ

Пайдост, ки сухани самимиву гиро дар амалӣ намудани нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи худнигарӣ ва ба худогоҳӣ расидани мардум, ҷойгоҳи хоса дорад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худ фозили суханшиносу суханофар мебошанд, ба поси сухани сараву пок сухангустарони фарҳехтаро ҳамвора гиромиву арҷ медоранд. Аз сика задан бар рӯи асъори миллӣ бо чеҳраҳои намоёни илму адаб, чун Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, то номгузории марказҳои маъмурии шаҳрҳову навоҳӣ ва деҳоти кишвар ба унвони суханварони гузаштаву ҳамзамонон, овардани пайкари зиндаёд Сотим Улуғзода аз Маскав ва тадфини шоистаи ӯ дар пойтахти кишвар, аз ҳиҷрати Амрико ба Ватан бозгардондани шоири тавоно Бозор Собир ва монанди он садҳо иқдомҳои неки он кас, гӯёи фарҳанговарӣ ва посдошти адабиёти ҳазорсолаамон мебошад. Ба поси сулҳоварӣ, азнавсозии кишвар ва нишон дода тавонистани ҷойгоҳи тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, шоирони Тоҷикистон ва форсигӯёни бурунмарзӣ ба абармарди таърихи навини сарзамини тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ситоишҳои арзанда сурудаанд. Мо дар ин фурсат хостаем, ки дидори хонандагони гаронмояро ба гуфторҳои яке аз чеҳраҳои мондагори ҷаҳони сухангустарии форсизабонон, соҳиби шеъри овозаманди «Ман ориёиям», Масъуди Сипанд, ҷалб намоем.
Яке аз китобҳои устод «Бӯи ҷӯи Мулиён» унвон дошта, донишиён онро сафарномаи ӯ ба Тоҷикистон донистаанд. Дар ин китоб шоир таассуроти  худро аз дидаи як шахси дур аз Меҳан, ки ба кишвари ҳамдилону ҳамзабононаш - Тоҷикистон омада,  гумкардаҳои худро бозмеёбад, ба қалам овардааст. Дар як ҳолномаи ӯ омадааст, ки «Барои Масъуди Сипанд танҳо машҳадӣ, теҳронӣ, табризӣ ва ғайра эронӣ нестанд. Ӯ тоҷикон, афғонҳо ва куллияи форсизабононро мухотаб қарор медиҳад.»
Агар гуфта шавад, ки офаридаҳои Масъуди Сипанд, ба сони эҷодиёти устод Абулқосим Лоҳутӣ, саросар ба мавзӯи Меҳан бахшида шудаанд, иштибоҳ нахоҳем кард. Устод Сипандро маъшуқааш ватан аст, динаш Эрон аст, дарду ғаму хаёл ва ҷисму ҷони дар ғурбат афтодааш Ватан аст.
Ҳангоми пеши чашм овардани офаридаҳои шоири меҳансаро, намоду ташбеҳоти бешумореро дар бозтоби Ватан метавон мушоҳида кард, ки тозаву нобу дастнахӯрдаанд ва дар он сароишҳо ба забонзадаҳои тавсифӣ роҳ дода нашудааст. Устод ошуфтагиҳои Меҳанро бо ибораҳои «сӯги тоҷҳову азои ситораҳо», «бозичаи тозиён шудани фарҳанги сутурги порсиён», ба гунаи «Фарҳанги сутургат  шуда бозичаи тозиён, Он порсии ноби шакар андар шакарат ку?», «Чӣ балое ба сари боғ омад», «Дарёи Порс будиву шудӣ Халиҷи Форс, Инак шудӣ Халиҷи Араб» ва монанди он бозгӯ намудааст. Аз ҷумла, дар шеъри «Чӣ балое ба сари боғ омад», фармудааст:

Чӣ балое ба сари боғ
омад,
Ки на баргаш сарсабз,
На гулаш шодоб аст.
Сари он шоха, ки як
рӯз қанорӣ мехонд,
Зери он бутта, ки қумрӣ
мезист,
Шевани буму кулоғ
аст имрӯз.
Боғ.....
Аз дард,
Чӣ доғ аст имрӯз.

Хӯшаҳои шеъри Масъуди Сипанд  дар хирмани адабиёти форс – тоҷик чашмгир буда, сурудаи овозаманди «Ман ориёиям» чунон тавоност, ки ба дили ҳар як меҳанпарасти тоҷику эронӣ рахна кардааст:

Пайванди ман бо меҳани
ман ногусастанист,
Ман ориёиям!   
Чанде пеш бо эҳтимоми Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» устод Масъуди Сипанд ба шаҳри Кӯлоб ташриф овард.  Ҳангоми ворид шудани шоир ба толори калони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, аз баландгӯяк таронаи «Ман ориёиям» бо овози таронасарои овозаманд, хонум Марям Ҷалолӣ (оҳангсоз Маҷид Хаставон ва виростор Амир Хаставон) садо дод ва ҳозирон ҳама ба по бархоста, ташрифоварии меҳмонро бо кафкӯбиҳои пурмавҷ пешвоз гирифтанд. Дар ин ҳамоиш раиси шаҳри Кӯлоб, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хайрулло Амонулло, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор Абдулло Ҳабибулло, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ва дигар эҷодгарони шинохта иштирок доштанд.
Масъуди Сипанд бо донишиёну фарҳангиён суҳбати ҷолибе дошт, ки муҳтавояш бештар иборат аз сипоси самимӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Мо дар ин ҷо чанд иқтибос аз гуфтаҳои Масъуди Сипандро меоварем, ки ниҳоят самимӣ буда, гӯёву расо ва тарзи баёни ноб доштанд: «Ин абармарди бузург дар ин марзу бум кишвари бостонии Ориёноро дубора зинда кардааст»,  «Бо боварии пурра изҳор медорам, ки чунин Сарварро Худованд ба кишварҳои дигар, масалан ба кишварҳои Ховари Миёна ба подош надодааст», «Ман беш аз даҳ бор ба Тоҷикистон омадаам ва ҳар бор ки меоям, ободиву созандагии ин марзу бумро бештар аз пеш мебинам ва аз ин суръати рушду пешравиҳо дар ҳайрат мемонам», «Мо ҳама, ориёитаборон, дар назди ин шахсияти таърихӣ вомдор мебошем. Он кас ҷашни муқаддаси ориёитаборон - Наврӯзро ҷаҳонӣ кард. Паёмади талошҳои ин абармард буд, дуруд ба ӯ, ки имсол ҳатто Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама дар Қасри сафед дастархони «Ҳафтсин» бигустурд. «Ман Ватан надорам, ватанамро аз даст додаам, Ватани ман Тоҷикистон аст. Ман ошиқи Тоҷикистонам», «Шумо мардуми хушбахтед, ки Раисҷумҳуре чун Эмомалӣ Раҳмон доред. Ӯ Раисҷумҳури ман ҳам ҳаст. Қадрашро бидонед. Амнияте, ки ин нобиға барои шумо фароҳам овардааст, дар ҳеҷ куҷои дунё нест, ҳатто дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дида намешавад. Ман бегоҳӣ ҷуръат намекунам дар кӯчаҳои Сан Франсиско бигардам, аммо дар Душанбе озодона сайр мекунам ва касе ба ман коре надорад», «Шеъри «Ман ориёиям» дар Тоҷикистон навишта шудааст, дар Эрон ё Амрико навишта нашудааст. Ин шеърро ман ба абармарди ҷаҳони эронитаборон, ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшидаам», «Хирад ва ҳунари давлатдории он кас аст, ки шумо дар як кишвари озод зиндагӣ доред ва сиёсаташ дунявӣ аст ва ба таассубу хурофотгароӣ роҳ дода намешавад. Аз ин сипосгузор бояд буд. Шумо бояд фиреби ҳеҷ касро нахӯред».
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯзгоре, ки биниши мардуми моро ба тамаддуни ориёӣ ва шинохти гузаштаи фаротаърихиамон равона сохт, ҷомеаи ҷаҳониро огоҳ намуд, ки  фарҳангу андешаҳои мо бар пояи гузаштаҳои дурамон устувор аст ва Тоҷикистони мо давлати дунявӣ мебошад. Бо дилпурӣ метавон гуфт, ки имрӯз  тамаддуни ориёӣ Душанберо марказ ихтиёр кардааст.
Зафар МИРЗОЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.12.2016    №: 236    Мутолиа карданд: 1922

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед